734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


Иштироки А. Абдуллозода дар Форуми байналмилалӣ оид ба рушди соҳибкорӣ байни ҷавонон

Имрӯз дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» дар ҳошияи «Форуми соҳибкории ҷавонон-2015» Форуми байналмилалӣ оид ба рушди соҳибкорӣ байни ҷавонон доир гардид, ки дар он доираи васеи соҳибкорони ҷавон, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ ва меҳмонон аз хориҷи кишвар ширкат варзиданд. Дар оғози форум дар баробари Қодири Қосим Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, Аҳтам Абдуллозода раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ низ бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, нақши соҳибкориро дар паст кардани сатҳи бекорӣ ва таъмини шароити мусоиди зиндагӣ, баланд бардоштани малакаи касбӣ ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ муҳим арзёбӣ кард. Аҳтам Абдуллозода таъкид дошт, ки таҳлили ҳайати синнусолии соҳибкорони инфиродӣ нишон медиҳад, ки аз 189 ҳазор […]

12.10.2015 Нет комментариев Читать далее>

Сафари ҷавонони фаъол ба Федератсияи Россия

Як гуруҳи 18 нафараи ҷавонон иборат аз намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио ва гуруҳи Авангард (Пешоҳанг) бо мақсади суҳбату мулоқоти озод бо ҷавонони тоҷик, ки дар Федератсия Россия кору таҳсил менамоянд, ба шаҳри Маскав сафар намуданд. Дар доираи ин сафар намояндагон бо ҷавонони муқими тоҷик дар шаҳру вилоятҳои гуногуни Росия аз қабили Твер, Санкт Петербург, Москва ва дигар шаҳрҳои Русия, ки дар онҷо шумораи зиёди тоҷикон бо кору таҳсил машғуланд, мулоқотҳо доир менамоянд. Дар назар аст, дар мулоқот ҷавонони фаъол доир ба дастовардҳои кишвар дар даврони соҳистиқлолӣ, пешгирии ҷавонон аз гарвиш ба гуруҳҳои гуногуни ифротӣ, тарғиби фарҳангӣ миллӣ, […]

09.10.2015 Нет комментариев Читать далее>

Вохӯрӣ бо фаъолҷавонони шаҳри Ваҳдат

2 октябри соли равон дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Ваҳдат мулоқоти муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода бо ҷавононва донишҷӯёни фаъоли шаҳр доир гардид. Дар мулоқот намояндагони бахши занон ва оила, оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, директори мактаби варзишии кӯдакону наврасон ва дигар намояндагони мақомоти иҷроияи шаҳр иштирок намуданд. Ҳабибулло Амирбекзода бо сухани ифтитоҳи баромад карда, дастовардҳои ҷавонону варзишгарон дар даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуд. Номбурда қайд намуд, ки арзишва муҳимияти Истиқлолияти давлатӣ рӯз ба рӯз бештар эҳсос гардида, аз ҳамаи ҷавонон масъулияти зиёдро талаб менамояд. Ҳамзамон таъкид кард шуд, Роҳбарияти олии мамлакат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон пайваста ғамхорӣ зоҳир намуда, имрӯз […]

06.10.2015 Нет комментариев Читать далее>

Мулоқоти А. Абдуллозода бо Сафири Амрико

30 сентябри соли равон Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Сюзан Эллиот мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамкории кишварҳо дар соҳаи ҷавонон табодули афкор намуданд. Аҳтам Абдуллозода нахуст барои фаъолияти пурсамари сафир, ки дар Тоҷикистон баъди се сол ба итмом расид, арзи сипос намуда, таъкид дошт, ки дар ин давра ҳамкории кишварҳо хеле тақвияту густариш ёфтанд. Ҳамзамон Абдуллозода аз таърихи ҳамкории кишварҳо ёдовар гардида, изҳор намуд, ки Амрико дар баробари дигар кишварҳо аввалин шуда, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро эътироф карда, сафорати худро дар кишвар кушод. Гуфта шуд, ки давоми бештар аз 20 сол ҳамкории ҷонибҳо дар […]

05.10.2015 Нет комментариев Читать далее>

“Забон омили асосии рушду камолоти миллат аст”

Таҳти ҳамин унвон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ  маҳфили адабӣ – фарҳангӣ доир гардид. Дар ин чорабинӣ Аҳтам Абдуллозода раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Гавҳар Шарофзода раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, Низом Қосим раиси Итифоқи нависандагон, Наҳтулло Назаров раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, намояндаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ва донишҷӯёну устодони донишгоҳ иштирок намуданд. Аҳтам Абдуллозода бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, нахуст ҳамаи иштирокчиёнро бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ  табрик намуд. Номбурда нақши забонро дар таҳкими давлатдорӣ муҳим арзёбӣ карда, таъкид дошт, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдориро забон ташкил […]

05.10.2015 Нет комментариев Читать далее>

1 230 231 232 233 234 238