734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


Андешидани чораҳо дар самти таъсиси марказҳои ҷавонон

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 семинари ҷумҳуриявии методию амалӣ доир ба таъсис ва рушди фаъолияти марказҳои ҷавонон доир гардид. Дар семинари мазкур муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода, масъулини соҳа, мудирони бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва намояндагони соҳаи идеологӣ аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳи тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ширкат варзиданд. Ташкилкунандагон мақсад аз баргузории семинарии мазкурро баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии кормандони зерсохторҳои Кумита ва дигар шахсони масъул вобаста ба санадҳои лозимӣ дар самти таъсис ва рушд додани фаъолияти марказҳои ҷавонон арзёбӣ намуданд. Ҳамзамон, дар семинар […]

03.12.2015 Нет комментариев Читать далее>

Озмун барои ҷавонони эҷодкор

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтаринро дар мавзӯи «Моҳият, сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм дар байни ҷавонон» эълон менамояд. Дар озмуни ҷумҳуриявӣ ҷавонони касбу кори гуногуни аз 14 то 30 сола иштирок карда метавонанд. Мақолаҳои пешниҳодгардида бояд: – мавзӯи Ватанро чун бузургтарин муқаддасот ифода намоянд; – таъсирбахш буда, баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон равона гардида бошанд; – ақидаҳои тоза вобаста ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуби иҷтимоӣ, аз қабили ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу гурӯҳҳои тундраву даҳшатафкан, гаравидан ба бегонапарастӣ, тақлидкории бемаврид ба либосҳои бегона ва ҳоказо дошта бошанд; – тадбирҳои муҳимро дар роҳи мубориза бар зидди ин гуна амалҳои нанговар тақозо намоянд; – асосҳои пайдоиши ақидаҳои […]

21.10.2015 Нет комментариев Читать далее>

Омӯзишӣ усулҳои соҳибкорӣ ба 80 нафар ҷавонони ниёзманд

Бо дастгирии молиявии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 ташкилоти ҷамъиятии “Насли нави Тоҷикистон” лоиҳаи “Рушди сохибкорӣ ва омӯзиши роҳҳои сохтани корхонаҳои хурд барои ҷавонони бекори шаҳри Душанбе”-ро амалӣ  намуд. Бар асоси ин лоиҳа ба 80 нафар ҷавонони камбизоат ва ниёзманди шаҳри Душанбе усулҳои муосири соҳибкорӣ ва роҳҳои ташкили корхонаҳои хусусӣ омӯзиш  дода шуд. Ин лоиҳа бо ҳадафи рушди соҳибкорӣ миёни ҷавонон, мусоидат ба ҳали мушкилоти бекории ҷавонон ва ҳали мушкилоти иҷтимоии ҷавонон роҳандозӣ  гардид. Барои омӯзонидани ҷавонон устодони Донишкадаи давлатии соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон, намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, […]

21.10.2015 Нет комментариев Читать далее>

Аҳтам Абдуллозода: Ҷавонони пешсаф масъулият ва уҳдадории азим доранд

Дар толори хурди раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқоти Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо устодон ва донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ сурат гирифт. Ректори донишгоҳ Анвар Мақсудов чорабиниро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки тавре Шумо иттилоъ доред, тайи ду рӯз аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва мусоидат ба беҳдошти шароити иҷтимоии аҳолӣ ба вилоят Суғд сафари корӣ доранд. Ифтитоҳи маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхон Туғрал, Қасри фарҳанг дар ноҳияи Айнӣ, ифтитоҳи роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент, ба фаъолият оғоз кардани зеристгоҳи барқӣ, ба истифода […]

21.10.2015 Нет комментариев Читать далее>

Омода намудани бештар аз 60 волонтёр

Дар доираи маблағгузории Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонони Тоҷикистон «Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон» семинар тренингҳоро барои ҷавонон доир намуд. Зимни татбиқи лоиҳаи «Омода намудани ихтиёриёни марказҳои ҷавонон ҳамчун тренер дар самти нигаҳдошти тарзи ҳаёти солимии наврасону ҷавонон» дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор ва Ёвон семинару тренингҳои омӯзишӣ баргузор гардида, бештар аз 60 нафар ҷавонони ташаббускору хайрхоҳ ба ҳайси волонтёр омода карда шуданд. Мақсад аз баргузории семинар баланд бардоштани маҳорату малакаи корбарии ихтиёриён дар байни наврасону ҷавонон мебошад. Интизор меравад волонтёрони тоза омӯзишдида дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва хобгоҳҳои шаҳри Душанбе чорабиниҳои иттилоотиро дар мавзӯҳои тарзи ҳаёти солим баргузор намоянд.

21.10.2015 Нет комментариев Читать далее>

1 228 229 230 231 232 238