734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


Мулоқоти судман бо ҷавонони ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд

20 феврали соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод, тибқи нақша чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд вохӯрӣ бо ҷавонони ноҳия оид ба расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26 декабери соли 2018 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, баргузор гардид! Тибқи иттилои хабарнигори рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Шодмон Нурматов дар чорабинии мазкур намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Ҳакимов Нозимҷон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Зафаробод Авезов Беҳзод иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар доираи мулоқот оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои […]

21.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Конфренсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ доир мегардад

Пагоҳ дар Кохи Афсарони Вазорати мудофияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 26 солагии таъсисёбии Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифз ва нигоҳдошти амну субботи ҷомеа” баргузор мегардад. Иқдоми мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ карда шуда, дар он намояндагони вазорату идораҳои қудратӣ, собиқадорони соҳа ва ҷавонони фаъол ширкат меварзанд.

21.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Фестивали ҷумҳуриявии “Таронаи сарбоз”

Бо  ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев Фестивали ҷумҳуриявии «Таронаи сарбоз» баргузор гардид. Фестивали мазкур  ба 26-умин солгарди Рӯзи таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии  Тоҷикистон бахшида шуда, дар он сарбозону афсарони қисмҳои низомии кишвар бо сурудҳо дар васфи Ватан, модар, ҷавонӣ ва ишқ баромад намуданд. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода сарбозону афсарони қисмҳои низомиро  бо 26-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ  муборакбод намуда, зикр кард, ки Артиши миллии Тоҷикистон  дар замонҳои начандон тӯлонӣ бо заҳматҳои шабонарӯзии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи тавоно ва қувваи бузурге […]

21.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Мулоқоти судманд дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо таълимгирандагони Муассисаи давлатии “Маркази таълимии сарвар” вобаста ба расонидаи муҳтавои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти судманд доир гардид. Дар мулоқот масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, касбомӯзӣ ва омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона матраҳ гардида, ҷавондухтарон вобаста ба шароити фароҳамоварда шуда ибрози назар намуданд. Тавре мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ иттилоъ доданд, вобаста ба дастгириҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан – модар таълимгирандагони муассисан ибрози назар намуда, ваъда доданд, ки бо баҳои хубу аъло […]

21.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

И.Сомонӣ: Ҳифзи Ватан рисолати ҷавонмардист!

Бахшида ба таъсисёбии 26 – солагии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо иштироки гирандагони Стипендияи президентӣ ва ҷавонони синни то даъватӣ ба афсарону сарбозони қисми ҳарбии 02615 “Г”-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 адад борхалта иборат аз маводҳои гигиенӣ расонида шуд. Иқдоми мазкур аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ роҳандозӣ шуда, дар ҷараёни он ҷавонони фаъол бо ташкили саҳначаҳои ҳаҷвӣ хотири афсарону сарбозонро шод намуданд.

20.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 21 22 23 24 25 224