734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


Изҳороти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон

Изҳороти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба мардуми шарафманди тоҷик Ҳамдиёрони  азиз! Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон зодда ва парвардаи даврони соҳибистиклолии кишвар, ба ирода ва матонати миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни тоҷик эътимоди қавӣ дошта, рафтори хиёнаткорона ва ноҷавонмардонаи хоини миллат ва носипоси он Назарзода Абудҳалим (Хоҷӣ Ҳалим)- ро сахт махкум намуда,  ҳамагонро ба бетараф набудан нисбат ба арзишҳои миллӣ, Истиклолият ва ваҳдату амнияти пойдор, тақдири имрӯзу фардои ин хоку обу нон ва осоиштагии хонадону домани поки хоҳарону модарон   даъват менамояд. Воқеан истиқлолият неъмати бебаҳоест, ки тамоми наслҳои миллати бонуфузи тоҷик баъди аз байн рафтани давлати Сомониён ҳазорсолаҳо барои он талошу ҷадал доштанд,  вале  ин ҳадяи зебои тақдири инсонӣ танҳо насиби насли кунунии тоҷикон гардида, боиси шарафу […]

07.09.2015 Нет комментариев Читать далее>

Табрикоти Аҳтам Абдуллозода бахшида ба Рӯзи дониш

ТАБРИКОТИ Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Аҳтам Абдуллозода ба ҷавонони донишҷӯ  бахшида ба Рӯзи дониш Ҷавонони арҷманд! Созандагони Ватан! Пеш аз ҳама, Шуморо ба муносибати Рӯзи дониш, ки мо ҳар сол онро дар фазои сулҳу дӯстӣ ва муҳаббат ба Ватан ҷашн мегирем, самимона табрик менамоям. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки қисмати асосии аҳолии кишварамонро маҳз ҷавонон ташкил дода, таваҷҷуҳ ба ин қишри ҷомеа аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ равона гардида буд. Воқеан, рӯ овардан ба ҷавонон ва такя ба нерӯи онҳо дар аксари кишварҳо ба назар мерасад. Зеро ҷавонон бо қувва ва нерӯи ҷисмонию маънавии худ барои устувории ҷомеа нақши бағоят калон доранд. Мо ва […]

02.09.2015 Нет комментариев Читать далее>

Таҷлили Рӯзи дониш бо иштироки Президент

1 – уми сентябри соли 2015 рӯзи дуюми сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи бинои маъмурии донишгоҳ ва дарси сулҳ, ки ба таҷлили 70 – солагии Донишгоҳ рост омадааст, иштирок кард. Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ дар рӯзи аввали соли нави хониши 2015-2016 бинои боҳашамату замонавии Донишгоҳи давлатии Кӯлобро ифтитоҳ намуда, аз шароити кории он аз наздик шинос шуд. Корҳои сохтмонии бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ моҳҳои апрел – майи соли 2014 шуруъ гардида буд. Корҳои таҳкурсӣ то ба қомат афрохтани биноро сохтмончиёни ширкати “Саддарё”-и Ҷумҳурии […]

01.09.2015 Нет комментариев Читать далее>

Ғолибони Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2015

Тибқи қарори Комиссияи дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2015, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, 12 нафар дар соҳаҳои илмҳои гуногун бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ сарфароз гаштанд. Ҳамин тариқ, Назаров Ҳилолиддин Шарофович, номзади илмҳои тиб, ассистенти кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №1-и Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» ва Ҷамолова Рухшона Ҷалолиддиновна, номзади илмҳои тиб, ассистенти кафедраи бемориҳои дарунии №3-и Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» дар соҳаи илмҳои тиб ва табиатшиносӣ бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардиданд. Дар соҳаи илмҳои бунёдӣ хизматҳои Абдукаримов Маҳмадсалим Файзуллоевич, номзади илмҳои физикаву математика, ассистенти […]

31.08.2015 Нет комментариев Читать далее>

Ба диққати ташкилотҳои кор бо ҷавонон!

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 озмуни грантҳо/фармоиши иҷтимоии давлатиро барои ташкилотҳои кор бо ҷавонон эълон менамояд. Лоиҳаи дархостӣ тибқи талабот барои иштирок дар озмун ва шакли дархостии ШД№13/02  то 1  сентябри соли 2015, соати 14:00 қабул карда мешаванд. Лоиҳаҳое, ки ба талабот барои иштирок дар озмун ҷавобгӯй нестанд, баррасӣ карда намешаванд. Шакли аслии лоиҳаи дархостӣ бояд дар ҷӯзвдони махсус бастабандӣ шуда, ба суроғаи нишондодашуда дастрас гардонида шавад. Суроғаи Кумита: 734026, ш.Душанбе, кӯчаи Спортивная 6 Барои маълумоти иловагӣ: Email: grant@youth.tj, Тел.: (+992 37) 2363726, 2353314, 935753080

28.08.2015 Нет комментариев Читать далее>

1 216 217 218 219 220 222