734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати умеди дурахшон ба ҷавонон

11 феврали соли равон дар Кумитаи, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо иштироки роҳбарияти Кумита ва кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарони ташкилотҳои системаи Кумита, мудирони кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ҷавонони фаъол дар мавзӯи пешниҳод гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки 10 феврал мавриди баррасӣ қарор гирифта буд, ҷаласаи васеъ баргузор гардид. Зимни ҷаласаи васеъ Аҳтам Абдуллозода Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ пешниҳод гардидани тағйиру иловаҳоро ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти васеи кафолати қонуни амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои ҷавононро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври густурда […]

13.02.2016 Нет комментариев Читать далее>

Акс: Баргузории дарсҳои кушод дар қисмҳои низомӣ

Дар доираи нақша чорабиниҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо ташабуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузории дарсҳои кушоди хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар қисми низомии 051054 – Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд. Ин чорабинӣ бахшида ба таҷлили солгарди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.Ҳадаф аз баргузории чунин дарсҳо тарбияи дурусти насли наврас, баланд бардоштани ҳисси миллию худшиносии онҳо ва ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ мебошад.Гуфта мешавад, чунин тадбир барои дар руҳияи хештаншиносии тарбия намудани наврасону ҷавонон мусоидат намояд. Тибқи нақша дарсҳои кушоди хонандагон идома хоҳанд ёфт. Дар рӯзи авали баргузории дарсҳои кушод 210 нафар […]

12.02.2016 Нет комментариев Читать далее>

Вохӯрӣ дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон

Имрӯз Аҳтам Абдуллозода Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот Аҳтам Абдуллозода вобаста ба Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва Сарқонуни кишвар суханронӣ намуда, онҳоро ҳуҷҷати муҳим арзёбӣ кард. Зимни баромад иқтибосҳо аз нуктаҳои Паём вобаста ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон ёдоварӣ карда шуд. Инчунин дар ин мулоқот масъулин оид ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” баромад карда, онро саривақтӣ арзёбӣ карданд. Гуфта шуд, ки ҷавонони саодатманду хушиқболи даврони истиқлол, дар ҷавоб ба ғамхориву таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои доимии давлату […]

11.02.2016 Нет комментариев Читать далее>

Бадахшон: Мусобиқаҳои варзишӣ дар қисмҳои ҳарбӣ

Бо ибтикори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хоруғ дар ҳамкорӣ бо Комисариати ҳарбии вилоят бахшида ба Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ аз намуди дастхобонӣ, шашка, шоҳмот, гурзбардорӣ ва футболи хурд миёни дастаҳои сохторҳои қудратии оғоз гардиданд, ки то 22 феврал идома меёбанд. Имрӯз дар маросими кушодававии мусобиқаҳо Расо Раҷабов сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят суханронӣ карда, қайд намуд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон 23-юмин солгарди таъсисёбии Артиши милли кишварро, ки ба як нерӯи тавоно ва ниҳоди пурқудрат табдил ёфтааст, ҷашн мегирад. Таъкид гардид, ки маҳз бо дастгирӣ ва ғамхории бевоситаи Асосогузори сулҳу Вахдати миллӣ – […]

11.02.2016 Нет комментариев Читать далее>

Суғд: Суҳбат бо ҷавонони Исфара

Дар доираи нақша чорабиниҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайеҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои  дахлдор ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуб байни ҷавонон мулоқоту вохӯриҳо доир карда шудаистодаанд. Дар ин замина аз ҷониби Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд силсилаи чорабиниҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят оғоз гардида, идома доранд. Чунин як вохӯрӣ бо сокинони шаҳри Исфара доир гардид, ки дар он масъулин доир ба масъалаҳои мубрами рӯз маърӯза карда, ҷавононро ба меҳанпаратию хизмати софдилона ба Ватан даъват намуданд.

11.02.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 205 206 207 208 209 224