734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


Дар шаҳри Панҷакент чорабинии идона доир гардид

Бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Панҷакент бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷуҳурии Тоҷикистон санаи 24-уми ноябри соли 2018 роҳпаймоии ҷавонону варзишгарон таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” доир карда шуда, дар ин рўз донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр, ҷавонони шаҳру деҳот ба кӯчаҳои шаҳр баромада то маркази шаҳр роҳпаймоӣ намуданд. Ҳамчунин, дар Кохи ба номи Лоик Шералӣ барномаи фархангӣ бо иштироки ҳунармандони шаҳр бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, раиси шаҳри Панҷакент ҷавонону варзишгарон ва соикнони шаҳрро бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, як қатор ҷавонону варзишгарони фаъолро бо сипосномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сарфароз гардониданд.

27.11.2018 Нет комментариев Читать далее>

Ҷавонон арҷгузорандаи муқаддасоти давлатӣ ва парчамбардорони миллат

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчам конференсияи ҷумҳурияии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Ҷавонон арҷгузорандаи муқаддасоти давлатӣ ва парчамбардорони миллат” баргузор гардид. Дар конференсия намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳои ҳудуди шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Толибов Қобилҷон, муовини ректори Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, зимни суханронии хеш ҳамаи иштирокчиёни конференсияро ба Рӯзи Парчами миллӣ муборакбод намуд. Шоҳзод Раҳимов, сардори раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар мавзӯи “Ҷавонон арҷгузорандаи муқаддасоти давлатӣ ва парчамбардорони миллат” барамад намуда, таъкид намуд, ки бояд ҳамаи […]

25.11.2018 Нет комментариев Читать далее>

РӮЗИ ПАРЧАМ МУБОРАК!

Бо ҳамин унвон имрӯз (24 ноябри соли 2018) дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе аксияи умумишаҳрӣ бо ҷалби гуруҳи волонтёрон ва гирандагони Стипендияи Президентӣ доир гардид. Дар аксия ҷавонон дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт сокинону меҳмонони Душанбешаҳрро ба муносибати Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо парчамҳои миллиро ҳамчун рамзи ифтихор аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва худшиносиву ватандӯстии мардум тақдим карданд Ин тадбир дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе низ аз ҷониби сохторҳои маҳаллии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба роҳ монда шуда, сокинону меҳмонон аз. ин иқдоми ҷавонон хуб истиқбол намуданд.

25.11.2018 Нет комментариев Читать далее>

Курсҳои ройгон ба фаъолият оғоз намуданд

Нимаи дуюми рӯзи 23 ноябр раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам дар маросими кушодашавии курсҳои кутоҳмуддати ройгон иштирок ва суханронӣ намуданд. Курсҳои кутоҳмуддати ройгон бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар назди ташкилотҳои системаи Кумита ба фаъолият оғоз намуданд. Курсҳои кӯтоҳмуддати ройгон аз қабилӣ омӯзиши забонҳои русӣ, англесӣ, омӯзиши технология навин, таъмири телефон, кадбонугӣ, қаннодӣ, ороиши мую рӯй аз ҷониби Кумита аз ҳисоби маблағҳои буҷҷетӣ мунтазам роҳандозӣ  карда мешаванд. Аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2018 15 курсҳои ройгон роҳандозӣ […]

23.11.2018 Нет комментариев Читать далее>

Ҳамоиши гирандагони стипендияҳои Президентӣ дар вилояти Хатлон доир гардид

Имрӯз дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Ҳамоиши гирандагони стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доираи васеи гирандагони стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон доир гардидид. Дар ҳамоиш раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам иштирок намуда, иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳавасман намудани насли ҷавон тамоми шароит ва имкониятҳои замони муосирро фароҳам оварда, танҳо наврасону ҷавононро зарур аст, ки ҳарчи бештар илм омӯзанд, донишҳои замони муосирро аз худ намуда, кадрҳои баландихтисос гардида ба Ватан – Модар содиқона хизмат намоянд. Дар доираи ҳамоиш раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва […]

22.11.2018 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 187