734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


Ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар Бошқирдистон

Имрӯз дар ҳошияи ҳамоиши Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар осоишгоҳи “Красноулсолск”- и ноҳияи Гафурии Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай оғоз гардид, ки то 10 июл идома меёбад. Дар ҷаласа ҳайати ҷавонони Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Қазоқистон, Қиргизистон, Белорус  ва Тоҷикистон ширкат варзида, оид ба корхои анҷом додашуда ахборот доданд. Фарух Иззатуллоев, сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ин ҷаласа вобаста ба дастовардҳои ҷавонон дар соли 2014-2015 ва тадбирҳои андешидашуда маърӯза намуд. Интизор меравад дар кори ҷаласа фаъолияти солонаи Шӯро ва тасдиқи лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо барои соли 2016, ҳамзамон лоиҳаҳои манфиатбахш баррасӣ гарданд.

09.07.2015 Нет комментариев Читать далее>

60 донишҷӯи тоҷик дар мулоқот бо Президент

Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон ва муҳоҷирони кории муқими Урал, Поволже ва Сибири Федератсияи Русия мулоқот намуд. Дар мулоқот бо Сарвари давлат беш аз 150 нафар ҳамватанон, аз ҷумла зиёда аз 60 донишҷӯи тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии минтақаҳои номбурдаи Русия таҳсили илм мекунанд, иштирок намуданд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз пешрафту тараққиёти Тоҷикистон дар солҳои охир ва рушди мунтазами муносиботи накуи ҳамкорӣ бо Федератсия Русия ёдовар шуда, ҳамватанону ҳамзабонони моро ба муаррифии шоиста аз фарҳанги волои тоҷикон, рафтору кирдори писандида, аз худ намудани донишҳои муосир ва касбу ҳунари ба талаботи замон мувофиқ ва беш аз ҳама ба ҳушёрию зиракӣ дар […]

09.07.2015 Нет комментариев Читать далее>

Таассуроти ҷавонон аз сафар ба вилояти Суғд

Чанде қабл бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои «Меҳмонии ҷавонони Тоҷикистон» 22 ҷавони фаъоли Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон давоми 3 рӯз меҳмони сокинони вилояти Суғд гардиданд. Пас аз баргаштан чанде аз онҳо таассуроташонро чунин баён доштанд: Солеҳ Чоршанбиев,  директори Муассисаи давлатии маркази ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Мо, 22 нафар ҷавонони ВМКБ тӯли се рӯз дар вилояти Суғд меҳмон будем. Моро дар вилоят хеле хуб пешвоз гирифтанд ва ҷавонони мо бо урфу одат, зиндагии ҷавонони суғдӣ, тарзи пӯхтани таомҳои миллӣ  шинос шуданд. Мақсад аз ташкили ин гуна чорабиниҳо, пеш аз ҳама ривоҷ додани дӯстиву рафоқат, пешгирӣ намудани ҷавонон  аз ҳар […]

07.07.2015 Нет комментариев Читать далее>

Мулоқоти Аҳтам Абдуллозода бо ҷавонони Бадахшон

Аҳтам Абудуллозода раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш  ва сайёҳӣ бо як гуруҳ  ҷавонон ва донишҷӯёни фаъоли Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот анҷом дод. Зимни мулоқот роҳбари ҷавонони мамлакат аз дастгирию таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат  нисбат ба ҷавонони даврони соҳибистиқлол ёдовар гардида, онҳоро ба меҳанпарастию ифтихори миллӣ даъват намуд. Аз ҷумла Аҳтам Абдуллозода зикр намуд, ки  Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат   баҳри шукуфоӣ, пешрафт, сулҳу субот ва тараққиёти  соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ тамоми имкониятҳоро фароҳам овардаанд, то ҷавонони саодатманд тамоми  неруи худро баҳри созандагию ободонӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ равона созанд. Ҷавонони Бадахшон низ дар навбати худ барои дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат арзи сипос намуда, изҳор доштанд, ки баҳри пешрафту шукуфоии […]

07.07.2015 Нет комментариев Читать далее>

Меҳмонии ҷавонони Бадахшон ба вилояти Суғд

Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамокрӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ 22 нафар ҷавони табақаҳои гуногуни ВМКБ давоми 3 рўз дар хонадони сокинони Суғди бостон меҳмон шуданд. Зимни будубош ҷавонон бо расму оин, урфу одат, анъана, пухтани таомҳои миллӣ  ва зиндагии дӯстони худ шинос шуда, барои  таҳкими дўстиву рафоқат ва арҷгузорӣ ба мероси бойи таърихиву фарҳангӣ ва анъанаҳои неки ниёгон байни ҳам мубодилаи афкор намуданд. Хотиррасон менамоем, ки чанде пеш меҳмонии ҷавонони шаҳри Душанбе ба минтақаи Рашт сурат гирифта буд. Чунин дидорбинӣ ба дигар минтақаҳои кишвар низ ба нақша гирифта шудааст.

06.07.2015 Нет комментариев Читать далее>

1 197 198 199 200