734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


Шанбегии умумишаҳрии ҷавонон дар Қурғонтеппа

Бо мақсади ободу зебо гардонидани гирду атроф ва дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Амалиёти ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!” роҳандозӣ гардида, дар шаҳру навоҳии мамлакат шанбегиҳо бо иштироки васеи ҷавонон баргузор мегарданд. Дар доираи ин чорабиниҳо дар шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон шанбегии умумишаҳрии ҷавонон зери унвони “Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!” бо иштироки бештар аз 5300 нафар ҷавонон, донишҷӯён ва кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ доир карда шуд. Иштирокчиён дар шанбегӣ гирду атрофи маҳалаву гулгаштҳоро тозаю озода намуда, бехи дарахтони гуногунро нарм карданд.

10.02.2016 Нет комментариев Читать далее>

Мулоқот бо донишҷӯён дар партави Паём

9 феврали соли ҷорӣ вохӯрии Аҳтам Абдуллозода Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино доир гардид. Дар мулоқот Аҳтам Абдуллозода вобаста ба Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ суханронӣ намуда, онро ҳуҷҷати муҳим арзёбӣ кард. Зимни баромад аз нуктаҳои Паём вобаста ба ҷавонон ва соҳаи тиб, таҳсили донишҷӯёни риштаи тиббӣ  ёдоварӣ карда шуд. Дар фарҷом қайд карда шуд, ки ҷавонони саодатманду хушиқболи даврони истиқлол, дар ҷавоб ба ғамхориву таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои доимии давлату Ҳукумати кишвар илму донишҳои муосирро аз худ намуда, ақлу заковати зеҳнӣ ва зиракию ҳушёрии худро баланд бардоранд. Ҳамзамон […]

10.02.2016 Нет комментариев Читать далее>

Вохӯрӣ бо ҷавонони ноҳияҳои дурдаст

Намояндагони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд дар деҳаи Пошкенти шаҳри Истаравшан бо ҷавонон мулоқот карда, оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ, хушунат, никоҳи бармаҳал ва хешутаборӣ маърӯза намуданд. Дар мулоқот  гуфта шуд, ки ҳадафи корҳои фаҳмондадиҳӣ ин пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуб, аз қабили вайроншавии оилаҳо, шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротӣ ва никоҳи хешутаборӣ мебошад. Мадина Ҳомидова муовини сардори раёсат зимни  вохӯрӣ гуфт, ин мулоқотҳо дар партави Паёми солонаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ сурат гирифта, масъулин ҷиҳати мушкилоти мавҷуда чораҳои зарурӣ меандешанд.

10.02.2016 Нет комментариев Читать далее>

Мусобиқаи “Ҳомии Ватан”

Мусобиқаи “Хомии Ватан” барои афсарони қисмҳои низомӣ дар “Қасри варзиш”-и шаҳри Хуҷанд оғоз гардид. Тавре Мадина Ҳомидова муовини Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят хабар дод ин мусобиқа бахшида ба рӯзи “Артиши миллӣ” гузаронида мешавад. Дар мусобиқа сарбозон аз  рӯи шартҳои муқараргардида, ресмонкашӣ, ҷаҳидан ба баландӣ, давидан, хондани суруди умумӣ, якҷоя намудани қисмҳои автомат Калашников дар вақти муайян гашта байни ҳам рақобат мекунанд. Ӯ баргузории ин мусобиқаро руҳи баланди идона ба афсарони қисмҳои низомӣ арзёбӣ намуда афзуд, ки барои муттаҳид гардидани сарбозони қисмҳои низомӣ ин мусобиқа мусоидат мекунад. Дар назар аст, ки дар ҷамъбасти мусобиқа барои иштирокдорон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шавад.

10.02.2016 Нет комментариев Читать далее>

Нақши ҷавонон дар рушд ва устувории сиёсати пешгирифати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию худшиносӣ, расидан ба арзишҳои миллӣ, ва расонидани хабар оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» дар байни ҷомеа, алалхусус ҷавонон, дар доираи Лоиҳаи «Нақши ҷавонон дар рушд ва устувории сиёсати пешгирифати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳи 2013 -2015 дастгирӣ ёфтааст, аз 5 то 8 феврали соли 2016 дар ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузории мулоқотҳо ба нақша гирифта шуданд. Барои дар сатҳи баланд доир намудани мулоқотҳо гурӯҳи корӣ аз ҳисоби вакилони аз Кумитаи оид ба […]

07.02.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 190 191 192 193 194 207