734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


Муроҷиатномаи иштирокчиёни Конференсия

Муроҷиатномаи иштирокчиёни Конференсияи илмӣ – назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ ” бахшида ба Рӯзи Ваҳдати милли дар ВМКБ, ки он 24 апрели соли баргузор гардида буд,  дар он чунин омадааст. Мард уми шарифи Тоҷикистон имсол 19 умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Дар марҳилаи соҳибистиқлолии худ  Тоҷикистон тавонист дар миёни кишварҳои дунё новобаста аз душвориҳои зиёде, ки дар ин солҳо мавҷуд буданд худро воқеан соҳибихтиёр нишон диҳад. Дар баробари ин аз ҷониби Пешвои миллати мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусҳое пешниҳод шуданд, ки ба ҳаёти ҳар як сокини сайёра дахл дошта, боиси муаррифӣ […]

27.04.2016 Нет комментариев Читать далее>

Қувваю нерӯи ақлонии худро барои шукуфоии ин сарзамин ва хидмат ба Ватан – Модар равона бояд намуд

Имрӯз 26 апрел, дар толори Кохи маърифатии шаҳри Ваҳдат мулоқоти навбатии масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва дигар сохторҳои ҳамкор бо љавонон доир гардид. Мақсад аз баргузории чунин мулоқотҳо дар байни љавонон, ин пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терроситию экстремистӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии онҳо, тарбия намудани онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ба ин васила ихтиёран даъват намудани љавонон ба хизмат ба Модар – Ватан мебошад. Боиси қайд аст, ки дар вохӯрӣ донишҷӯёни Коллеҷҳои омору тиббӣ, ихтиёриёни филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат, омӯзгорон ва масъулини ҷамоатҳо иштирок намуданд. Дар рафти вохӯрӣ муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Амирбекзода Ҳабибулло нақши љавононро […]

26.04.2016 Нет комментариев Читать далее>

Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар вилояти Хатлон

Санаи 23.04.2016 дар толори  Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав бо ташаббуси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон ва Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар вилояти Хатлон, Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар бартараф намудани ақидаҳои ифротгароӣ» бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Маърӯзачиён дар мавзуҳои «Ватан – арзишмандтарин муқаддасот», «Амалҳои ифротиро пешгири ва маҳкум менамоем», «Симои аслии ифротгароён», «Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои миллат», «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия амали саривақтӣ», «Муҳофизи музаффариятҳои Истиқлол мебошем», ва  «Ҷавонон дар 25 соли даврони Соҳибистиқлолӣ» марӯза намуданд.

25.04.2016 Нет комментариев Читать далее>

Фестивали тибби оилавӣ

22 апрели соли ҷорӣ, бо ташаббуси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳиия Сангвор, дар якҷоягӣ бо Маркази саломатии ноҳия Фестивали тиббии оилавӣ дар маркази ноҳия доир гардид. Дар доираи Фестивал байни иштирокчиён чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ аз қабили шашкабозӣ, бандкашӣ, гурзбардорӣ ва дастхобонӣ байни ҷавонписарон ва ҷавондухтарон ташкил карда шуд. Дар фарҷом ғолибони мусобиқаҳо бо туҳфаҳои таъсиснамудаи аъзои тадорукот сарфароз карда шуданд. Бояд қайд намуд, ки дар Фестивали мазкур зиёда аз 300 нафар ҷавонон аз панҷ ҷамоатҳои деҳоти ноҳия иштирок намуданд.

25.04.2016 Нет комментариев Читать далее>

Мулоқоти навбатии Роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Санаи 22 апрели соли 2016 мулоқоти навбатии Роҳбарияти  Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо сокинони махаллаи Бӯстони ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид. Зимни баромади хеш масъулин бо ҳозирин вобаста ба талаботу меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», ҳамчунин конунгузории Федератсияи Россия вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, никоҳи хешу таборӣ, ҷалби ҷавонони бекор ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ва таблиғи эҳсоси ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватану миллат, ҷалби чавонони синни даъвати ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сӯҳбат анҷом доданд. Ҳамчунин баромадкунандгон мӯҳтавои тағиру иловаҳо ба Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистонро шаҳру эзоҳ […]

23.04.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 179 180 181 182 183 214