734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


Таҷлили Рӯзи дониш бо иштироки Президент

1 – уми сентябри соли 2015 рӯзи дуюми сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи бинои маъмурии донишгоҳ ва дарси сулҳ, ки ба таҷлили 70 – солагии Донишгоҳ рост омадааст, иштирок кард. Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ дар рӯзи аввали соли нави хониши 2015-2016 бинои боҳашамату замонавии Донишгоҳи давлатии Кӯлобро ифтитоҳ намуда, аз шароити кории он аз наздик шинос шуд. Корҳои сохтмонии бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ моҳҳои апрел – майи соли 2014 шуруъ гардида буд. Корҳои таҳкурсӣ то ба қомат афрохтани биноро сохтмончиёни ширкати “Саддарё”-и Ҷумҳурии […]

01.09.2015 Нет комментариев Читать далее>

Ғолибони Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2015

Тибқи қарори Комиссияи дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2015, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, 12 нафар дар соҳаҳои илмҳои гуногун бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ сарфароз гаштанд. Ҳамин тариқ, Назаров Ҳилолиддин Шарофович, номзади илмҳои тиб, ассистенти кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №1-и Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» ва Ҷамолова Рухшона Ҷалолиддиновна, номзади илмҳои тиб, ассистенти кафедраи бемориҳои дарунии №3-и Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» дар соҳаи илмҳои тиб ва табиатшиносӣ бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардиданд. Дар соҳаи илмҳои бунёдӣ хизматҳои Абдукаримов Маҳмадсалим Файзуллоевич, номзади илмҳои физикаву математика, ассистенти […]

31.08.2015 Нет комментариев Читать далее>

Ба диққати ташкилотҳои кор бо ҷавонон!

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 озмуни грантҳо/фармоиши иҷтимоии давлатиро барои ташкилотҳои кор бо ҷавонон эълон менамояд. Лоиҳаи дархостӣ тибқи талабот барои иштирок дар озмун ва шакли дархостии ШД№13/02  то 1  сентябри соли 2015, соати 14:00 қабул карда мешаванд. Лоиҳаҳое, ки ба талабот барои иштирок дар озмун ҷавобгӯй нестанд, баррасӣ карда намешаванд. Шакли аслии лоиҳаи дархостӣ бояд дар ҷӯзвдони махсус бастабандӣ шуда, ба суроғаи нишондодашуда дастрас гардонида шавад. Суроғаи Кумита: 734026, ш.Душанбе, кӯчаи Спортивная 6 Барои маълумоти иловагӣ: Email: grant@youth.tj, Тел.: (+992 37) 2363726, 2353314, 935753080

28.08.2015 Нет комментариев Читать далее>

Мизи мудаввар: “Таҳдидҳо ба ҳаёти имрӯзу ояндаи ҷавонон”

Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар шаҳри Кӯлоб мизи мудаввар дар мавзӯи “Таҳдидҳо ба ҳаёти имрӯзу ояндаи ҷавонон” доир гардид, ки дар кори он раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Махфират Хидирзода ва донишҷӯёну ҷавонони гуруҳи шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб ширкат варзиданд. Мақсад аз баргузории мизи мудаввар баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва маърифатнокии ҷавонон дар бунёди оилаи солим ва пешгирии падидаҳои номатлуб дар байни онҳо мебошад. Дар мизи мудаввар раиси Кумита Аҳтам Абдуллозода таъкид намуд, ки таҳдидҳо метавонанд ба ҳаёти ҷавонон таъсири амиқ дошта бошанд. Яке […]

26.08.2015 Нет комментариев Читать далее>

Мулоқоти раисони се кумита бо занони Кӯлоб

Дар доираи як сафар ба шаҳри Кӯлоб Аҳтам Абдуллозода – раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Махфират Хидирзода – раиси Кумитаи кор бо занон ва оила ва Сулаймон Давлатзода – раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо бо доираи васеи занони фаъоли шаҳр сӯҳбату вохӯрӣ анҷом додаанд. Мақсад аз баргузории вохӯриро масъулин сӯҳбати озоду ошкоро бо фаъолзанони шаҳр арзёбӣ намуда, доир ба мавзӯъҳои гуногун изҳори андеша кардаанд. Раиси Кумитаи ҷавонон Аҳтам Абдуллозода зимни баромад нақши занону модаронро дар пешрафти ҷомеа муҳим арзёбӣ карда, таъкид доштааст, ки таълиму тарбияи фарзанди солим ва дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ба воя расонидани насли наврас ва ҷавонон аз занони фаъол вобастагии […]

26.08.2015 Нет комментариев Читать далее>

1 177 178 179 180 181 183