734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


Фестивали ҷумҳуриявии сурудҳои ватандӯстонаи «Суруди сарбоз»

Имрӯз, 7 май, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  маҷмааи Амфитеатри «Боғи Ирам»- и шаҳри Душанбе дар доираи нақшаи чорабиниҳои «20 рӯзи ҷавонӣ»  бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат ва муҳофизони дастовардҳои 25- соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Фестивали ҷумҳуриявии сурудҳои ватандӯстонаи «Суруди сарбоз» баргузор гардид. Дар он роҳбарияти Кумита, намояндагони сохторҳои қудратӣ, афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Нахуст Мавсума Муинӣ – муовини якуми Раиси Кумита ҳозиринро бо ҷашнҳои дар пеш истода, аз ҷумла 71-умин солгарди  Рӯзи Ғалаба дар ҶБВ ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуд. […]

07.05.2016 Нет комментариев Читать далее>

Онлайн Конференсия

Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ – раъйпурсии умумихалқӣ, оид моҳияти баргузории раъйпурсӣ ва шарҳи зарурат ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон онлайн Конференсияи бо иштироки Роҳбарияти Кумита, 50 нафар ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта ва донишҷўён аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ иштирок намуда, ҷонибдории хешро ҷиҳати баргузории ин маъракаи сиёсӣ-раъйпурсии умумихалкӣ изҳор намуданд. Дар рафти Конференсия муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Амирбекзода Ҳабибулло баромад намуда иброз намуд, ки имрӯз дар даврони соҳибистиқлолият ҷавонони бонангу номуси Ватан бо дониш ва ҷаҳонбинии васеъ нақши арзандаи худро дар […]

06.05.2016 Нет комментариев Читать далее>

Мусобиқаи ҳарбӣ – варзишии тирпаронӣ миёни афсарон ва сарбозон

Дирӯз, 5 май, бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи марказии Ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумита бо сохторҳои қудратии мамлакат дар самти тарбияи ватанпарастии насли ҷавон бо максади бедор намудани ҳисси ифтихори миллӣ,  худшиносию худогоҳӣ ва пос нигоҳ доштани муқаддасоти Ватан, ҳимояи марзу буми кишвар бахшида ба 71 – солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 23 – май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонони пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои 25 – соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мусобиқаи ҳарбӣ – варзишии тирпаронӣ миёни афсарон ва сарбозон баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа роҳбарияти […]

06.05.2016 Нет комментариев Читать далее>

Роҳпаймоии Ҷавонони Бобоҷон Ғафуров

4 майи соли равон, бо ташаббуси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  роҳпаймоии умуминоҳиявӣ таҳти унвони «Ҷавонон – ҷонибдори рушди босуботи кишвар» баргузор гардид. Дар ройпаймоии мазкур зиёда аз 7 ҳазор ҷавонони касбу кори гуногун бо шиору овезаҳо, ки инъикосгари ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба сулҳу суботи кишвар, ҷонибдории онҳо аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии ҳамаҷонибаи иштирокчиён аз лоиҳаи тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини гардидааст, маъша гирифта мавқеи худашонро ба ин васила муайян намуданд. Боиси қайд аст, ки роҳпаймоии ҷавонон аз назди беморхонаи марказии ноҳия оғоз гардида, то назди муҷассамаи Бобоҷон Ғафуров идома ёфт.

06.05.2016 Нет комментариев Читать далее>

Рушди босуботи ВМКБ дар давраи истиқлолият

Рушди босуботи ВМКБ дар давраи истиқлолият Дар давоми 25 соли давлатдории навини тоҷикон кишвари азизамон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба дастовардҳои назаррас ноил шуда, раванди созандагӣ ва ободкорӣ идома дорад. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як гӯшаи зебоманзари Тоҷикистони азиз дар партави истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ низ рушд ёфта истодааст ва ҳар як гӯшаи ин макони афсонавӣ ободу зебо ва зиндагии сокинони он хубтару беҳтар мешавад. Рушди босуботи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавии сокинони вилоят дар маркази диққати Ҳукумати ҷумҳурӣ, шахсан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Соли гузашта бо ҳадафи ошноӣ аз вазъи зиндагии мардум ва санҷиши иҷрои супоришҳои зимни сафарҳои қаблӣ дода шуда, ҳамчунин барои мусоидат […]

06.05.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 175 176 177 178 179 214