734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


60 донишҷӯи тоҷик дар мулоқот бо Президент

Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон ва муҳоҷирони кории муқими Урал, Поволже ва Сибири Федератсияи Русия мулоқот намуд. Дар мулоқот бо Сарвари давлат беш аз 150 нафар ҳамватанон, аз ҷумла зиёда аз 60 донишҷӯи тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии минтақаҳои номбурдаи Русия таҳсили илм мекунанд, иштирок намуданд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз пешрафту тараққиёти Тоҷикистон дар солҳои охир ва рушди мунтазами муносиботи накуи ҳамкорӣ бо Федератсия Русия ёдовар шуда, ҳамватанону ҳамзабонони моро ба муаррифии шоиста аз фарҳанги волои тоҷикон, рафтору кирдори писандида, аз худ намудани донишҳои муосир ва касбу ҳунари ба талаботи замон мувофиқ ва беш аз ҳама ба ҳушёрию зиракӣ дар […]

09.07.2015 Нет комментариев Читать далее>

Таассуроти ҷавонон аз сафар ба вилояти Суғд

Чанде қабл бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои «Меҳмонии ҷавонони Тоҷикистон» 22 ҷавони фаъоли Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон давоми 3 рӯз меҳмони сокинони вилояти Суғд гардиданд. Пас аз баргаштан чанде аз онҳо таассуроташонро чунин баён доштанд: Солеҳ Чоршанбиев,  директори Муассисаи давлатии маркази ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Мо, 22 нафар ҷавонони ВМКБ тӯли се рӯз дар вилояти Суғд меҳмон будем. Моро дар вилоят хеле хуб пешвоз гирифтанд ва ҷавонони мо бо урфу одат, зиндагии ҷавонони суғдӣ, тарзи пӯхтани таомҳои миллӣ  шинос шуданд. Мақсад аз ташкили ин гуна чорабиниҳо, пеш аз ҳама ривоҷ додани дӯстиву рафоқат, пешгирӣ намудани ҷавонон  аз ҳар […]

07.07.2015 Нет комментариев Читать далее>

Мулоқоти Аҳтам Абдуллозода бо ҷавонони Бадахшон

Аҳтам Абудуллозода раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш  ва сайёҳӣ бо як гуруҳ  ҷавонон ва донишҷӯёни фаъоли Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот анҷом дод. Зимни мулоқот роҳбари ҷавонони мамлакат аз дастгирию таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат  нисбат ба ҷавонони даврони соҳибистиқлол ёдовар гардида, онҳоро ба меҳанпарастию ифтихори миллӣ даъват намуд. Аз ҷумла Аҳтам Абдуллозода зикр намуд, ки  Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат   баҳри шукуфоӣ, пешрафт, сулҳу субот ва тараққиёти  соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ тамоми имкониятҳоро фароҳам овардаанд, то ҷавонони саодатманд тамоми  неруи худро баҳри созандагию ободонӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ равона созанд. Ҷавонони Бадахшон низ дар навбати худ барои дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат арзи сипос намуда, изҳор доштанд, ки баҳри пешрафту шукуфоии […]

07.07.2015 Нет комментариев Читать далее>

Меҳмонии ҷавонони Бадахшон ба вилояти Суғд

Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамокрӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ 22 нафар ҷавони табақаҳои гуногуни ВМКБ давоми 3 рўз дар хонадони сокинони Суғди бостон меҳмон шуданд. Зимни будубош ҷавонон бо расму оин, урфу одат, анъана, пухтани таомҳои миллӣ  ва зиндагии дӯстони худ шинос шуда, барои  таҳкими дўстиву рафоқат ва арҷгузорӣ ба мероси бойи таърихиву фарҳангӣ ва анъанаҳои неки ниёгон байни ҳам мубодилаи афкор намуданд. Хотиррасон менамоем, ки чанде пеш меҳмонии ҷавонони шаҳри Душанбе ба минтақаи Рашт сурат гирифта буд. Чунин дидорбинӣ ба дигар минтақаҳои кишвар низ ба нақша гирифта шудааст.

06.07.2015 Нет комментариев Читать далее>

Сафари ҷавонони пойтахт ба минтақаи Рашт

Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ як гуруҳ ҷавонони фаъоли пойтахт баҳри дидорбинӣ, пайдо намудани риштаи дӯстӣ, шиносои аз ҳаёт ва фаъолияти ҷавонони раштонзамин ба минтақаи Рашт сафар намуданд. Дар даромадгоҳи ноҳияи Рашт ҷавононро масъулин ва намояндагони ҷавонони минтақа бо шукуҳу шаҳомати хосса ва нону намак истиқбол гирифтанд. Дар доираи ин сафар ҷавонони фаъоли пойтахт бо анъанаҳои миллӣ, ҳунарҳои дастӣ, мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии минтақа аз наздик шинос гардиданд. Масъулин мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳоро боз ҳам мустаҳкам намудани дӯстӣ миёни ҷавонони тамоми минтақаҳои кишвар арзёбӣ карданд. Сафари ҷавонон ба дигар минтақаҳио кишвар дар аст.

06.07.2015 Нет комментариев Читать далее>

1 168 169 170 171