734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


25 нафар мутахассисони соҳаи кор бо ҷавонон омӯзиш гирифтанд

25 нафар мутахассисони соҳаи кор бо ҷавонон омӯзиш гирифтанд Санаи 11-12 феврали соли 2016 дар КВД «Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе» семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Истифодаи самараноки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ” барои мутахассисони соҳаи корбо ҷавонон баргузор карда шуд. Дар рафти баргузори семинар ба иштирокчиён роҳу воситаҳои самаранок истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ дар фаъолияти рӯзмараашон ва ба ин васила иттилоъ додан аз чорабиниҳои ҳамарӯзаашон омӯзонида шуд. Ба мутахассисони соҳаҳои кор бо ҷавонон дар ҷараёни семинар нақши муассир доштани интернетро дар ҷомеаи имрӯза аз нуқтаи назари илми асоснок намуда, онро ҳамчун воситаи паҳн намудани хабару воқеаҳо, донишандӯзӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинӣ ва дигар самтҳои ҳаётан муҳим арзёби намуданд. Ҳамчунин дар раванди семинар ба […]

13.02.2016 Нет комментариев Читать далее>

Мулоқоти навбатии Аҳтам Абдуллозода бо донишҷӯён

Дар мулоқот Аҳтам Абдуллозода вобаста ба Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ суханронӣ намуда, онро ҳамчун  ҳуҷҷати муҳим арзёбӣ карда, ҳар як банд ва муҳтавои онро ба донишҷӯён маънидод намуд. Зимни баромад оид ба вазъи сиёсӣ, иқтисодии ҷомеаи ҷаҳонӣ ёдовар шуда, таъсири бевоситаи онро ба ҳама самтҳои хоҷагии қишлоқ, аз ҷумла пастгардии қурби асъори миллӣ, ки ҳамаи ин дар маҷмӯъ таъсири манфӣ ба  самтҳои рӯзмара расонида истодааст, шарҳ дода шуд. Инчунин вобаста ба ҷаҳонишавӣ ва таъсири мушкилоти ба вуҷуъомадаи давлтаҳои Ховари Миёна ба ҳаёти ҷавонон ва волидони онҳо, ки бо истифода аз паст будани сатҳи маърифатнокӣ баъзе аз ҷавонон тавассути […]

13.02.2016 Нет комментариев Читать далее>

Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати умеди дурахшон ба ҷавонон

11 феврали соли равон дар Кумитаи, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо иштироки роҳбарияти Кумита ва кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарони ташкилотҳои системаи Кумита, мудирони кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ҷавонони фаъол дар мавзӯи пешниҳод гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки 10 феврал мавриди баррасӣ қарор гирифта буд, ҷаласаи васеъ баргузор гардид. Зимни ҷаласаи васеъ Аҳтам Абдуллозода Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ пешниҳод гардидани тағйиру иловаҳоро ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти васеи кафолати қонуни амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои ҷавононро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври густурда […]

13.02.2016 Нет комментариев Читать далее>

Акс: Баргузории дарсҳои кушод дар қисмҳои низомӣ

Дар доираи нақша чорабиниҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо ташабуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузории дарсҳои кушоди хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар қисми низомии 051054 – Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд. Ин чорабинӣ бахшида ба таҷлили солгарди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.Ҳадаф аз баргузории чунин дарсҳо тарбияи дурусти насли наврас, баланд бардоштани ҳисси миллию худшиносии онҳо ва ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ мебошад.Гуфта мешавад, чунин тадбир барои дар руҳияи хештаншиносии тарбия намудани наврасону ҷавонон мусоидат намояд. Тибқи нақша дарсҳои кушоди хонандагон идома хоҳанд ёфт. Дар рӯзи авали баргузории дарсҳои кушод 210 нафар […]

12.02.2016 Нет комментариев Читать далее>

Вохӯрӣ дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон

Имрӯз Аҳтам Абдуллозода Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот Аҳтам Абдуллозода вобаста ба Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва Сарқонуни кишвар суханронӣ намуда, онҳоро ҳуҷҷати муҳим арзёбӣ кард. Зимни баромад иқтибосҳо аз нуктаҳои Паём вобаста ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон ёдоварӣ карда шуд. Инчунин дар ин мулоқот масъулин оид ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” баромад карда, онро саривақтӣ арзёбӣ карданд. Гуфта шуд, ки ҷавонони саодатманду хушиқболи даврони истиқлол, дар ҷавоб ба ғамхориву таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои доимии давлату […]

11.02.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 163 164 165 166 167 182