734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


Иқдоми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон

Бо мақсади таъмин намудани иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ аз ҷониби Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон  як чанд номгу маводҳои иттилоотӣ таҳия гардидааст, ки ин маводҳои иттилоотиро тавассути аксияҳо ва мулоқоту вохириҳо дар байни ҷомеа ҷомеа бахусус ҷавонон паҳн намуда истодаанд. Умед аст, ки ба ин васила маърифати сиёсии ҷавонон баланд бардошта хоҳад шуд.

29.04.2016 Нет комментариев Читать далее>

Ҳидояти наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ

28 апрели соли равон, вохӯрии масъулини сохторҳои соҳаи кор бо ҷавонон, дар ҳамбастагӣ бо намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқук бо устодону касбомӯзони Литсейи касбӣ – техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқуӣ масъалаҳои таълиму тарбия, пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои моҷароҷуву ифротӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва баланд бардоштани зиракии сиёсӣ доир гардид. Ҳамзамон дар мулоқот масъулин атрофи тарбияи насли наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, самаранок истифода намудани моликияти ҷамъиятӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва расидан ба қадри ваҳдату ягонагӣ ва шинохти воқеии дастоварҳои соҳибистиқлолии кишвар, маърифати баланди шаҳрнишинӣ ва муҳимияти тағйиру иловаҳо ба Конститусияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуданд.

28.04.2016 Нет комментариев Читать далее>

Ифтитоҳи барномаи фарҳангӣ – эҷодии ҷавонон “ шоми ориёно”

Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як иқдоми нави дигар, таҳти унвони Барномаи фарҳангӣ – эҷодии ҷавонон “Шоми Ориёно” бо мақсади муаррифӣ намудани соҳибистеъдодони ҷавон, ки маҳорат ва қобилияти навозандагӣ, сарояндагӣ, ровигӣ, санъаткорӣ, ҳаҷвнигорӣ ва раққосӣ доранд, шоми 28 – уми апрели соли равон дар заминаи Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон “Ориёно” оғоз гардид.  Дар чорабинӣ, дастпарварони “Маҳфили ҳунармандони ҷавон” – и Маркази кӯдакон ва наврасони ноҳияи И. Сомонӣ бо пешниҳоди барномаҳои рангин ҳунарнамоӣ намуда, хотири иштирокдоронро болида гардониданд. Барномаи фарҳангӣ – эҷодии ҷавонон “Шоми Ориёно” минбаъд бо пешниҳоди барномаҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ роҳандозӣ мегардад, ки он давоми сол идома меёбад. Умед аст, ки ин […]

28.04.2016 Нет комментариев Читать далее>

Мулоқоти масъулин бо донишҷӯёну устодони Коллеҷи кӯҳии ба номи С.Юсупова

Бо мақсади пешгирӣ аз ҳуқуқвайронкунӣ миёни наврасону ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, тарбияи ҳуқуқии онҳо 27 апрели соли равон дар доираи нақшаҳои муштараки, ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои маҳаллии он дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор тасдиқу мувофиқа гардидааст, мулоқоти масъулини сохторҳои марбута бо донишҷӯёну устодони Коллеҷи кӯҳии ба номи С.Юсуповаи шаҳри Душанбе доир гардид. Дар мулоқот муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбекзода Ҳабибулло атрофии маъалаҳои муҳими ҳаёти наврасону ҷавонон- дастгириву шароитҳои фароҳамовардаи давлату ҳукумат ва таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон, […]

28.04.2016 Нет комментариев Читать далее>

Вохурии навбатии масъулин дар шаҳри Ҳисор

Имрӯз масъулини Кумита дар якҷоягӣ бо намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ ва амнияти миллӣ дар асоси Нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумита бо сохторҳои қудратии мамлакат, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсии ҷавонон, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, инчунин корҳои тарғиботию тишвиқотӣ оид ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, фаҳмонидани моҳияти тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, дар шаҳри Ҳисор бо намояндагони ҷавонон, занон, сарбозон, пешвоёни дин ва фаъолони ноҳия вохурии судманд баргузор намуданд. Дар чорабинии мазкур зиёда аз 280 нафар иштирок намуда, бо маълумоти зарурӣ фаро гирифта шуданд.

28.04.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 158 159 160 161 162 194