734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


Вохӯрӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Дирӯз, 05.04.2016, сол дар хобгоҳи №6-и Донишгоҳи милли Тоҷикистон вохӯрии намоядагони Кумита ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо донишҷӯён баргузор карда шуд. Масъулин мақсад аз баргузории мулоқотро пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ миёни ҷавонон, аз қабили ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, таҷовуз ба номус, зуроварӣ, худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ, танфурӯшӣ ва хариду фурӯши инсон, ҳамзамон тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи созандагию бунёдкорӣ ва тарғиби идеологияи солим арзёбӣ карданд. Мулоқоти мазкур дар доираи нақша-чорабиниҳои муштараки Кумита бо Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии нашъамандӣ барои соли 2016 ва Нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумита бо Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, […]

06.04.2016 Нет комментариев Читать далее>

Силсилаи мулоқотҳо бо ҷавонони Хатлонзамин

Дар  асоси Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ватанпарастии ҷавонон миёни сохторхои қудратӣ ва низомии мамлакат дар масъалаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар тамоми гушаву канори ҷумҳурӣ чорабиниҳои гуногуни иттилоотиву маърифатӣ, фарҳангиву фароғатӣ ва оммавию варзишӣ баргузор гардида истодааст. Аз ҷумла, рӯзи 5 апрел бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогохӣ, ватандӯстию ватанпарастии насли наврасу ҷавон, пешгири намудани онҳо аз ҳама гуна омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, расонидани нуктаҳои Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Консититутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба даъвати баҳории ҷавонон ба сафи […]

06.04.2016 Нет комментариев Читать далее>

Сафарбарии ҷавонон ба Қувваҳои мусаллаҳ

04 апрели соли 2016 дар толори Маркази ҷавонони ноҳияи Темурмалик ҷамъомади тантанавӣ зери унвони «Рӯзи даъватшуда» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси ноҳия Мирзохон Гулмаҳмадзода, собиқадорони ҷангу меҳнат ва волидайни даъватшудагон иштирок ва суханронӣ намуданд. Тавре мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Темурмалик Аслиддин Гадоев қайд кард, дар рӯзи даъватшудагон 32- нафар ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ сафарбар гардиданд. Дар охир барои болидахотирии ҳозирин аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия барномаи театрикунонидашуда пешкаш гардонида шуд.

05.04.2016 Нет комментариев Читать далее>

Таҳлил: 10 000 сайт ба мағзшӯӣ машғуланд

Омилҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ Ба гурӯҳҳои экстремистӣ майл кардани ҷавонон ҳоло боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳон гаштааст, аз ҷумла кишвари мо низ аз ин тамоюли манфӣ нигарон аст. Ҳарчанд Ҳукумати ҷумҳурӣ тадбир меандешад, вале пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳанӯз барало мушоҳида мешавад. Таҳлилгарон ҳам пайи дарёфти омилу сабабҳои ифротишавии ҷавонон пажуҳишҳо мегузаронанд. Зимнан, муовини сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ Маҳбуба Камолова мегӯяд, омилҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистию ифротӣ зиёданд. “Таҳлилҳои анҷомдодаи мо нишон доданд, ки сатҳи пасти иҷтимоӣ-иқтисодӣ яке аз авомили аслии ин зуҳурот аст, – иброз дошт М. Камолова. – Сатҳи пасти иқтисодӣ ҷавононро водор мекунад ба ваъдаҳои пулии […]

05.04.2016 Нет комментариев Читать далее>

Вохӯрии масъулин бо аҳли ҷамоатчигӣ

31 марти соли равон Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳои муштарак бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои корҳои дохилӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ , кумитаҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, телевизион ва радио ва кор бо занон ва оила дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯриро бо аҳли ҷамоатчигӣ баргузор намуд Дар вохӯрии мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок карда, вобаста ба вазъи иҷтимоии имрӯзаи ҷаҳон ва эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз ҳамагуна суйистифодаи нерӯҳои манфиатдор ва дигар хатарҳои фаромиллӣ, аз қабили терроризм, ҷинояткории муташаккилона ва экстремизми динӣ ва […]

01.04.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 149 150 151 152 153 179