734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


Нуробод: Мулоқоти намояндагони доир ба пешгирии амалҳои номатлуб

7 декабри соли ҷорӣ, бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вохӯрии намояндагони Кумита бо ҷавонону наврасони ноҳияи Нуробод доир ба пешгирии амалҳои номатлуб аз қабили тамокукашӣ, майнушӣ, ВНМО/БПНМ, ҷинояткорӣ ва нашъамадӣ байни наврасону ҷавонон баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод, донишҷӯни коллеҷу омӯзишгоҳҳо, хонандагони муассисаҳои таълимӣ, гирандагони стипендияи президентӣ ва ҷавонони фаъоли ноҳияи иштирок намуданд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи  Нуробод меҳмононро хайрамақдам намуда, баргузории вохӯрии мазкурро  мувофиқи мақсад шуморид. Ӯ афзуд, ки имрӯзҳо байни наврасону  ҷавонон баргузор гардидани чунин мулоқоту вохӯриҳо саривақти буда, он метавонад ҷиҳати пешгирии амалҳои номатлуб аз ҷумла нашаъмадиву нашаъҷалобӣ, ҷиноҳткорӣ, тарғиби тарзи ҳаёти […]

08.12.2016 Нет комментариев Читать далее>

Оғози Аксияи тарбиявӣ таҳти унвони “Ало, салом модар, ман туро дӯст медорам!”

6 декабр, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади эҳтиром ва бузург доштани модар, инчунин боз ҳам зиёдтар кардани меҳри наврасону ҷавонон ба модар Аксияи тарбиявӣ таҳти унвони  “Ало, салом модар, ман туро дӯст медорам!”– ро баргузор намуд. Мақсади асосии баргузории Аксияи мазкур ин доим дар замири ҷавонон, муқаддас ниҳон доштани мақому манзалати волидайн ва ҳамеша масъул будан дар нигоҳубини онҳо мебошад. Дар аксияи мазкур сокинони касбу кори гуногун новобаста аз синну сол иштирок карда метавонанд. Масъулин ва волонтёрони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо телефони мобилӣ ва шиорҳои таблиғотӣ дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе гаштугузор намуда, ба сокинон ва меҳмонони пойтахт пешниҳод менамоянд, ки ба модарашон […]

07.12.2016 Нет комментариев Читать далее>

Ҳамоиши волонтёрони Тоҷикистон таҳти унвони “Волонтёрӣ шараф аст!”

4 декабри соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Ҳамоиши волонтёрони Тоҷикистон таҳти унвоӣ “Волонтёрӣ шараф аст!” баргузор гардид. Дар кори он роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, намояндагони Клуби волонтёрони Тоҷикистон, Маҳфили стипедиатҳои ҷавон, волонтёрони фаъол аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ва ВАО иштирок намуданд. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш  ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи иштирокчиёни Ҳамоиши мазкурро бо Рӯзи байналмилалии волонтёрон табрик намуда, иброз дошт, ки Шумо – ҳамчун волонтёрони ташаббускору навовар метавонед бо кору пайкори намунавӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои миллию суннатӣ, ҳурмати калонсолон, бахусус падару модар, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ, дӯстию, рафоқат, ору номуси […]

05.12.2016 Нет комментариев Читать далее>

Душанбе: Аввалин Форуми афсарон оид ба корҳои сиёсӣ – тарбиявӣ ва ҷавонони пойтахт

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбияи ватандўстии ҷавонон, 3 декабри соли ҷорӣ дар Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон «Ориёно» аввалин Форуми афсарон оид ба корҳои сиёсӣ – тарбиявӣ ва ҷавонони пойтахт баргузор гардид, ки дар он 300 нафар иштирок намуданд. Дар расми кушодашавии он муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон ва муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода суханронӣ намуда, баргузории форуми мазкурро дар шароити ҷомеаи муосир ба мақсад мувофиқ шумориданд. Инчунин, чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ бо иштироки сарояндагони шинохтаи кишвар анҷомбахши форуми мазкур ба ҳисоб меравад. […]

05.12.2016 Нет комментариев Читать далее>

Паёми табрикии Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода ба муносибати Рӯзи байналмилалии волонтёрон

Волонёрони арҷманд, Соли 1985 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намудааст, ки дар давлатҳои аъзои ин ниҳод ҳамасола 5 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии волонтёрон таҷлил карда шавад. Чун Тоҷикистон узви Созмони Милали Муттаҳид мебошад, пайваста дар самти мазкур аз ҷониби давлату ҳукумат тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мегарданд. Бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ барои ҷавонони втандӯсту худшинос марҳилаи нави бунёдкорӣ дар самти эъмори ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ба миён омад. Соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ” қабул гардида, боқарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2014, №174 Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти волонтёрӣ муайян гардид. Таҷлили Рӯзи байналмилалии […]

04.12.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 148 149 150 151 152 214