734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


Воситаи ягонаи донишҷӯ шудан дониш аст

Воситаи ягонаи донишҷӯ шудан дониш аст Тайи чанд соли охир дохилшавии ҷавонон ба муассисаҳои олии кишвар тариқи Маркази миллии тестӣ (ММТ) сурат мегирад. Имрӯзҳо марказ баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани имтиҳоноти қабул омодагӣ мебинад. Ҷавонон ояндаи давлату миллат ба ҳисоб мераванд, бинобар ин аз тарафи Ҳукумати кишвар ва сохторҳои дахлдор ҷиҳати саводнок гардидани онҳо тадбирҳои мушаххас андешида мешавад, ки тариқи ММТ қабул гардидани ҷавонон ба донишгоҳҳои олии кишвар яке аз онҳост. Абдувосид Юлдошев, ёвари директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, тибқи таҳлилҳо довталабони имсола нисбат ба солҳои пешин боз ҳам фаъолтар гардидаанд. Ҳамаи ин далолат бар он мекунад, ки довталаби имрӯза дарк кардааст, ки кафили ягона барои […]

10.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Кӯдакон ояндаи моянд

Дирӯз, 1 июни соли 2016, дар Боғи Ирами пойтахт бахшида  ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак таҳти унвони«Кӯдакон ояндаи моянд» бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Маркази ҷумҳуриявии фарҳанг ҷавонон «Ориёно» чорабнии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор карда шуд. Сараввал Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода кӯдаконро бо Рӯзи ҳифзи кӯдак табрик намуда иброз дошт, ки танҳо дар ҳолати таваҷҷуҳи зарурӣ додан ва дуруст тарбия намудану ба роҳи рост ҳидоят намудани кӯдакону наврасон мо метавонем, наслҳои солиму худогоҳро тарбия карда, давлатдории мустақилонаи худро мустаҳкам созем ва дилпурона ба сӯи оянда пеш равем. Дар чорабинии мазкур ба 120 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои шаҳри Душанбе тӯҳфаҳои хотиравӣ ва маводҳои хӯрока тақдим карда шуд. […]

02.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба намуди бокс

30 майи соли ҷорӣ, дар асоси нақша –чорабиниҳои бахшии ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба намуди бокс байни варзишгарони синну соли таваллудашон 2000-2001, 2002-2003, 2004-2005 дар толори варзишии «Ҷашнӣ» оғоз гардид. Дар мусобиқаи мазкур 250 нафар варзишагорон аз вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳо Душанбе, Хуҷанд, Исфара, Конибодом, Гулистон, Истқлол, Бӯстон, Спитамену ва Ашт иштирок менаоянд. Дар маросими кушодашавии мусобиқа иҷрокунандаи вазифаи Раиси шахри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ширкат намуда, иштирокчиёни мусобиқаро бо Рӯзи байналмиллалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон табрик намуда ба ҳамаи онҳо барору комёбиҳо таманно намуд. Тибқи Низомномаи тасдиқгардида сину сол ва вазни варзишгарон чунин муқаррар гардидааст: Дар […]

31.05.2016 Нет комментариев Читать далее>

РБДА беҳтарин нозири наврасро муайян мекунад

31-уми майи соли равон дар Комплекси сайёҳии «Варзоб» ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон маросими тантанавии кушодашавииозмуни шашуми “Нозирони навраси ҳаракат” баргузор гардид. Дар он Саидзода Маҳмадсаид, сардори Раёсати БДА ВКД, Мавсума Муинӣ, муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Давлатзода Тахмина, муовини директори генералии  КВД “Тоҷиксуғурта” иштирок доштанд. Пеш аз оғози озмуназ тарафи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Варзоб паради тантанавӣ намоиш дода шуд. Инчунин, дар доираи барномаи фарҳангӣ кӯдакону наврасоншеъру сурудхонӣ намуда, ба иштирокчиён руҳияи хушҳолӣ бахшиданд. Саидзода Маҳмадсаид, сардори Раёсати БДА ВКД, баргузории озмунро падидаи неку судманд арзёбӣ намуд.“Иқдоми пешгирифтаи Вазорати корҳои дохилӣ метавонад наврасонро ба омӯзиши бештари қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҳидоят намуда, дар […]

31.05.2016 Нет комментариев Читать далее>

Иқдоми наҷиби Стипендиантҳои Б. Ғафуров

Рӯзи, 27 майи соли равон, кормандон ва ҷавонони фаъоли ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия аз ҳолу аҳволи кӯдакони маъюбу барҷомонда ва оилаҳои камбизоати ҷамоати деҳоти Исфисор хабар гирифтанд. Ин иқдом бо дастгирии хонандагони болаёқати ноҳия, ки гирандагони стипендияи Президентӣ, стипендияи Раиси вилоят ва Раиси ноҳия мебошанд, рӯи кор омад. Дар ин рӯз кӯдакони барҷомонда ва оилаҳои камбизоти ҷамоати деҳоти Исфисор аёдат карда шуда, онҳо аз дастгирии давлату ҳукумат ва бахши ҷавонони ноҳия изҳори миннатдорӣ намуданд. Ин аёдат барои ҷавононе, ки дар он ширкат доштанд, дарси ибрат хоҳад буд. Зеро онҳо бо чашми худ диданд, ки имрӯз нафароне ҳастанд, ки ба дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ниёз […]

30.05.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 142 143 144 145 146 187