73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


Шарҳи нуктаҳои Паём дар мулоқот бо ҷавонон

Шуруъ аз 16 феврали соли равон Рохбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади расонидани мафҳум ва муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва шарҳу тавзеҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҷавонони касбу кори гуногуни шаҳру нохияхои Сангвор (Тавилдара), Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Роғун ва шаҳри Вахдат силсила суҳбату мулокотҳоро ба роҳ мондаанд. Дар ҷараёни мулоқот роҳбарият вобаста ба нуктаҳои Паём ва тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни кишвар маърӯза намуданд. Зимни вохӯриҳо дар нохияи Рашт ва Тоҷикобод бештар  аз 50 нафар ҷавонон бо хоҳиши худ омодагиашонро барои сафарбар гардидан дар даъвати бахорӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури […]

19.02.2016 Нет комментариев Читать далее>

Паём қисми ҷудонашавандаи зиндагии мост!

Дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи мамлакат ва пешгирии  ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳои террористиву экстремистӣ, имрӯз дар  Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ.Раҳмонови шаҳри Турсунзода вохурии масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, намояндаҳои прократура ва суди шаҳри Турсунзода бо ҷавонони фаъоли шаҳр ва сокинони он доир гардид. Ҳабибулло Амирбекзода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣизҳор дошт, ки Паёми Пешвои миллат Эмомали Рахмон дар заминаи ғояҳои баланду пурмазмун асос ёфта, қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб меравад ва ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъват менамояд. “Дар Паёми имсола таҳлили корҳои то имрӯз анҷомёфта […]

19.02.2016 Нет комментариев Читать далее>

Ҳашари нишолнишонӣ дар Варзишгоҳи марказӣ

Имрӯз бо ибиткори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Амалиёти ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони “Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!” дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ кормандони дастгоҳи марказии Кумита, намояндагони ташкилотҳои системаи варзиш, ҷавонон, донишҷӯён ва варзишгарон иштирок намуда, бештар аз 500 бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонида шуд. Зимни шинонидани ниҳолҳо масъулин таъкид доштанд, ки мақсад аз баргузории чорабинӣ боз ҳам ободу зебо гардонидани кишвар, кабудизор намудани гирду атроф ва ҷалби ҷавонон ва варзишгарон ба зебопарастӣ мебошад. Иштирокчиён ҳашар аз ҳавои мусоид истифода намуда, дарахтони сояафкану ороиширо дар як гушаи Варзишгоҳи марказӣ бо тартиби муайян шинониданд, ки он […]

19.02.2016 Нет комментариев Читать далее>

Хизмати Ватан-ифтихори ман!

Бо мақсади татбиқи масъалаҳои муҳими нишондодҳои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2016, дар ин замина таҷассуми хизмати ҳарбӣ ҳамчун қарзи шаҳрвандӣ, шиносоии насли наврас бо ҳайти сарбозон, тарғиби Артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагиву таҳкими ҳисси хештаншиносӣ, тарбияи ҳарбӣ ватандӯстии ҷавонон, ҷалби ихтиёрии ҷавонон ба хизмати Модар -Ватан ва таҷлили сазовори  25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе Амалиёти моҳонаи ҳарбӣ- ватандӯстии ҷавонон таҳти  унвони “Хизмати Ватан-ифтихори ман!» эълон гардидааст. Дар доираи Амалиёти мазкур шуруъ аз моҳи феврали соли равон дар сатҳи шаҳр ва ноҳияҳои он […]

17.02.2016 Нет комментариев Читать далее>

Расонидани нуктаҳои Паём ба ҷавонон

Бо ибтикори Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе вохӯрии роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷи муҳандисии омӯзгории шаҳри Душанбе доир гардид. Ҳадаф аз ташкили вохӯрӣ тарғиби нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ арзёбӣ карда мешавад. Дар ин мулоқот вобаста ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсия кишвар ва нақши ҷавонон дар раъйпурсии умумихалқӣ маърӯза карда шуд. Зимни вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода вобаста ба сиёсати маорифпарваронаи давлат, таваҷҷуҳи ҳамешагии раҳбарияти ҳукумат ба ҷавонон ва тарбияи ҷавонон дар шароити кунунӣ ҳарф зада, таъкид кард, ки омӯзиши амиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои […]

16.02.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 130 131 132 133 134 152