734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


Ҷавонони Ваҳдат таътилро босамар мегузаронанд

Бо мақсади босамар гузаронидани таътили зимистонаи хонандагон Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Ваҳдат як қатор чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст. Аз ҷумла, имрӯз, 6 январ, дар толори Кохи “Маърифат”-и шаҳр тренинги омӯзишӣ оид ба усулхои интерактивӣ баргузор гардид. Дар тренинг 40 ҷавонон иштирок намуда, аз рӯи усули интерактивӣ дарсҳои шавқовар гузарониданд. Аввал лексияи хурд аз тарафи омӯзгор манзур гардид, сипас ҳуҷуми фикрӣ, корҳои гурӯҳӣ, намоиши саҳнаҳо ва мубоҳисаҳо сурат гирифт. Иштирокчиён тасмим гирифтанд, ки аз ҳафтаи оянда чунин семинар-машваратҳоро дар байни дигар наврасону ҷавонони маҳаллаҳо муассисаҳои касбомӯзии шаҳр баргузор намоянд. Лоихаи “Рушди потенсиали волонтёрон бо истифода аз усусли интерактивӣ” дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои […]

06.01.2017 Нет комментариев Читать далее>

Соли 2017 бо муттаҳидии ҷавонон оғоз гардид

Баъди Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд лагери ҷуҳуриявии “Мактаби рушди валантёрони ҷавон”-ро ташкил намуданд. Дар лагер, ки дар урдугоҳи “Шоҳин”-и шаҳри Гулистон аз 29 декабр то 3 январ доир шуд, зиёда аз 100 ҷавон ҷамъ омаданд. Ин аввалин саёҳати ҷавонон дар соли 2017 ба ҳисоб меравад. Сафар субҳи 29 декабр баъди мулоқоти Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо ҷавонони иштирокчӣ оғоз гардид. Аксари ҷавононро валантёрон ташкил медоданд. Ҷавонон аз фурсат истифода бурда, дар ноҳияҳои Айнӣ, Шаҳристон, Истарвшан ва Гулистон аксияҳои […]

06.01.2017 Нет комментариев Читать далее>

Афсона кӯдакро тарбия мекунад

Инсон пас аз таваллуд аз модар, падар, бибӣ, бобо ва дигар хешовандон ҳар чизеро, чи нек асту чӣ бад, мешунавад ва меомӯзад. Яъне барои рушди кӯдак пеш аз ҳама нақши хонавода муҳим аст. Аз ин рӯ, ҳар хонавода фолклори хос дорад. Дар маҳфили навбатии инфиродии профессор Равшан Раҳмонӣ «Фарҳанги мардум», ки дар факултети филологияи ДМТ амал мекунад, ҳамин масъала мавриди омӯзиш қарор гирифт. Равшан Раҳмонӣ дар бораи фолклори хонавода, ки то имрӯз дар кишвари мо ба таври ҷудогона омӯхта нашудааст, сухан гуфта, аҳамияти гирдоварӣ ва дар оянда таҳқиқ кардани онро барои аъзои маҳфил фаҳмонд. Маълум шуд, ки барои камол ёфтани фарзандони ҳар хонавода матнҳои аллаи модар, таронаҳои навозишӣ, бозиҳои кӯдакона, […]

06.01.2017 Нет комментариев Читать далее>

Вохӯрии Раиси Кумита Аҳтам Абдуллозода бо Ҳаҷиме Китаока

Дирӯз, 5 январ соли 2017 дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Раиси Кумита Аҳтам Абдуллозода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон ҷаноби Ҳаҷиме Китаока мулоқот анҷом дод. Нахуст Аҳтам Абдуллозода ҷаноби Ҳаҷиме Китаокаро барои ташрифашон ба Кумита харамақдам намуда, аз хамкории дустонаи дипломатии ду кишвар ёдовар шуданд. Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Ҷопон яке аз аввалин кишварест, ки  истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пазируфтааст. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вобаста ба ҳамкориҳо дар самти тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва кор бо ҷавонон мубодилаи афкор намуданд. Аҳтам Абдуллозода  қайд намуд, ки иқтидори васеи Кумита барои ҳамкориҳои манфиатбахшу эҳсосшаванда дар заминаи 132 мактабҳои варзишӣ мавҷуд мебошад, ки дар онҳо шумораи зиёди наврасону ҷавонон ҳамарӯза ройгон тамрин […]

06.01.2017 Нет комментариев Читать далее>

Ғолибони озмуни КҶВС дар соли 2016 эълон шуд

30-юми декабри соли 2016 Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ озмуни кумитаро дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ ва барномасозӣ дар соли 2016-ро ҷамъбаст карда, ғолибонро эълон намуд. Ба озмун 38 нафар корҳои худро пешниҳод намуданд, ки баъд аз натиҷагирии аъзои ҳакамон 27 нафари он беҳтарин дониста шуданд. Аз ҷумла, сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” Бахтовар Каримов соҳиби ин ҷоиза гардид. Ғолибони озмуни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар соҳаи  РӮЗНОМАНИГОРӢ: 1. Ҷасур Раҳмонов, донишҷӯи курси панҷуми факултети технология ва соҳибкории ДДОТ ба номи С. Айнӣ, ҳамзамон хабарнигори ҷамъиятӣ дар самти кор бо ҷавонон ва риштаи варзиш; 2. Сулаймон Сангаҳмадов, хабарнигори идораи барномаҳои таҳлилии Радиои Тоҷикистон; 3. Шариф Атобуллоев, […]

03.01.2017 Нет комментариев Читать далее>

1 129 130 131 132 133 200