734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


Фестивали “Таронаи сарбоз” дар Дарвоз

Бахшида ба 20 – солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ ва “Соли ҷавонон” дар ноҳияи Дарвоз фестивали фарҳангӣ таҳти унвони “Таронаи сарбоз” баргузор гардид. Чорабинӣ бо ташаббуси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия ташкил шуда, дар он сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ, ҷавонону наврасон ва дигар сокинони ноҳия ширкат варзиданд. Тавре Расулҷон Шокиров, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Дарвоз хабар дод, дар фестивал асосан сарбозони дидбонгоҳҳои мустақари ноҳия ва ҷавонон баромад намуда, беҳтарин намоишномаву таронаҳоро дар васфи Ватан – модар, меҳанпарастӣ, ваҳдату якдилӣ ва истиқлолияти давлатӣ манзури ҳозирин гардониданд. – Мувофиқи нақша – чорабиниҳои Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия чунин фестивалу ҳамоишҳои фарҳангӣ байни дигар ҷавонону наврасон, сарбозону афсарони қисмҳои […]

02.05.2017 Нет комментариев Читать далее>

Мусобиқаи ҳарбӣ – варзишӣ дар Шуғнон

Бахшида ба “Соли ҷавонон” ва Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар водии Поршиневи ноҳияи Шуғнон байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳия мусобиқаи ҳарбӣ – варзишӣ баргузор гардид. Дар ин бора Аҳмадулло Мамадбунаев, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия хабар дода гуфт, ки чорабинӣ бо ибтикори Бахш ва “Бошгоҳи варзиши-техники” – и ВМКБ ташкил шуда, дар он хонандаҳои синфҳои 10 ва 11 – и мактабҳои ноҳия ширкат намуда, аз намуди омодагии машқҳои ҳарбӣ- сафороӣ, тақсим ва ҷо ба ҷо намудани қисмҳои яроқи оташфишон, пӯшидани ниқоби зидди газ, ҷаҳидан ба дарозӣ ва давидан ба масофаи 100 метр, миёни ҳам қувваозмоӣ карданд. Мувофиқи тавзеҳоти А. Мамадбунаев ҳадаф аз доир кардани мусобиқа […]

02.05.2017 Нет комментариев Читать далее>

Шоми ҷавонӣ дар Балҷувон

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон ва Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия бо мақсади мустаҳкам намудани риштаи дӯстии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии онҳо чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ” баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳия Мавлуда Оймаҳмадова, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайеҳӣ Аҳрор Сангов, роҳбарони ташкилоту идораҳо ва ҷавонони ноҳия иштирок намуданд . Дар ифтитоҳи чорабинӣ намоиши дастовардҳои ҷавонони ноҳия ба тамошо гузошта шуд, ки аз ҷониби меҳмонон баҳои баланд гирифт. Мавлуда Оймаҳмадова, дар баромадаш қайд намуд: “Ҷавонони хатлонзамин аз амалҳои наҷиби Пешвои миллат дар роҳи инсондӯстӣ, хештаншиносӣ, ватанпарастии миллӣ доштанро дар зиндагӣ роҳнамои хеш намуда, баҳри ҳифзи арзишҳои миллии кишвар ҷаҳду талош […]

02.05.2017 Нет комментариев Читать далее>

Пешгирии ҷавонон аз падидаҳои номатлуб

Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайеҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба “Соли ҷавонон” ва ба ифтихори 20 – солагии Ваҳдати миллӣ ҳама рӯза ҷорабиниҳо байни ҷавонон гузаронида мешавад. Чанде пеш бо роҳбарии муовини Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайеҳии вилояти Хатлон Азиз Азимов, дар ҷамоати деҳоти 20-солагии “Истиқлол”-и ноҳияи Қубодиён оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва даст задан ба ҷинояткории ноболиғон бо сокинон ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид. Дар он муовини Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайеҳи дар вилояти Хатлон, намояндаи МИҲД-и ноҳия, шуъбаю идораҳо, роҳбарони як қатор ташкилот, фаъолон ва эмомхатибони масҷидҳо иштирок намуданд. Дар вохӯрӣ масъулин роҷеъ ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу […]

02.05.2017 Нет комментариев Читать далее>

“Нигоҳи нав ба муди ҷавонон” доир гардид

29 апрели соли 2017 дар Муассисиаи давлатии “Душанбе – плаза” бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Мацомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  Фестивали ҷумҳуриявӣ миёни тарроҳони ҷавон таҳти унвони “Нигоҳи нав ба муди ҷавонон” бахшида ба “Соли ҷавонон” баргузор гардид. Дар фестивали мазкур роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, заонону духтарони касбу кори гуногун ва 18 нафар тарроҳони ҷавон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Фестивали мазкур бо мақсади талқини ҳисси зебоипарастӣ, тариғибу ташвиқи либоси миллӣ, ва дар ин замна тарбияи насли ҷавон дар руҳияи нигоҳдошти анъанаву суннатҳои миллӣ доир карда мешавад. Дар рафти фестивал тарроҳон Зулола Абутурова (ВМКБ), Дилшода Калонова (Истаравшан), Нодира Бобомуродова (Хуҷанд), […]

02.05.2017 Нет комментариев Читать далее>

1 128 129 130 131 132 222