734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


Паём-2017: пайки ояндаи дурахшон

22 декабри соли 2016 Паёми Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид. Дар Паёми имсолаи худ Сарвари давлат аз натиҷа ва дастовардоҳи соли 2016 ёдвар шуда, баҳри боз ҳам вусъат бахшидани корҳои созанда дар соли 2017 вазифаҳои мушаххасро муайян намуданд. Президенти кишвар ба ҳаёти ҷавонони кишвар диққати махсус дода, аз қувваи бузург будани онҳо дубора ёдвар шуд: “Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд”, – гуфт Сарвари давлат. Пешвои миллат саҳми назарраси ҷавононро ба инобат гирифта, баҳри боз ҳам пешрафти фаъолияти ҷавонон таъкид дошт, ки соли 2017 Соли […]

23.12.2016 Нет комментариев Читать далее>

Табрикоти вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба ҷавонони кишвар бахшида ба Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017

Ҷавонони бонангу номус ва содиқи миллат! Имрӯз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 Соли ҷавонон эълон карда шуд. Ин иқдоми нек ва бомаврид аз таваҷҷуҳи хоса ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон, ки онҳо нерӯи созанда ва давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол мебошанд, шаҳодат медиҳад. Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Тавре Президенти кишвар дар Паёми худ зикр карданд, «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро […]

22.12.2016 Нет комментариев Читать далее>

Паёми ҷавонпарвари Пешвои миллат ва Соли ҷавонон муборак бошад!

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ саршор аз меҳру муҳаббат нисбати насли наврасу ҷавон буда, Пешвои муаззами миллатамон дар тамоми самтҳои фаъолияти Ҳукумат баҳри некуаҳволии ҷавонон, баркамолию соҳибмаърифат будани онҳо ва фароҳам овардани зиндагии шоиста баҳри ин қишри ояндасоз дастуру супоришҳои дахлдор доданд. Паёми Пешвои миллат, ҳамчун як шоҳкитоби меҳр, садоқат, боварӣ ва умеди басо бузург барои наврасону ҷавонон ироа гардид. Бо дарки баланди масьулият иброз менамоям, ки ба сифати як ҷавон ва масъули сиёсати давлатии ҷавонон аз лаҳзаи аввал то охири ироаи Паём, манзери таъсири суханони басо пурарзиш, эҳтироми хосаи Пешвои миллат нисбати тақдири ҷавонон ва нақшаю иқдомҳои наҷиб барои ҳаёти ояндаи миллати тоҷик қарор доштам. Солҳо […]

22.12.2016 Нет комментариев Читать далее>

Пешвои миллат: Соли 2017-Соли ҷавонон

«Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад».  Ин нукта аз ҷониби  Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  зикр гардид. Тавре Президенти кишвар изҳор доштанд: «Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд». Сарвари кишвар изҳор доштанд, ки  имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин, дар сафҳои […]

22.12.2016 Нет комментариев Читать далее>

Истиқболи ҷавонон аз Соли ҷавонон

Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ имрӯз дар толори Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон “Ориёно” зиёда аз 400 нафар ҷавонону варзишгарон ва волонтёрони Кумита ҷараёни ироаи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ мустақиман тариқи экрани калон тамошо намуданд. Зеро ҷавонон ба хубӣ дарк менамоянд, ки Паёми Пешвои миллат сармашқи зиндагии мардуми тоҷик, меҳвари пешбарандаи ҷомеа, роҳнамои миллат ва бахусус ҷавонон буда, онҳоро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд. Ҷавонон ифтихор ва сарбаланд аз буданд, ки дар Паёми имсола дар баробари мавриди таҳлил қарор гирифтани масъалаҳои ба сиёсати давлатии ҷавонон алоқаманд буда бо ташаббуси Сарвари кишвар соли […]

22.12.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 126 127 128 129 130 194