734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


Паёми Пешвои миллат роҳнамои ҷавонон

Имрӯз дар доираи Нақша чорабиниҳои Маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” – и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар Гимназияи № 53 ба номи М.Муҳаббатоваи шаҳри Душанбе вобаста ба расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати милллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар мулоқоти судманд доир карда шуд. Зимнан, бояд зикр намуд, ки аз ҷониби Маҳфили мазкур силсила вохӯриҳо вобаста ба расонидани муҳтавои Паёми солонаи Пешвои муаззами миллат дар муассисаҳои миёнаи ҳудуди шаҳри Душанбе идома доранд.

21.01.2019 Нет комментариев Читать далее>

Тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба пешгирии оворагардии наврасону ҷавонон

Дар  асоси нақшаи чорабиниҳо ва ҳамкориҳои муштараки Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”  ва бо хотири пешгирӣ  намудани ҳуқуқвайронкунии миёни ноболиғону ҷавонон дар ҳудуди шаҳри Душанбе рейди муштарак доир карда шуд.    Дар чорабинии мазкур масъулин аз Марказҳои бозиҳои компютерӣ ва дилхушии ҳудуди ноҳияҳои шаҳри Душанбе боздид намуда, бо роҳбарияти марказҳои номбурда ҷиҳати риояи талаботи қонунгузорӣ  ва роҳ надодани ноболиғон ба ин марказҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Илова ба ин чанд нафар наврасону ҷавонони дастгиршуда ва волидайни онҳо барои дубора […]

18.01.2019 Нет комментариев Читать далее>

Ҳамоиши ҳизбиёни ҷавон таҳти унвони “Пайравони Пешвои миллатем” доир мегардад

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон санаи 24 январи соли 2018 дуюмин ҳамоиши ҳизбиёни ҷавонро таҳти унвони “Пайравони Пешвои миллатем” доир менамояд. Ҳамоиши ҳизбиёни ҷавон соли дуввум аст, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар якҷоягӣ бо Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо доираи васеи ҳизбиёни ҷавон доир карда мешавад. Имсол ҳамоиши дуюми ҳизбиёни ҷавон дар бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки аъзоёни фаъоли Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз тамоми қаламрави кишвар доир карда шуда, масъалаҳои марбут ба соҳаи кор бо ҷавонон мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Дар кори ҳамоиш вобаста ба расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу […]

18.01.2019 Нет комментариев Читать далее>

Мусобиқаи ҷумҳуриявии лижаронии кӯҳӣ байни наврасон оғоз мегардад

   Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар доираи амалисозии нақшаи ягонаи тақвимии чорабиниҳои оммавию варзишӣ, омодагию солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаи байналмиллалӣ барои соли 2019, баргузории  мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба лижаронии кӯҳӣ байни наврасон (духтарон ва писарон) дар базаи ҶДММ “Сафед-дара”-и ноҳияи Варзоб аз санаи 19 то 20 январи соли 2019 ба нақша гирифта шудааст.    Қобили зикр аст, ки мусобиқаи мазкур аз ҷониби Кумита дар ҳамбастагӣ бо Ассотсиатияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда мешавад ва дар ин мусобиқа иштироки варзишгарони навраси ҷумҳурӣ , ки аз рӯи ин риштаи варзиш машқу тамрин менамоянд ва дигар дӯстдорони ин риштаи варзиш […]

18.01.2019 Нет комментариев Читать далее>

Омӯзиши масъалаи ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва роҳҳои пешгирии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки вобаста ба вазъи пошхӯрии оилаҳои ҷавон дар ҷомеа, роҳҳои ҳалли ин масъалаи мубрам ва таҳлили вазъи имрӯза дар сатҳи ҷумҳурӣ мизи мудавварро дар мавзӯи “Омӯзиши  масъалаи ҷудошавӣ (вайроншавӣ)-и оилаҳои ҷавон ва роҳҳои пешгирии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро баргузор намояд.    Дар ҷорабини мазкур намояндагон аз  вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, Шӯрои уламо, мудирони шуъбаҳои кор бо занон ва оила ва бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва муовинони ректорҳо, мудирони шуъбаҳои ҷавонон ва занони донишгоҳу донишкадаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе дар рафти чорабинии мазкур иштирок ва ибрози ақида менамоянд.    Қайд кардан […]

17.01.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 194