734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш


Полша: Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Ҷаҳон

1-3 апрели соли 2016 дар шаҳри Бигдоши давлати Полша Чемпионати Ҷаҳон оид ба Каратэ-до баргузор мегардад. Дар чорабинии варзишӣ дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати варзишгарон Умедов Баҳриддин, Раҳимов Фаррухҷон, Баротов Далерҷон, Очилов Омон, Қурбонов Амирҳамза ва Шомуродов Шокирҷон иштирок менамоянд. Ширкати варзишгарон тоҷик дар чемпионат мазкур бо мақсади ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим байни ҷавонон ва иштироки варзишгарон дар мусобиқоти байналмилалӣ рӯи даст гирифта шудааст.

14.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Сафари варзишгарони тоҷик ба Филиппин

Аз 27 март то 22 апрели соли 2016 дар шаҳри Манилаи  Ҷумҳурии Филиппин Мусобиқаи кушодаи рейтингӣ ва Чемпионати Осиё оид ба таэквондо (ВТФ) баргузор мегардад. Барои иштирок дар ин чорабиниҳо узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимова М., Гулов А., Негматов Ф., мураббиён Чон Чонг Ху ва Қармишев Ҷ. сафарбар гардиданд. Иштироки варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқа ва чемпионат дар доираи иҷрои қисми 7 банди 6 «Таэквондо (ВТФ)» ва Нақшаи маблағгузории Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар соли 2016 сурат мегирад.

14.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Сафари варзишгарони тоҷик ба Қазоқистон

Имрӯз, 16.03.2016, варзишгарони тоҷик Искандари Рустам ва Баҳодур Қодиров барои иштирок дар Мусобиқаи Осиё доир ба дарёфти роҳхат ба бозиҳои Олимпии Рио-Де-Женейро – 2016 ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуданд. Дар ин сафар варзишгарони тоҷикро мураббӣ Абдураззоқ Олимов ҳамроҳӣ намуда,  онҳо барои дарёфти роҳхат мубориза мебаранд. Дар мусобиқа, ки дар шаҳри Остона – пойтахти Қазоқистон баргузор мегардад, гуштигирони номдори қораи Осиё иштирок мекунанд.Сафари варзишгарони тоҷик то 22 март идома меёбад. Ин сафар бо мақсади ишитроки узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  мусобиқаҳои байналмилалӣ, ҷиҳати иҷрои қисми 7 банди 5,6 «Гўштини тарзи озод», Нақшаи маблағгузории Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар соли 2016 рӯи […]

14.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Ҷои ҳафтуми Саидҷалол Саидов дар Ҷоми Африқо

Дар шаҳри Касабланкаи Марокаш мусобиқоти Ҷоми Африко оид ба дзюдо баргузор гардид. Дар он паҳлавони тоҷик Саидҷалол Саидов мақоми ҳафтумро ишғол кард. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни зери 100 килограмм, ки ҳамагӣ 21 гӯштингир ширкат дошт, дар даври аввал озод буд. Дар даври дуюм бар рақибаш Филипп Авитиалкараз (Бритониёи Кабир) пирӯз шуд. Вале баъдан Саидҷалол аз Доменико Ди Гуидаи итолиёвӣ шикаст хӯрд. Сипас паҳлавони тоҷик қувваозмоиро ба Луис Боуякоуб (Алҷазоир) бохт ва дар натиҷа дар ҷойи ҳафтум қарор гирифт. Дар ин чорабинии варзишӣ 251 гӯштингир аз 47 кишвар ширкат дошт. Тоҷикистонро танҳо Саидҷалол Саидов намояндагӣ кард. Дар ҳисоби умумидастаӣ тими мунтахаби Фаронса бо касби 1 медали тилло, 4 нуқра ва […]

14.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Сафари Мавзуна Чориева ба Ҷумҳурии халқии Хитой

Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистони олимпӣ Лондон – 2012, узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар ҷамъомади таълимӣ-варзишӣ ва мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс ба шаҳри Урумчӣ ва шаҳри Кияняни Ҷумҳурии халқии Хитой сафарбар гардид.  Сафари муштзани маъруфи тоҷик Мавзуна Чориева то 3 апрели соли 2016 идома  ёфта, ӯро муррабияш Мирзо Шамсиев ҳамроҳӣ менамояд. Ин сафари варзишгари тоҷик бо мақсади ишитроки узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъомади таълимӣ-варзишӣ ва мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ҷиҳати иҷрои қисми 7 банди 6 «бокс», Нақшаи маблағгузории Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар соли 2016 рӯи даст гирифта шудааст. Мавзуна Чориева, ки соли 2012 дар Бозиҳои […]

14.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 94 95 96 97 98 111