734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш


Хоруғ: Мусобиқаи бокс миёни кӯдакону наврасон

Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори варзишии мактаби № 7 шаҳри Хоруғ мусобиқаи кушоди минтақавӣ аз намуди бокс баргузор гардид. Дар он 150 нафар варзишгар аз 11 сола то 17 солаи маркази вилоят ва ноҳияи Шуғнон миёни ҳам рақобат намуданд. Ин чорабинии варзишӣ бо ибтикори Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хоруғ ва Федератсияи бокси ВМКБ гузаронида шуда, ғолибон ба тариқи зайл муайян гардиданд: Вазни 24 кг: 1. Абдулназар Абдулназаров – Хоруғ 2. Зафар Мамадризобеков – Пиш (Шуғнон) 3. Чоршанбе Шоалифов – Хоруғ 3. Фаррух Мирзошоев – Пиш Вазни 30 кг: 1. Беҳрӯз Назарамонов – Хоруғ 2. Азим Халифаев – Хоруғ 3. Аким Пӯлодов – Хоруғ 3. Виталий […]

10.11.2016 Нет комментариев Читать далее>

Гӯштини миллӣ ҳамрадифи номи миллат аст

Дар баробари дигар муқаддасоти нуфӯзофари миллӣ варзиш ягона воситаест, ки бо қувваи бозу ва эҳсоси табиии инсонӣ давлат ва миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд. Дар шароити имрӯза варзиш риштаҳои гуногуни касбию оммавӣ ва олимпию ғайриолимпӣ дорад, ки мувофиқан самт ва шаклҳои фаъолияти худро муайян месозад. Аммо ришта ва ё раванди маъмул ва пурталоши варзиш намудест, ки давлатро на танҳо аз рӯи ишғоли ҷойи намоён тавассути мусобиқаҳо муаррифӣ менамояд, балки аз умқи таърих, тамаддун ва фарҳанги миллӣ ташаккул ёфта, ҳамрадифи номи миллат аст. Чуноне ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоянд: “Дар баробари вусъат ёфтани намудҳои гуногуни варзиши ҷаҳонӣ дар кишвар аксари намудҳои варзиши миллӣ ҳам ҷоннок мегарданд, ки […]

28.10.2016 Нет комментариев Читать далее>

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба муҳорибаи ҷанги дастӣ оғоз гардид

Субҳи имрӯз дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар доираи нақшаи тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барои соли 2016 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба муҳорибаи ҷанги дастӣ байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон  бахшида ба 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар мусобиқаи мазкур дастаҳо аз Душанбе 1, Душанбе 2, Суғд 1, Суғд 2, Суғд 3, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Хатлон 1 ва Хатлон 2 иштирок доранд. Шумораи умумии иштирокчиёни мусобиқа 360 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 20 нафарашон бонувон мебошанд. Мусобиқа то 23 октябр идома ёфта дар натиҷаи он ғолибон ва ҷоизадорон муайян […]

22.10.2016 Нет комментариев Читать далее>

ОҒОЗИ ЧЕМПИОНАТИ ҶУМҲУРӢ ОИД БА ТЕННИСИ РЎИ МИЗ

20 октябри соли ҷорӣ дар толори варзишии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба тенниси рӯи миз оғоз гардид. Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 70 нафар варзишгарон, аз ҷумла аз ВМКБ – як даста, Суғд – ду даста, Хатлон – як даста, шаҳри Душанбе – чор даста ва ду даста аз шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ иштирок доранд. Мусобиқаи мазкур то 24 октябр идома ёфта, баъди муайян гардидани ғолибон онҳо бо диплом, медал ва дигар туҳфаҳои таъисинамудаи Кумита сарфароз гардонида мешаванд.  

22.10.2016 Нет комментариев Читать далее>

Тими ҷавонони кишвар ба чорякфинали чемпионати Осиё-2016 баромад

Тими ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол бозии даври сеюми гурӯҳиро дар гурӯҳи “D” бо тими ҷавонони Австралия мусовӣ анҷом дода (0:0) ба даври чорякфинали чемпионати Осиё-2016, ки дар Баҳрайн ҷараён дорад, роҳ ёфт. Дар чорякфинал футболбозони ҷавони кишвар бо ҳамсолонашон аз Ҷопон вомехуранд. Бозӣ барои футболбозони ҷавони кишвар осон набуд. Австралиягиҳо тӯбро бештар идора мекарданд. Дар дақиқаи 5-ум довар аз Қатар ба дарвозаи тими ҷавонони мо пеналтӣ таъин кард. Зарбаи 11-метраи Антони Каликаро дарвозабони тими ҷавонони кишвар Беҳрӯз Хайриев тавонист бартараф кунад. Умуман Беҳрӯз дар ин бозӣ маҳорати хуб нишон дод. Дар дақиқаи 23-юм тӯб баъд аз зарбаи Муҳаммадҷони Ҳасан ба дасти ҳимоятгари австралиягӣ расид, аммо довар ин ҳолатро нахост […]

22.10.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 90 91 92 93 94 122