734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш


Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба тӯби дастӣ байни занон

Бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 25 – 28 сентябри соли ҷорӣ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба тӯби дастӣ  байни занон бо иштироки дастаҳои варзишгарон ВМКБ, Хатлон, ШНТҶ ва шаҳри Душанбе доир гардид. Варзишгарони дастаи Душанбе ҷойи аввал, ВМКБ ҷойи дуюм ва Хатлон соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Дар охир ба ғолибон аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ медал, диплом ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

03.10.2016 Нет комментариев Читать далее>

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бокс дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ

Аз 30 сентябр то 3 октябри соли равон дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бокс байни наврасони солҳои таваллудашон 2000 – 2001 доир гардид. Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 104 нафар дастаи варзишгарон аз дастаҳои ВМКБ, Суғд, Хатлон- 1, Хатлон – 2, ШНТҶ ва шаҳри Душанбе  ширкат намуданд. Мусобиқаи мазкур тӯли 4 рӯз идома намуда, варзишгарон барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ байни худ рақобат намуданд. Аз ҷониби Кумита дар охир ба ғолибон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.   Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бокс байни наврасони солҳои таваллули 2000-2001 бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон № Ному насаб Номи даста Ҷойи ишғолнамуда […]

03.10.2016 Нет комментариев Читать далее>

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба акрабатикаи варзиши ва ҷаҳиш дар батут

Рӯзҳои 1-2 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба акрабатикаи варзиши ва ҷаҳиш дар батут баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 60 нафар варзишгарон аз вилояти Хатлон, ШНТҶ ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Бо ба даст овардани бештари имтиёзҳо  варзишгарони шаҳри Душанбе ҷойи аввал, дастаи Хатлон ҷойи дуюм ва ШНТҶ сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Дар фарҷоми мусобиқа ба ғолибон диплому медалҳо тақдим карда шуд.

03.10.2016 Нет комментариев Читать далее>

Гӯштини миллӣ байни ҷавонон дар шаҳри Кӯлоб

Рӯзҳои 2 – 3 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ байни ҷавонон доир карда шуд. Дар ин мусобиқа зиёда аз 123 варзишгар аз дастаҳои Хатлон – 1, Хатлон – 2, Суғд, Душанбе – 1, Душанбе – 2 ва ШНТҶ ширкат варзиданд. Дар ҳайати даставӣ бо ба даст овардани бартарият дастаи Хатлон 1 ҷойи аввал, дастаи Хатлон – 2 ҷойи дуюм ва Душанбе – 1 ҷойи сеюмро сазовор гардиданд. Дар фарҷоми мусобиқа ба ғолибон диплому медалҳо тақдим карда шуд.

03.10.2016 Нет комментариев Читать далее>

Хуҷанд: Оғози мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба чавгонбозӣ

1 – октябри соли ҷорӣ, бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба чавгонбозӣ байни ҷавонони то 21 сола оғоз  гардид. Дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи мазкур намояндаи Кумита Абдулло Маҳмадализода, Зариф Мирдадо, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суѓд иштирок ва суханронӣ намуданд. Бояд қайд намуд, ки дар мусобиқа, ки дар Варзишгоҳи ҷавгонбозии шаҳри Хуҷанд доир гардида,  дастаҳо аз вилоятҳои Суѓду Хатлон, ШНТМ ва шаҳри Душанбе  иштирок менамоянд.

02.10.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 84 85 86 87 88 113