73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш


Ҷоизаи Президент ба варзишгарон: 300 000 сомонӣ

21_golden-cup-340x160

9 январи соли равон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” ба тавсиб расид. Ин иқдоми Сарвари давлат бо мақсади ҳавасманд намудани ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва дар ин робита баланд бардоштани сатҳи иштироки варзишгарони кишвар дар ин мусобиқаҳо рӯи даст гирифта шуд. Маблағи ҷоиза муайян гардида, аз ин пас ғолибони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ бо 300 000 сомонӣ, барандагони медали нуқра бо 200 000 ва медали биринҷӣ бо 150 000 сомонӣ қадр хоҳанд шуд. Ин маблағҳо аз ҳисоби Фонди Президенти мамлакат ҷудо мешавад.

05.08.2015 Нет комментариев Читать далее>

Истиқболи сокинон аз ифтитоҳи маҷмааи варзишӣ дар шаҳри Хоруғ

11811338_873152022754985_6231639324635189785_n-340x160

Баъди гузоштани санги асоси шаҳраки нав дар мавзеи Тем Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ Маҷмааи бошукуҳи варзиширо барои 1700 ҷой ифтитоҳ намуд. Барои сохтмони ин иншоот, ки масоҳати умумии он зиёда аз 1 гектарро ташкил медиҳад, беш аз 17 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети давлатӣ сарф шудааст. Иншооти мазкур дорои толори калон барои 1700 ҷойи нишаст, толорҳои хурд, комплекси барқароркунии саломатӣ ва варзиш, тайёрӣ ва омодагии дастаҳои якачини вилоят барои иштирок дар мусобиқаҳо, чемпионатҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, утоқҳои корӣ ва мехмонхона мебошад. Ҳамзамон дар дохили бино 5 толори алоҳида барои варзиши намуди бокс, тенниси рӯйи миз, шоҳмот, гуштин ва фитнес сохта шудааст. Бо бунёди ин маҷмааи варзишӣ […]

30.07.2015 Нет комментариев Читать далее>

XXVIII Универсиадаи ҷаҳонии тобистона дар Кореяи Ҷанубӣ

guandzhou-700x357-340x160

Дар шаҳри Кванҷоуи Кореяи Ҷанубӣ XXVIII Универсиадаи ҷаҳонии тобистона оғоз шуд, ки то 14 июл идома меёбад. Дар универсиада 20 000 донишҷӯ – варзишгар аз 170 давлати дунё аз рӯи 21 намуди варзиш – гимнастикаи бадеӣ, варзиши сабук, баскетбол, ҷаҳиш ба об, фехтование, дзюдо, футбол, гимнастикаи варзишӣ, шиноварӣ, тенниси рӯи миз, теннис, волейбол, футбол дар об, камонварӣ, бадминтон, бейсбол, голф, гандбол, қайиқронӣ, тирпаронӣ, таэквандо барои ба даст овардани 272 маҷмӯи медалҳо – миёни ҳам рақобат мекунанд. Ин сеюмин Универсиада аст, ки дар Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ доир мегардад. Варзишгарони мамлакат бори аввал соли 2013 дар Универсиадаи 27-ум, ки дар шаҳри Казани Федератсияи Русия доир гардид, иштирок карда буданд. Ҳайати варзишгар-донишҷӯёни моро […]

07.07.2015 Нет комментариев Читать далее>

Д. Назаров боз соҳиби медал шуд

Dilshod-Nazarov-16th-Asian-Games-Day-9-Athletics-RbsyYoba6MGl-340x160

Варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқаи байналмилалии  «IAAF Hammer Throw Challenge”, ки дар шаҳри Работи Марокаш бо иштироки нӯҳ варзишгари беҳтарини дунё баргузор гардид, бо натиҷаи 76 метру 95 сантиметр мақоми сеюмро касб карда, соҳиби медали биринҷӣ шуд. Дар мусобиқаи мазкур Павел Файдек аз Лаҳистон бо натиҷаи 79 метру 90 сантиметр ҷойи аввал ва Кристиан Парс аз Маҷористон бо натиҷаи 77 метру 81 сантиметр ҷойи дуюмро гирифтанд. Ёдрас мешавем, ки  Дилшод Назаров аз байни варзишгарони тоҷик аввалин шуда, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гардидааст. Ҳамчунин ин натиҷа ба ӯ имкон медиҳад, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки рӯзҳои 22-30 августи соли равон дар Пекини […]

19.06.2015 Нет комментариев Читать далее>

Спартакиадаи донишҷӯён: дастҳо барои ҷои аввал мубориза мебаранд

spartak-340x160

Марҳилаи ниҳоии Спартакиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз рӯи 10 намуди варзиш идома дорад. Тибқи ҷадвали баргузории Спартакиада дастаҳо аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш байни ҳам рақобат дошта, то имрӯз аз рӯи намуди варзиш сабук, гӯштини самбо ва гӯштини дзюдо рақобатҳо ҷамъбаст гардиданд. Ҳамин тавр дар маҳилаи ниҳоии Спартакиада аз рӯи намуди варзиши сабук дастҳо соҳиби чунин медалҳо гардиданд: Душанбе-1: 23 медали тилло, 12 нуқра ва 3 биринҷӣ; Душанбе-2: 3 медали тилло, 5 нуқра ва 11 биринҷӣ. Хатлон: 3 медали тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ. Суғд: 3 медали тилло, 11 нуқра ва 8 биринҷӣ. Аз рӯи намуди гуштини самбо дастаҳо ба чунин натиҷаҳо ноил гардиданд: Душанбе-1: 5 […]

07.05.2015 Нет комментариев Читать далее>

1 79 80 81