734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш


Парчами давлатии Тоҷикистон дар деҳаи олимпӣ парафрохта шуд.  

17 феврали соли ҷорӣ дар деҳаи олимпии шаҳри Саппорои Ҷопон маросими парафрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маросими мазкур роҳбарияти деҳаи олимпӣ, ҳайати дастаҳои мутахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қатар ва Ҷумҳурии демократии Тимор ширкат намуданд. Эмми Ватанабе раиси деҳаи олимпӣ нахуст ба сухан баромада, варзишгаронро хайрамақдам намуда, барои ҳар яки онҳо мувафаққият таманно намуд. Сипас, суруди миллии ҳар се кишвар бо навбат садо дода, парчамҳои давлатӣ парафрохта шуд. Дар охир маросим туҳфасупории хотиравӣ ҳайатҳо доир карда шуд. Боиси зикр аст, ки аз 19 то 26 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Саппорои Ҷопон VIII – умин Бозиҳои зимистонаи осиёӣ баргузор карда мешавад, ки дар он варзишагарон аз 29 давлати Осиё, Австралия […]

18.02.2017 Нет комментариев Читать далее>

«Шанбе–рӯзи варзиш ва солимгардонӣ»

Тавре иттилоъ дода будем 18 феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе силсила чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ ва солимгардонӣ таҳти унвони «Шанбе–рӯзи варзиш ва солимгардонӣ» баргузор карда шуд. Чорабиниҳои мазкур дар ҳамаи иншоотҳои варзишии ҳудуди шаҳри Душанбе, новбаста аз ваъзи боду ҳаво, доир гардид. Бояд қайд намуд, ки чорабиниҳо бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар мулоқот бо масъулон ва фаъолони шаҳри Душанбе аз 15 феврали соли 2017, ҷиҳати тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва оммавӣ гардонидани он дар байни сокинони пойтахт роҳандозӣ мегардад.

18.02.2017 Нет комментариев Читать далее>

Муроҷиатномаи варзишгарон ва ҷавонони пойтахт ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастгирии навбатӣ дар рушду инкишофи соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши шаҳри Душанбе

Муҳтарам Пешвои муаззами миллат,  Боиси ифтихор ва толеи баланди мо варзишгарон ва ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки сиёсати давлатии ҷавонон ва рушду инкишофи соҳаи варзишдар меҳвари сиёсати дурандешона ва ҷавонпарваронаи Шумо қарор дошта, эълон гардидани соли 2017, ҳамчун «Соли ҷавонон» нишонаи олии ин гуфтаҳост. Раванди ғамхории шабонарӯзии Шумо дар таъмини иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии кишвар, баланд бардоштани мавқеи устувори онҳо дар ҷомеаи созандаи Тоҷикистон, кони бузурги маънӣ ва хирадест, ки Шумо муҳтарам Пешвои миллат барои насли пуриқболу ояндасози кишвари азизамон ҷавонону варзишгарон, эҳдо намудед.  Зеро ҳар як сухан ва қадами мубораки Шумо ба гушаҳои гуногуни кишвар, ба дилҳо нур, ба қалбҳо сурур, ба ҷон […]

18.02.2017 Нет комментариев Читать далее>

Иштироки лижаронони тоҷик дар VIII – умин Бозиҳои зимистонаи осиёӣ

Аз 19 то 26 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Саппорои Ҷопон VIII – умин Бозиҳои зимистонаи осиёӣ баргузор карда мешавад, ки дар он варзишагарон аз 29 давлати Осиё, Австралия ва Зеландияи Нав иштирок менамоянд. Варзишгарон аз 11 намуди варзиш аз ҷумла биатлон, лижаронии куҳӣ, киёлинг, скитинг, сновборд, рақси рӯи ях, чавгонбозӣ ва ғайра байни худ рақобат хоҳанд намуд. Тоҷикистонро варзишгарони кишвар дар ҳайати Соҳибназари Турсунмурод, Баракатулло Зокиров, Сайфиддини Низомиддин ва Баҳриддин Ғоибов аз намудҳои лижаронии куҳӣ дар ин бозиҳо муаррифӣ менамоянд. Имрӯз 17 феврал маросими парчамбардории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, санаи 21 феврал ҷаласаи қуррапартоӣ доир карда мешавад. Айни замон варзишгарони мо дар меҳмонхонаи “APA Hotel” қарор дошта, дар сабқатҳо омодагӣ […]

17.02.2017 Нет комментариев Читать далее>

Волейбол байни духтарон дар ноҳияи Айнӣ

Имрӯз бо ташаббуси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Айнӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2017 Соли чорабинии варзиши аз намуди волейбол байни духтарон баргузор карда шуд.

16.02.2017 Нет комментариев Читать далее>

1 75 76 77 78 79 116