734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш


Ҷамъбасти  чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба варзиши сабук

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавию варзишӣ, омодагию солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои ҷумҳҳуриявӣ ва байналмилалӣ барои соли 2017 бахшида ба “Соли ҷавонон” рӯзҳои 13-14 майи соли 2017 дар шаҳри Душанбе чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба варзиши сабук бахшида ба 20 солагии ҷашни Вахдати миллӣ ва эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон» баргузор гардид. Дар чемпионати мазкур 234 нафар варзишгарон аз ҷумла: мардҳо: 100м, 200 м, 400м, 800м, 1500м, 5000м, 10000м, 3000м бо монеъаҳо, 110м бо монеаҳо, 400м бо монеаҳо, путк (7кг), диск (2кг), найза (800г), ядро (7кг), ҷаҳидан ба баландӣ, ҷаҳидан ба дарозӣ ва ҷаҳиши секарата, роҳгардии 20000м,4х100м эстафета, 4х400м эстафета. занҳо:100м, 200 м, 400м, 800м, […]

17.05.2017 Нет комментариев Читать далее>

Волейбол ҷавононро муттаҳид мекунад

Бо ибтикори Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ванҷ бахшида ба “Соли ҷавонон” ва 20 – солагии Ваҳдати миллӣ дар ноҳия мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол миёни 7 даста баргузор карда шуд. Аз рӯи холҳои умумӣ дар чор басти бозии финалӣ дастаи “Андарбак” бар дастаи “Будун” бо ҳисоби 3 : 1 (7:4, 14:16, 12:7, 23:10) дастболо шуда, мақоми аввалро соҳиб гардид. Барои ҷойи сеюм дастаҳои “Вишхарв” ва “Шауд” талош намуда, дар охир дастаи “Вишхарв” бо ҳисоби 3 : 1 ( 8: 5, 13:10, 11:6, 20:12) ғолиб омад. Ғолибонро Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ванҷ Масрур Ғайратов бо мукофоти пулӣ ва ифтихорномаҳои Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия қадрдонӣ намуд. […]

15.05.2017 Нет комментариев Читать далее>

Ифтитоҳи Чемпионати ҶТ аз намуди варзиши сабук

Имрӯз, 13 май дар Варзишгоҳи марказӣ оғози кушодашавии Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намудҳои варзиши сабук доир гардид. Дар он Дилшод Назаров, президенти федератсияи варзиши сабук, Ризо Назарзода, муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, собиқадорони ин риштаи варзиш ва варзишгарон иштирок намуданд. Дилшод Назаров дар оғоз ҳозиринро бо эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” табрик намуда, таъкид намуд, ки дар соли ҷавонон баргузории силсила чорабиниҳои хусусияти оммавию касбии соҳаи варзиш ба нақша гирифта шуда, он дар тамоми минтақаҳои кишвар доир гаштаистодаанд, Дар ифтитоҳи чемпионати мазкур аз ҷониби президенти Федератсияи варзиши сабук ба собиқадорони соҳа ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Дар охир баҳри болидагии варзишгарон барномаи кӯтоҳи фарҳангӣ бо […]

15.05.2017 Нет комментариев Читать далее>

Медалҳои тиллои паҳлавонони тоҷик дар Узбекистон

Ҷаҳонгир Маҷидов, паҳлавони ҷавони тоҷик, дар мусобиқаи XIII байналмилалии “Ҷоми бози Осиё” оид ба ҷудо байни ҷавонону наврасон ба хотираи устоди варзиш Учқун Муродов, ки дар шаҳри Чирчиқи Узбакистон ҷараён дорад сазовори медали тилло гардид. Ҷаҳонгир дар вазни 81 кило баъди пирӯзӣ бо ҳарифонаш аз  Қазоқистон,Қирғизистон ва ду паҳлавони Узбекистон, дар даври ниҳоӣ бо варзишгари дигари тоҷик Раҳматуллобек Фарҳодов қувваозмоӣ намуд. Даври финалии мусобиқаи мазкур байни ду варзишгари тоҷик ҷолиб ҷараён гирифта, бо пирӯзии Ҷаҳонгир Маҷидов ба анҷом расид. Медалаи тиллои вазни 100 килои мусобиқаи мазкур низ насиби варзишгари дигари тоҷик Темур Раҳимов гардид. Темур даври якум озод буд ва баъди се пирӯзӣ бо паҳлавонони узбек сазовори медали тилло гардид. Намояндаи дигари […]

13.05.2017 Нет комментариев Читать далее>

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши сабук

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавию варзишӣ, омодагию солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои ҷумҳњуриявӣ ва байналмилалӣ барои соли 2017 бахшида ба “Соли ҷавонон” ва Иди “Ғалаба” санаи 7 май дар шаҳри Кӯлоб Мусобиқаи ҷумҳуриявӣї оид ба варзиши сабук (пойга) барои дарёфти ҷоизаи Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Исоев Шайдулло баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ зиёда аз 225 нафар варзишгарону дӯстдорони ин намуди риштаи варзиш, аз ҷумла 46 бонувон аз минтақаҳои Суӯд, ШНТМ, Душанбе ва Қурғонтеппаю Кӯлоб иштирок намуданд. Дар доираи барномаи чорабинӣ дар масофаи 12 км, ҷавонписарон (ст.1998-1999), 8км, наврасон (ст.2000-2002) 6км ва бонувон 8 км, ҷавондухтарон (ст1998-1999), 6км ва наврасдухтарон (ст.2000-2002) 4 км байни ҳам сабқат намуданд. […]

11.05.2017 Нет комментариев Читать далее>

1 68 69 70 71 72 122