734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш


Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини Дюздо байни ҷавонони соли таваллудашон 1998 – 2001

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз  санаҳои 17 – 18 – уми марти соли 2018 дар шаҳри Хоруғи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  мусобиқаи   ҷумҳуриявӣ  оид ба гӯштини  Дюздо байни ҷавонони соли таваллудашон 1998 – 2001 баргузор мегардад.

19.02.2018 Нет комментариев Читать далее>

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини тарзи озод байни ҷавонони соли таваллудашон 1998 – 2001

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз  санаҳои 10 – 11 – уми марти соли 2018 дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд мусобиқаи   ҷумҳуриявӣ  оид ба гӯштини  тарзи озод байни ҷавонони соли таваллудашон 1998 – 2001 баргузор мегардад.

19.02.2018 Нет комментариев Читать далее>

Хуҷанд: Иштироки беш аз 2113 нафар дар машқҳои пагоҳирӯзӣ

Санаи 17 феврали соли 2018 бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят машқҳои оммавӣ – варзишии пагоҳирӯзӣ таҳти унвони “Ҳаёти солим – интихоби мо ҷавонон” бо ҷалби беш аз 2113 нафар наврасону ҷавонон ва варзишгарон (783 нафар бонувон) бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ташкил ва баргузор гардид. мавриди зикр аст, ки машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар  баргузор карда мешава

19.02.2018 Нет комментариев Читать далее>

Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба лижаронии куҳӣ маълум гардиданд.  

  Дар доираи Нақшаи тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавию варзишӣ, омодагию солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ барои соли 2018, рӯзҳои 17-18 феврали соли 2018 дар базаи ҶДММ “Сафед-дара”-и ноҳияи Варзоб мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба лижаронии куҳӣ байни ҷавонон (духтарон ва писарон) бахшида ба таҷлили “Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор карда шуд. Дар мусобиқаи мазкур 7 даста иборат аз 40 нафар варзишгар байни худ рақобат намуданд. Тибқи тартиби баргузории мусобиқа варзишгарон аз рӯи барномаи слаломи махсус (хурд) ва слаломи гигант (калон), байни ҳам рақобат намуда, ғолибон аз рӯи натиҷаи нишондоди беҳтарин муайян гардиданд: Писарон: Аз намуди слаломи махсус (хурд) солҷои таваллуди 1999-2000 ҷойи якум: Зокиров Баракутулло; ҷойи […]

19.02.2018 Нет комментариев Читать далее>

Мусобиқаи тирпаронӣ ба муносибати 25 – солагии таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  17 феврали соли равон бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 25 – солагии таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оммавӣ гардонидани варзиш байни аҳолӣ бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар шањри Бохтар мусобиқаи тирпарронӣ байни ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ баргузор карда шуд.   Ба ғолибон  аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш диплому сипосномаҳо тақдим гардид.            

17.02.2018 Нет комментариев Читать далее>

1 66 67 68 69 70 140