734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш


Ифтитоҳи толори варзишии замонавӣ дар ноҳияи Ёвон

Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ба хотири истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷкистон  соҳибкорону саховатмандон саҳми арзанда гузошта истодаанд, аз ҷумла дар ноҳияи Ёвон соҳибкори ватанӣ Гадоев Исмат бо маблағи 560 ҳазор сомонӣ  дар доираи солҳои 2019-2021 -Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ба хотири мусоидат кардан ба рушду пешрафти кишвар, толори варзишии муосири ҳозиразамонро бо сифати баланд ва тарҳи миллӣ сохта ба истифода дода шуда. Дар ифтитоҳи бинои мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори  Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Бобозода Шавқат ва раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Саидзода Ҷамшед иштирок намуданд.

06.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Ғолибияти навбатии шаҳмотбози тоҷик Сабрина Абророва дар Чемпионати Осиёи ғарбӣ

Чемпионати Осиёи ғарбӣ оид ба шоҳмот байни шоҳмотбозони 6, 8, 10, 12, 14, 16, 18 ва 20 сола дар пойтахти Ҳиндустон шаҳри Деҳлӣ имрӯз оғоз ёфт. Дар рӯзи аввал хонандаи синфи 7 мактаби №55 шаҳри Душанбе, ҷоизадори чемпионати Осиё дар соли 2018, ғолиби бозиҳои ҷаҳонии соли 2019, шоҳмотбози ҷавону умедбахш – Абророва Сабрина миёни духтарони 14 сола дар шоҳмоти зудбозӣ (рапид) сазовори чойи 2 ва медали нуқра шуд. Дар ин чорабинии байналмилалӣ 336 шоҳмотбоз аз 10 давлати Осиё иштирок менамоянд. Чемпионат рӯзи 11 сентябр ҷамъбаст мегардад. Бовари ва орзу дорем, ки Сабрина дар шоҳмоти маъмули (стандарт) ва барквор (блитс) боз сазовори медали тилло мешавад ва парчами Ватани азизамонро баланд мебардорад. […]

06.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба сохтмончиёни Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”

6 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ба фаъолият оғоз кардани агрегати дуюми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба 42 нафар мутахассисони касбу кори гуногуни иншооти муҳим мукофотҳои давлатӣ супориданд. Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро ба муносибати руйдоди муҳими таърихӣ – ба кор андохтани агрегати дуюми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва сарфароз гардиданашон бо мукофотҳои давлатӣ самимона табрик гуфтанд. Сарвари давлат таъкид доштанд, ки Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” иншооти муҳиму стратегии кишвар ба ҳисоб меравад, аз ин ру роҳбарияти олии кишвар ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти […]

06.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Кӯлоб: мусобиқаи ҷумҳуриявии шиноварӣ

Имрӯз дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ бо доираи васеи варзишгарони кишвар расман ифтитоҳ гардид. Дар мусобиқаи мазкур дастаҳо аз вилояти Хатлон, Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Мусобиқа миёни ҷавонони сину солашон 2002- 2003 доир гардида, барои ҷойҳои ифтихорӣ 62 нафар варзишгарони кишвар миёни ҳам рақобат менамоянд. Дар маросими ифтитоҳи расмии чорабинии мазкур намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иштирок намуда, барои варзишгарон мувафаққият таманно намуданд.

06.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Голи Алишер Ҷалилов ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон ғолибият овард

Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бо пирӯзӣ дар даври дуввуми мусобиқоти интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» оғоз ёфт. Дар бозии хонагӣ тими Усмон Тошев тими миллии Қирғизистонро бо ҳисоби 1: 0 мағлуб карданд. Бозингари тими миллӣ Алишер Ҷалилов, ки дар дақиқаи 42-юми вохӯрӣ тӯб зад, муаллифи тӯби ягона ва ғолиб шуд. Бозии Тоҷикистон – Қирғизистон, ки дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, як хонаи комил ҷамъ овард – бозиро 17,800 тамошобин тамошо карданд. Дар бозии дигари гурӯҳи “F” тими миллии Муғулистон дар майдони худ бар тими Мянмар бо ҳисоби 1-0 ғалаба кард. Акнун тими миллии Тоҷикистон бояд маҷлиси меҳмононро бо тими миллии Муғулистон баргузор кунад. Ин бозӣ рӯзи сешанбе, 10 […]

06.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 3 4 5 6 7 162