734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш


Муроҷиатномаи ҷавонони шаҳри Кӯлоб ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мо ҷавонони сарбаланди Кӯлобшаҳри бостонӣ бо дарки масъулиятшиносӣ, эҳсоси баланди ватандорӣ, ифтихори миллӣ ва садоқатмандию ҳамовозӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимӣ изҳор намуда, эҳтиромона муроҷиат менамоем: “Мо – ҷавонон, насли хушбахтем, ки дар фазои сулҳу субот ва ободу осудаи мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат зиндагӣ ва фаъолият дорем”. Боиси ифтихор ва сарбаландии мо кулли сокинон ва ҷавонони шаҳри Кӯлоб аст, ки зери сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Президенти маҳбубамон имрӯз ин гӯшаи биҳиштосои диёр бо бунёди як қатор иншооти муҳим ва боғу гулгаштҳо ба шаҳри орзуҳо ва зебову замонавӣ мубаддал гардидааст. Имрӯз Пешвои муаззами миллат бо нури Раҳмонии […]

25.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Тими наврасони U 16 солаи кишвар ба Ватан баргашт

Имшаба тими мунтахабти наврасони U 16 солаи кишвар бо роҳбарии мурабии шинохтаи кишвар Аҳлиддин Турдиев ба Ватан баргашт. Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ҳайати наврасони футболбозони навраси кишварро раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам ва ҳазорон ҳаводорону мухлисони футболи тоҷик истиқбол намуданд. Ҳайати наврасони кишвар дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё 2020 бо ғалабаҳои ҳангуфт дастоварди калон ба даст оварда, ба Ченпионати Осиё ки соли 2020 дар Баҳрайн баргузор мегардад, роҳхат пайдо намуданд. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш зимни истиқболи тими мунтахаби кишвар иброз намуданд, ки дар заминаи сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам […]

25.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Ифтитоҳи толори варзишӣ дар ноҳияи Файзобод

20 сентябр пас аз шиносоӣ аз намоишгоҳи дастовардҳо ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Файзобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон толори варзиширо, ки дар маркази ноҳия бунёд гардидааст, ифтитоҳ карданд. Дар назди толори варзишии навбунёд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷавонони саодатманду сарфарози ноҳия бо руҳияи болидаву самимияти беандоза ва садоқати бепоён ба Пешвои муаззаму маҳбуби худ истиқбол гирифтанд. Дар рафти шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки толори варзишӣ зиёда аз 400 ҷойи нишаст дорад ва асосан барои баргузор намудани бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол пешбинӣ гардидааст. Иншооти мазкур бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон […]

20.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Бозии тими мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Непал доир мегардад

Имрӯз, 20 сентябр, соати 22:00, дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар даври чоруми марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 бо дастаи мунтахаби наврасони Непал рақобат мекунанд. Бояд зикр кард, ки чанде пеш дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол бори дигар исбот намуд, ки онҳо дар қораи Осиё рақиби арзанда надоранд. Дар бозии нахустини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2020 футболбозони навраси тоҷик дастаи мунтахаби наврасони Шри – Ланкаро бо ҳисоби калони 8:0 шикаст дода буданд. Дар бозии дуюм дастаи мунтахаби наврасони Кувайтро бо ҳисоби хеле калон- 9:0 мағлуб намуданд. Ҳоло дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бо 6 хол пешсафи ҷадвали гурӯҳи «А» мебошад. Имрӯз дар даври […]

20.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

9 голи беҷавоби наврасони Тоҷикистон ба дарвозаи Кувайт

Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) ғалабаи дуюми пайиҳамро дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар гурӯҳи “А” ҷашн гирифт. Бозиҳои даври сеюм шоми 18 сентябр дар баргузор шуд. Шогирдони Аҳлиддин Турдиев ин бор ба дарвозаи тими наврасони Кувайт 9 голи беҷавоб заданд. Дар ҳайати дастаи мо Кабир Салимшоев ва Абдулфатоҳ Худойдодзода дуголӣ, Муҳаммадворис Сайдалиев, Сунатулло Азизов, Меҳрубон Каримов, Хусрав Тоиров якголӣ заданд. Як тӯби дигарро худи кувайтиҳо вориди дарвозаашон карданд. Дар бозии дигари гурӯҳ мизбони бозиҳои гурӯҳи “А” мунтахаби наврасони Урдун бар тими Шри Ланка бо ҳисоби 7:0 ғолиб омад. Ҳамин тариқ, баъд аз се давр дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун бо шашхолӣ пешсафанд. Фардо – 20 сентябр дар даври чоруми […]

19.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 5 6 165