73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш


Тоҷикистон як зина боло шуд

Имрӯз, 7 июни соли 2018 Федератсияи байналмилалии футбол   рӯйхат ё худ раддабандии нави  дастаҳои  мунтахабро нашр намуд. Дар ин рейтинг дастаи  мунтахаби футболи Тоҷикистон як зина боло рафта, дар мақоми 119-ум ҷой гирифт.  Ҳоло  дастаи  мунтахаби футболи Тоҷикистон бо касби 264 хол дар зинаи 119-ум қарор дорад. Дастаи  мунтахаби футболи Германия бо касби 1558 имтиёз садрнишини ҷадвал мебошад. Дар зинаи дуюм дастаи  мунтахаби Бразилия бо 1431 имтиёз ва дар ҷойи сеюм дастаи  мунтахаби футболи Белгия бо касби 1298 хол ҷойгир шудаанд.

07.06.2018 Нет комментариев Читать далее>

Душанбе: Гӯштини миллӣ доир мегардад

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ санаҳои 23-24 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи  ҷумҳуриявӣ оид ба  гӯштини миллӣ  байни наврасону ҷавонони синну соли  1998 – 2001 баргузор мегардад. Марҳабо ба мусобиқаи барҳаво!

06.06.2018 Нет комментариев Читать далее>

Ба хотири гиромидошти  ҷаҳонпаҳлавон Саидмумин Раҳимов

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ санаи 23 – 24 июни соли 2018  ба хотири гиромидошти  ҷаҳонпаҳлавон Саидмумин Раҳимов дар шаҳри Хоруғи ВМКБ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштини самбо байни наврасони соли таваллудашон 1998 – 2001  баргузор мегардад. Марҳабо бо мусобиқаи варзишии бошукӯҳ!

05.06.2018 Нет комментариев Читать далее>

Дастаи «Истиқлол» бар дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ғалаба кард

Ду бозии   даври ёздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои   Лигаи олӣ  баргузор гардиданд.  Дар бозии аввал дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе дар меҳмонӣ  дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакиро бо ҳисоби 2:0 мағлуб намуд. Ҳисобро Муҳаммадҷон Раҳимов дар дақиқаи 35-ум боз кард. Баъди се дақиқа Дилшод Восиев голи дуюмро ба ҳадаф расонид. Зимнан, ин аввалин пирӯзии  дастаи «Истиқлол» бо раҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Алишер Тухтаев мебошад. Бозии дигар миёни дастаҳои футболи  «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид. Ёдовар мешавем, ки ду бозии дигари даври ёздаҳум Лигаи олии Чемпионати Тоҷикистон 5 июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб миёни дастаҳои «Хатлон»-и Бохтар — ССКА «Помир»-и […]

05.06.2018 Нет комментариев Читать далее>

Роҳбарияти нав дар Федератсияи гимнастикаи бадеӣ

Имрӯз – 4 июн – дар толори маҷлиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон конференсияи интихоботии Федератсияи намудҳои ҷумнастикаи Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ҷаласа истеъфои раис ва котиби масъули федератсия баррасӣ ва қабул шуда, роҳбарияти нав интихоб гардид. Ҷаласаро Абдуллозода Муҳаммадшо, ки бо дастгирии вакилон раисикунанда интихоб шуд, ифтитоҳ карда, бо нигаронӣ зикр намуд, ки Федератсияи ҷумнастикаи Тоҷикистон камфаъол аст ва бо сабаби напардохтани ҳаққи узвият феълан аз аъзогии Федератсияи байналмилалии ҷумнастика маҳрум мебошад. Федератсия ҳоло наметавонад дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок кунад ва дар ҷаласаҳои Федератсияи байналмилалии ҷумнастика ҳаққи овоз надорад. Раиси нав, ки дар ин ҷаласа интихоб мешавад, бояд дар рушди ин намуди варзиш ва барои барқарор намудани узвияти федератсия дар […]

04.06.2018 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 5 92