734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш


Табрикоти Аҳтам Абдуллозода бахшида ба “Рӯзи варзишгарон”

Варзишгарони гиромӣ, собиқадорон ва мураббиёни варзиш, мухлисон ва дӯстдорони соҳа. Ҳамаи Шуморо, ки тамсилгарони Ватани маҳбуб, номбардорони асили миллат дар арсаҳои бузург ҳастед, бо «Рӯзи варзишгарон» самимона таҳният мегӯям. Боиси ифтихор аст, ки дар натиҷаи ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба тасвиб расидани созишномаи истиқрори сулҳ, соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар маркази таваҷҷӯҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, қарор гирифт. Маҳз Истиқлолияти давлат ва таваҷҷуҳи падаронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат пазируфта шуда, тамоми санадҳои дахлдор ба хотири таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат […]

09.08.2018 Нет комментариев Читать далее>

Варзишгаронро ба Бозиҳои Осиёӣ – 2018 гусел намуданд

 9 августи соли ҷорӣ дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон маросими гусели варзишгарон ба 18-ум Бозиҳои тобистонаи Осиё баргузор шуд. Дар чорабинӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдуллозода Аҳтам Рустам, муовинони Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Шамсулло Соҳибов, қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров, ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева ва варзишгарону мураббиёне, ки ба Бозиҳои Осиё-2018 сафарбар мегарданд, ширкат намуданд. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдуллозода Аҳтам зимни сухани ифтитоҳӣ аз рушди варзиш дар кишвар ёдовар шуда, аз ҷумла қайд намуд, ки бо роҳбарию роҳнамоӣ ва ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи чанд […]

09.08.2018 Нет комментариев Читать далее>

Шоҳмансур: Шарафи варзишии мо самари Истиқлол аст

Бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар доираи таҷлили “Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон” ва таҷлили 27-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Шарафи варзишии мо самари Истиқлол аст ” бо мақсади рушд ва оммавию мукамалгардонии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун самти афзалиятноки сиëсати иҷтимоӣ баҳри ташаккули шахсияти солим, ҳифзу беҳдошти саломатии сокинон ва таъмини пайвастаи дастовардҳои беназири варзишгарон дар доираи Барномаи маҷмӯи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ноҳияи Шоҳмансур барои солҳои 2017-2021 баргузор гардид. Дар мизи мудаввар устодони варзиш, собиқадорони соҳа ва мураббиёну варзишгарони ноҳия иштирок ва суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки маҳз бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – […]

08.08.2018 Нет комментариев Читать далее>

Мусобиқаҳои варзишӣ дар шаҳри Душанбе

Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавияти варзиш ва ҷалби ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба варзиш  бахшида ба “Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон” санаи 7 августи соли 2018 мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба гӯштини  дзюдо миёни наврасону ҷавонони то 23 сола баргузор карда шуд. Лозим ба ёдоварист, ки дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 70 нафар варзишгарон иштирок ва дар вазнҳои алоҳида бо ҳам рақобат намуданд. Дар фароҷоми мусобиқа ғоилибон ва ҷоизадорон бо диплом, медал ва тӯҳфаҳои таъсисдодаи Раёсат қадрдонӣ карда шуданд. Инчунин дар толори варзишии Муассисаи давлатии  Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №2 шаҳри Душанбе  оид ба таэквондо  Чемпионати шаҳри Душанбе байни наврасону ҷавонон оид ба […]

07.08.2018 Нет комментариев Читать далее>

Таъсиси Маркази такмили ихтисоси масъулини соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш 

Дар партави сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади оммавигардонии варзиш ва баланд бардоштани сатҳу сифати мураббиёну устодони варзиш, омода намудани кадрҳои баландихтисос дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш бо  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2018, № 358 дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Маркази такмили ихтисоси масъулини соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» таъсис ёфт. Марказ метавонад барои баланд бардоштани маҳоратии касбии мураббиёну устодони варзиш, ки дар саросари кишвар ба омода намудани варзишгарон ба мусобиқоти байналмилалӣ  заминагузорӣ намуда, ҳамзамон барои омода намудани кадрҳои ҷавон дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш басо муфид […]

07.08.2018 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 105