734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш


50 ҳазор адад Парчам ба ҷавонон тақдим гардид

14 майи соли ҷорӣ, бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзишва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақша чорабниҳои «20– рӯзи ҷавонӣ» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  таҳти унвони «Ҷавонон пайрваи Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои 25-соли Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон»  дар Боғи «Ирам» -и пойтахт Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот таҳти унвони «Шоҳмот барои таҳкими нерӯи зеҳнӣ ва пешгирии ифротгароӣ» ва аксияи ҷавонон таҳти унвони «Парчами миллӣ – ифтихори ман!» ва силсила чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаиҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, аъзоёни Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, варзишгарон  ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок ва суханронӣ намуданд. «Мақсади баргузории чорабинии мазкур пеш аз ҳама рушди намуди шоҳмот, сайқал додани мафкураи зеҳнӣ ва интеллектуалии наврасону ҷавонон, ҳамзамон пешгирии омилҳои номатлуб, аз қабили авбошӣ, ғоратгарӣ, ифротгароӣ ва баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии наврасону ҷавонон ба ҳисоб меравад» – иброздошт зимни баромади хеш Назарзода  Ризо муовини  Раиси Кумита. Мусобиқаи мазкур худи ҳамон рӯз дар 68 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардида, ғолибон бо Диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида […]

31.05.2016 Нет комментариев Читать далее>

Дастоварди Дилшод Назаров дар Гран-При “Оstrava golden spike”

Дар Чемпионати ҷаҳонии силсилаи Гран-При “Оstrava golden spike”, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Чех оғоз гардиду алъон ҷараён дорад варзишгари маъруфи Тоҷикистон Дилшод Назаров иштирок намуда, бо партофтани гурз ба масофаи 78,82 метр сазовори мақоми дуюм гардид. Мақоми аввал насиби гурзандози Лаҳистон бо натиҷаи 80,66 метр ва мақоми сеюм насиби гурзандози Словакия  бо натиҷаи 77,48 метр гардид.

31.05.2016 Нет комментариев Читать далее>

Мусобиқаи волейбол байни ҷавонони маҳаллаҳои ш. Қурғонтеппа

Аз ҷониби бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қурғонтеппа бахшида ба 71-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мусобиқаи волейбол байни ҷавонони маҳаллаҳои ш. Қурғонтеппа аз 2 то 7 майи соли 2016 баргузор гардид, ки дар он 10 даста аз маҳаллаҳои шаҳр иштирок намуданд. Дар натиҷаи мусобиқа ҷойҳои ифтихори насиби дастаҳо аз маҳаллаҳои Ваҳдат, Борбад, Кайҳонавардон ва Ч. Мирзоқодирова  гардид. Масъулини бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ш.Қурғонтеппа ғолибони мусобиқаро бо Диплом, Ҷом ва туҳфаҳо қадрдони намуданд.

08.05.2016 Нет комментариев Читать далее>

Мусобиқаи “Ҳомии Ватан”

Мусобиқаи “Хомии Ватан” барои афсарони қисмҳои низомӣ дар “Қасри варзиш”-и шаҳри Хуҷанд оғоз гардид. Тавре Мадина Ҳомидова муовини Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят хабар дод ин мусобиқа бахшида ба рӯзи “Артиши миллӣ” гузаронида мешавад. Дар мусобиқа сарбозон аз  рӯи шартҳои муқараргардида, ресмонкашӣ, ҷаҳидан ба баландӣ, давидан, хондани суруди умумӣ, якҷоя намудани қисмҳои автомат Калашников дар вақти муайян гашта байни ҳам рақобат мекунанд. Ӯ баргузории ин мусобиқаро руҳи баланди идона ба афсарони қисмҳои низомӣ арзёбӣ намуда афзуд, ки барои муттаҳид гардидани сарбозони қисмҳои низомӣ ин мусобиқа мусоидат мекунад. Дар назар аст, ки дар ҷамъбасти мусобиқа барои иштирокдорон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шавад.

10.02.2016 Нет комментариев Читать далее>

Ҷамъбасти мусобиқаи футболи зимистона

Санаи 26 январи соли равон дар шаҳри Ваҳдат ҷамъбасти мусобиқаи зимистонаи футбол миёни наврасони солҳои таваллуди 2003-2004 баргузор гардид. Мусобиқаи мазкур аз 13 январи соли равон оғоз гардида, таи 13 рӯз идома ёфт ва дар даври ниҳоӣ, дастаи кӯдакони «Хайр-1» ғолибият ба даст оварданд. Ғолибони мусобиқоти мазкур аз тарафи мудири қисми таълимии мактаби варзишии кӯдакон ва наврасони шаҳр Фатоҳ Раҳмонов бо ифтихорномаҳо ва ҷомҳои варзишии таъсиснамудаи мактаби варзишии кўдакон ва наврасони шаҳр сарфароз гардонида шуданд. Дар маросими туҳфасупорӣ беҳтарин бозингарони Клуби футболи «Хайр» Мирзобек Мирзоев, Идибек Ҳабибуллоев ва Миралӣ Муродов низ ширкат намуданд, ки боиси баланд гардидани руҳияи наврасон шуд.

26.01.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 160 161 162 163 164 165