734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш


Мулоқот бо роҳбарони федератсияҳои варзишӣ

2 октябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ мулоқоти Аҳтам Абдуллозода бо роҳбарони федератсияҳои варзишии мамлакат доир гардид. Дар мулоқот Аҳтам Абдуллозода фаъолияти федератсияҳои варзиширо мавриди таҳлил қарор дода, аз фаъолияти сусти баъзе аз онҳо изҳори нигаронӣ кард. Зимни баромад Абдуллозода таъкид дошт, ки то имрӯз бештар аз 51 федератсияи варзишӣ бо Кумита шартномаи ҳамкорӣ доранд, аммо ба назар мерасад, ки баъзе аз онҳо уҳдадориҳои худро иҷро накардаанд. Гуфта шуд, ки фаъолияти федератсияҳои намуди ғайриолимпӣ нисбат ба намудҳои олимпӣ хубтар ба назар мерасад. Ин дар ҳолест, ки ба намудҳои олимпӣ бештар афзалият дода мешавад. Ҳамзамон дар ин мулоқот аз саривақт пешниҳод накардани гузоришу ҳисоботи баъзе федератсияҳо […]

14.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Дастаи волеболбозонӣ Душанбе-1 ғолиби мусобиқа

Бахшида ба ҷашни  Ваҳдати миллӣ аз 1 то 5 июни соли ҷорӣ, дар Мактаби махсуси кӯдакон ва наврасони захриаҳои олимпии №5 –и шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол миёни бонувон баргузор гардид. Дар он 5 даста аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Дастаҳо дар ду марҳила барои баромадан ба даври ниҳоӣ миёни ҳам рақобат намуданд. Дастаи волеболбозонӣ Душанбе-1 аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, сазовори ҷойи якум гардид. Ҷои дуюмро дастаи Суғд ва мақоми сеюмро дастаи ВМКБ касб намуданд. Ғолибон аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо медалу ифтихорнома ва  тўҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

06.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Мусобикаи ҷумхуриявӣ оид ба кайқрони

Дар доираи Нақшаи маблағгузории тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ,  солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барои соли 2016 аз 28 то 29 майи соли 2016, дар ноњияи Мўминобод мусобикаи ҷумхурияви оид ба кайқрони байни наврасони солҳои таваллуди 1998 – 2001 бахшида ба Рўзи  Ваҳдати миллӣ бргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур 54 варзишагар аз дастањои Хатлон -1, Хатлон -2  ва Душанбе -1, Душанбе -2 дар намуди  каное ва байдарка дар масофаи 500 м – 1000 м байни худ рақобат намуданд. Дар ҳайати даставӣ Душанбе -1 ҷойи якум, дастаи Суғд ҷойи дуюм ва Хатлон -2 ҷойи сеюмро соҳиб гардиданд. Натиҷаи сабқатҳо: Дар намуди каное ба масофаи 1000 м. Ҷойи аввал: Расулов Диловар […]

03.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба волейбол байни бонувон

Имрӯз дар Мактаби махсуси кӯдакон ва наврасони захриаҳои олимпии №5 –и шаҳри Душанбе чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба волейбол байни бонувон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ оғоз гардид. Дар маросмии ифтитоҳи чемпионат намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар мусобиқаи мазкур 5 даста аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе иштирок менамояд. Хотиррасон менамоем, ки мусобиқаи мазкур 5 июн ҷамъбаст мегардад.

01.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Мусобиқаи шиноварӣ

Дар доираи чорабиниҳои «20 рӯзи ҷавонӣ» ва таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат ва муҳофизони дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатииҶумҳурии Тоҷикистон!» санаи 19 майи соли 2016 дар Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии ба номи ” 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” мусобиқаи кушоди шаҳри Хуҷанд оид ба шиноварӣ байни ҷавонон ва наврасон баргузор гардид, ки дар он 68 нафар варзишгарон иштирок намуданд. Мусобиқаи мазкур аз рӯи 4 намуд яъне, усулҳои тарзи озод, брасс, тахтапушт ва эстафета дар масофаи 50 метр гузаронида шуд. Дар охир ғолибони мусобиқа бо диплом, медал ва тӯҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд. «Мақсад аз гузаронидани мусобиқаи мазкур пеш аз ҳама ҷалби ҷавонону наврасон ба ин […]

01.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 158 159 160 161 162 165