734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш


Машқҳои пагоҳирӯзӣ Шуморо интизор аст!

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади оммавӣ гардонидани варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим ҳар рӯзи шанбе, соати 6:30, дар назди Театри опера ва балетаи ба номи С.Айнӣ ва майдони назди Сирки давлатӣ машқҳои пагоҳирӯзиро доир менамояд. Фардо, 10.10.2012, машқҳои пагоҳирӯзӣ аз ҷониби ду варзишагари муваффақ ва номдори кишвар, дорандагони нишонҳои биринҷии Бозиҳои XVII Осиё дар Инчхони Кореяи ҷанубӣ – Фарҳод Неъматов ва Алишер Гулов иҷро карда мешаванд. Ҳамаи дӯстдорону хоҳшмандон бо либосҳои варзишӣ ба машқи пагоҳирузӣ даъват карда мешаванд. Иштирок дар машқҳои пагоҳирӯзӣ озод ва ройгон аст.

14.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ дар Варзоб

11 октябри соли равон  дар ноҳияи Варзоб Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба кӯҳнавардии сайёҳӣ баргузор мегардад. Дар мусобиқа варзишгарону дӯстдорони ин намуди варзиш аз шаҳру навоҳии мамлакат ширкат меварзанд. Сардовари мусобиқа Ҳабибуллоев М. (ш. Душанбе) муайян гардида, ҳайати доваронро дар мувофиқа бо Комиссияи ваколатдор интихоб менамоянд. Мусобиқаи мазкур ҷиҳати иҷрои банди банди 1 қисми 10 “Куҳнавардии сайёҳӣ)”-и нақшаи маблағгузории тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барои соли 2015 рӯи даст гирифта шудааст.

14.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Мусобиқаи ҷумҳуриявии кикбоксинг дар Душанбе

Рӯзҳои 10-11 октябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба кикбоксинг (WAKO) баргузор мегардад. Дар мусобиқа варзишгарону дӯстдорони ин намуди варзиш аз шаҳру навоҳии мамлакат ширкат меварзанд. Сардовари мусобиқа Алимҷонов К. (ш. Душанбе) ва саркотиб Галимова Р. (ш. Душанбе) муайян гардида, ҳайати доваронро дар мувофиқа бо Комиссияи ваколатдор интихоб менамоянд. Ин мусобиқа ҷиҳати иҷрои қисми 7 банди 1 “Кикбоксинг (WAKO)” нақшаи маблағгузории тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барои соли 2015 рӯи даст гирифта шудааст.

14.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Мулоқот бо роҳбарони федератсияҳои варзишӣ

2 октябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ мулоқоти Аҳтам Абдуллозода бо роҳбарони федератсияҳои варзишии мамлакат доир гардид. Дар мулоқот Аҳтам Абдуллозода фаъолияти федератсияҳои варзиширо мавриди таҳлил қарор дода, аз фаъолияти сусти баъзе аз онҳо изҳори нигаронӣ кард. Зимни баромад Абдуллозода таъкид дошт, ки то имрӯз бештар аз 51 федератсияи варзишӣ бо Кумита шартномаи ҳамкорӣ доранд, аммо ба назар мерасад, ки баъзе аз онҳо уҳдадориҳои худро иҷро накардаанд. Гуфта шуд, ки фаъолияти федератсияҳои намуди ғайриолимпӣ нисбат ба намудҳои олимпӣ хубтар ба назар мерасад. Ин дар ҳолест, ки ба намудҳои олимпӣ бештар афзалият дода мешавад. Ҳамзамон дар ин мулоқот аз саривақт пешниҳод накардани гузоришу ҳисоботи баъзе федератсияҳо […]

14.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Дастаи волеболбозонӣ Душанбе-1 ғолиби мусобиқа

Бахшида ба ҷашни  Ваҳдати миллӣ аз 1 то 5 июни соли ҷорӣ, дар Мактаби махсуси кӯдакон ва наврасони захриаҳои олимпии №5 –и шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол миёни бонувон баргузор гардид. Дар он 5 даста аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Дастаҳо дар ду марҳила барои баромадан ба даври ниҳоӣ миёни ҳам рақобат намуданд. Дастаи волеболбозонӣ Душанбе-1 аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, сазовори ҷойи якум гардид. Ҷои дуюмро дастаи Суғд ва мақоми сеюмро дастаи ВМКБ касб намуданд. Ғолибон аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо медалу ифтихорнома ва  тўҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

06.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 157 158 159 160 161 165