734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш


Варзишгарони тоҷик бо 28 медал бармегарданд

Аз 11 то 13 декабри соли равон дар шаҳри Атирауи Қазоқистон Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё баргузор гардид. Дар мусобиқа варзишгарони тоҷик иштирок варзида, 28 медал (13 тилло, 9 нуқра ва 6 биринҷӣ) ба даст оварданд. Мусобиқа байни калонсолон, навҷавонону духтарон ва наврасон сурат гирифта, дар он бештар аз 300 варзишгар аз 13 кишвари ҷаҳон – Афғонистон, Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Қирғизистон, Малайзия, Муғулистон, Непал, Тоҷикистон, Узбакистон ва ғайра иштирок намуданд. Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷик дар ҳамаи вазн медал ба даст оварда, Парчами кишварро дар ин мусобиқа баланд бардоштанд. .

14.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

26.12.2015: Эълони беҳтаринҳои соҳаи варзиш

26 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе бо баргузории як чорабинии тантанавӣ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ, ҳафтаномаи «Варзиш-Спорт», Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон ва Федератсияҳои миллии варзишӣ беҳтаринҳои соҳаи варзиш дар соли 2015-ро эълон менамоянд. Озмунҳои «Варзишгари беҳтарини сол», «Мураббии беҳтарини сол», «Мактаби варзишии беҳтарини сол», «Федератсияи миллии варзишии беҳтарини сол», «Беҳтарин иншооти варзишии сол», «Шаҳр ва ноҳияи беҳтарини варзишии сол» ва «Беҳтарин ВАО оид ба тарғиби тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ эълон гардиданд, дар ин маросим ҷамъбаст мегарданд. Дар чорабинии мазкур федератсияҳои миллии варзишӣ низ имконияти муаррифӣ кардани фаъолият ва қадрдонии ду нафар варзишгари беҳтаринашонро доранд. Аз ин […]

14.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Беҳтаринҳои футбол дар соли 2015 муайян гардиданд

4 декабр  дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси»-и шаҳри Душанбе,  беҳтаринҳои мавсими футболи соли 2015-ро бо ҷоизаҳо қадрдонӣ намуданд. Дар маросим Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бораи натиҷи мавсими имсолаи футбол дар кишвар гузориш дода, ба ғолибон аз рӯи натиҷаи ба дастовардаашон ҷоизаҳо супорид. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе  барои чорум маротиба қаҳрамони Тоҷикистон шуданаш байни дастаҳои лигаи олӣ ба медалҳои тилло сафароз гардиданд. Футболбозони  дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд барои ҷойи дувум бо медалҳои нуқра ва тими «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб барои ҷойи севум бо медалҳои биринҷӣ қадрдонӣ шуданд. Ба ҳайатҳои ҷавонони “Истиқлол” медалҳои тилло, “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо медалҳои нуқра ва ССКА «Помир»-и Душанбе бо медалҳои биринҷӣ қадрдонӣ шуданд. Инчунин ба се дастаи беҳтарини лигаи аввал – “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор, “Эсхата”-и шаҳри Хуҷанд ва “Саройкамар”-и […]

14.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Эълон: Ба ташкилоту муассисаҳо, коршиносони соҳа ва шахсони манфиатдори соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш!

Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи намунавии муассисаҳои тайёрии варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шакли нав таҳия гардида, барои муҳокмима пешниҳод карда мешавад. Аз ҳамаи ташкилоту муассисаҳо, коршиносони соҳа ва шахсони манфиатдори соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш хоҳиш карда мешавад, ки лоиҳаи мазкурро мавриди таҳлил ва баррасии ҳамаҷониба қарор дода, таклифу пешниҳодҳоро бо асосноккунии аниқ ҳам аз нигоҳи назарияӣ ва ҳам таҷрибавӣ ба унвонии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд. Мӯҳлати баррасии лоиҳа 7 рӯз мебошад. Нишонӣ: 734026, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, к. Спортивная 6 Тел: (+99237) 2364187,  (+992) 987505218, 915709219 Почтаи электронӣ: akis_leonardo@mail.ru, firuzjon89@mail.ru Шакли пурраи Лоиҳа

14.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Ҷаласаи навбатии Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш

7 декабри соли равон дар Китобхонаи миллӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ ҷаласаи навбатии Шӯро баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзои Шӯро, масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва федератсияҳои варзишӣ ширкат варзиданд. Зимни баргузории ҷаласа асосан 3 масъала, аз ҷумла, «Оид ба иҷрои Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2011-2015», «Оид ба пешниҳоди номзадии ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ барои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Тасдиқи нақшаи кори Шӯро дар соли 2016» мавриди баррасӣ карор гирифт. Қайд карда шуд, ки рӯйдоди муҳими иҷтимоиву сиёсие, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи […]

14.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 155 156 157 158 159 165