734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш


Мусобиқаи шиноварӣ

Дар доираи чорабиниҳои «20 рӯзи ҷавонӣ» ва таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат ва муҳофизони дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатииҶумҳурии Тоҷикистон!» санаи 19 майи соли 2016 дар Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии ба номи ” 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” мусобиқаи кушоди шаҳри Хуҷанд оид ба шиноварӣ байни ҷавонон ва наврасон баргузор гардид, ки дар он 68 нафар варзишгарон иштирок намуданд. Мусобиқаи мазкур аз рӯи 4 намуд яъне, усулҳои тарзи озод, брасс, тахтапушт ва эстафета дар масофаи 50 метр гузаронида шуд. Дар охир ғолибони мусобиқа бо диплом, медал ва тӯҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд. «Мақсад аз гузаронидани мусобиқаи мазкур пеш аз ҳама ҷалби ҷавонону наврасон ба ин […]

01.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Футболи хурд байни донишҷӯён

Аз 19 то 22 майи соли ҷорӣ дар варзишгоҳи хурди футболбозии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов марҳилаи сеюми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футболи хурд баргузор мегардад, ки дар он 5 даста аз Душанбе 1, Душанбе 2, Вилояти Суғд, Хатлон 1 ва Хатлон 2 байни якдигар рақобат хоҳанд намуд. Хотиррасон менамоем, ки дар марҳилаи сеюм ғолибони марҳилаҳои якум ва дуюм байни ҳам қувваозмоӣ менамоянд. Рақобати дастаҳо то санаи 22 май ҷараён ёфта, ғолибон бо диплом ва медалҳои таъсиснамудаи Кумита сарфароз гардонида мешаванд. Мусобиқаи мазкур дар доираи Нақшаи тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барои соли […]

01.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯён оид ба дзюдо

Рӯзҳои 21 – 22 майи соли 2016 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дзюдо баргузор гардид, ки дар он  дастаҳои вилояти Суғд, Душанбе-1, Душанбе-2 ва Хатлон-2 ширкат варзиданд. Мусобиқа аз рӯи вазнҳои 60кг, 66кг, 73кг, 81кг, 90кг, 100кг ва +100кг доир гардида, ки дар натиҷа бо гирифтани  5 медали тилло, 1 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ дар ҳайати даставӣ  Душанбе-1 сазовори ҷойи аввал гардид, дастаи Душанбе -2 бо гирифтани 1 медали тилло, 3 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ сазовори ҷойи дуюм ва дастаи Хатлон 2 бо гирифтани 1 медали тилло, 2 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ сазовори […]

01.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Чемпионати ҷумҳурӣ оид ба баскетбол байни бонувон

Имрӯз 24 майи соли ҷорӣ, бахшида ба таҷлили 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори варзишии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чемпионати ҷумҳурӣ оид ба баскетбол байни бонувон баргузор гардид. Дар чемпионати мазкур 5 даста аз ВМКБ, вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеъи марказ ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Дар натиҷа дастаи ВМКБ ҷойи якум, Душанбе 2 ҷойи дуюм ва дастаи вилояти Суғд сазовори ҷойи сеюм сазовор гаштанд. Ба ғолибон диплом, ҷом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

01.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба велосипедронӣ

Дар доираи Нақшаи маблағгузории тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ,  солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барои соли 2016 рӯзҳои 26 то 27 майи соли ҷорӣ, дар Мактаби маҳорати олии варзишии вилояти Суғд мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба велосипедронӣ бахшида ба поси хотираи устоди варзишӣ Иттиҳоди Шӯравӣ профессор А.Бобоҷонов байни наврсон, ҷавонон ва калонсолон баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур се даста аз вилояти Суғд, як даста аз вилояти Хатлон ва як даста аз шаҳри Душанбе ширкат намуданд, ки дар маҷмӯъ шумораи варзишгарон 64 нафарро ташкил намуд. Аз ҳисоби даставӣ ҷойи аввал насиби варзишгарони вилояти Суғд 1,  ҷойи дуюм Суғд 2 ва ҷойи сеюм насиби Суғд 3 гардиданд. Ҷадвали ғолибон:          […]

01.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 140 141 142 143 144 147