734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш


Сафари Мавзуна Чориева ба Ҷумҳурии халқии Хитой

Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистони олимпӣ Лондон – 2012, узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар ҷамъомади таълимӣ-варзишӣ ва мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс ба шаҳри Урумчӣ ва шаҳри Кияняни Ҷумҳурии халқии Хитой сафарбар гардид.  Сафари муштзани маъруфи тоҷик Мавзуна Чориева то 3 апрели соли 2016 идома  ёфта, ӯро муррабияш Мирзо Шамсиев ҳамроҳӣ менамояд. Ин сафари варзишгари тоҷик бо мақсади ишитроки узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъомади таълимӣ-варзишӣ ва мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ҷиҳати иҷрои қисми 7 банди 6 «бокс», Нақшаи маблағгузории Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар соли 2016 рӯи даст гирифта шудааст. Мавзуна Чориева, ки соли 2012 дар Бозиҳои […]

14.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Ҷавоби расмии Устопир Устопиров ба Владимир Елчанинов

  Оиди мактуби кушодаи мураббии дзюдо-и Федератсияи Руссия Елчанинов В.Н ба унвони Президенти Ҷумурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Ман ҳамчун мураббӣ ва падари Устопириён Комроншоҳ ба ин мактуби кушода чунин посух медиҳам. Комроншоҳро ман аз синни 3-солагиаш ба варзиш ҷалб намуда то ин дам 5-карат Чемпиони ҷаҳон оиди самбо, 2-карат Чемпиони ҷаҳон оиди намудҳои кураш, ҳамчунин ҷоизадори Универсиада ва ғолиби Ҷоми Аврупо оиди дзюдо намудам. Дар баробари ин, Комроншоҳ ҳамчун дастпарвар дар мактабҳои варзишии давлатӣ машқ карда мурабиёнаш аз ҳисоби давлат маош мегирифтанд. Зимни вохурӣ бо Ҷаноби Олӣ, Пешвои Миллат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарон оиди ба даст овардани медали тиллои […]

14.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Намоиши намудҳои варзиши ҷопонӣ дар Душанбе

12-13 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Сафорати давлати Ҷопон бори чорум  Рӯзҳои фарҳангии Ҷопон баргузор гардид, ки дар он муовини якуми Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ, Сарпарасти Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такоши Камсда  иштирок намуданд. Зимни суханронӣ Мавсума Муинӣ вобаста ба самти варзиш андешаронӣ карда, иброз дошт, ки сиёсати варзиш зери таваҷуҳи бевоситаи Ассосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст, ки то имрӯз дар ҷумҳурӣ ҷиҳати омавигардонии варзиш ва омода намудани варзишгарони касбӣ шароити модию техникӣ муҳайё гардидааст. Дар чорабинии мазкур санъати миллии чопонӣ  «Экибана», […]

14.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Мулоқоти Аҳтам Абдуллозода бо ҳайати намояндагони Донишгоҳи Тсукубаи Ҷопон

Имрӯз, 14.03.2016, Аҳтам Абдуллозода Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Донишгоҳи Тсукубаи Ҷопон бо роҳбарии профессор Санада Ҳисаши – сардори факултаи тандурустӣ ва тарбияи ҷисмонии донишгоҳи мазкур мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот Аҳтам Абдуллозода нахуст аз ҳамкории кишварҳо ёдоварӣ карда, изҳор дошт, ки ҷонибҳо дар бештари масъалаҳо ҳамкории муштарак доранд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон бештар аз 128 макотиби варзишӣ фаъолият мекунанд, ки дар бештари онҳо ҷавонону наврасони тоҷик дар баробари гуштини миллии тоҷикӣ ба намудҳои варзиши ҷопонӣ, аз қаиблӣ ҷудо (дзюдо) машғул мебошанд. Роҳбари Кумита, ҳамзамон, аз сиёсати варзишпарваронаи Асосогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, […]

14.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Пешсафии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш

Федератсияи футболи Тоҷикистон нахустин ташкилоти ҷамъияти соҳаи варзиш мебошад, ки фаъолияти он аз ҷониби Комиссияи акредитатсияи давлатии федератсияҳои варзишӣ пурра ба талаботҳои миллӣ ва байналмилалии соҳаи варзиш мутобиқ гардонида шудааст, ки соҳиби аккредитатсияи давлатии федератсияҳои варзишӣ гардид. Тавре иттилоъ доред, бо қарори Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2015, №624 тамоми федератсияҳои варзишӣ бояд аз аккредитатсияи давлатӣ гузашта, ҳамкории дуҷонибаро бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба роҳ монанд. Талаботҳои муҳими гузаштан аз аккредитатсияи давлатӣ ин аъзои федератсияи варзишии байналмилалӣ будан, мавҷуд будани филиал ва намояндагиҳои федератсияи варзишии ҷумҳуриявӣ дар на кам аз се минтақаи ҷумҳурӣ вобаста ба ҳамон намуди варзиш, мебошад. То нагузаштани федератсияи […]

14.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 124 125 126 127 128 140