734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш


Акмалиддин соҳиби “Ҷоми Лукашенко” гардид

20-22 феврал дар шаҳри Минск пойтахти Белорусия 20-умин мусобиқаи байналмилалӣ аз намуди гӯштини самбо барои дарёфти “Ҷоми Александр Лукашенко”, президенти ин кишвар доир гардид. Дар он аз 16 давлати дунё ҳудуди 400 варзишгар ширкат карданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи бонуфуз Акмалиддин Каримов намояндагӣ кард. Варзишгари тоҷик дар вазни 57 кило медали биринҷиро ба даст овард.

14.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Суғд: Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ушу байни наврасон ва ҷавонон

26 – 27 марти соли 2016 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бахшида ба таҷлили 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ушу байни наврасон ва ҷавонон гузаронида мешавад. Ин мусобиқа ҷиҳати иҷрои қисми 10 банди 2 “ушу” -и Нақшаи тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаи байналмилалӣ барои соли 2016 доир гардида, дар он варзишгарон мамлакат ширкат меварзанд. Сардовари мусобиқа Салоҳидинов С. ва саркотиб Иброҳимов М. муқаррар гардида, ҳайати доваронро дар мувофиқа бо Комиссияи ваколатдор интихоб намоянд.

14.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Мусобиқаи ҷумҳуриявии лижаронӣ бахшида ба Рӯзи Модар

5-6 марти соли 2016 дар базаи “Сафед-дара”-и ноҳияи Варзоб мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба лижаронӣ байни ҷавонон ва калонсолон бахшида ба таҷлили “Рӯзи модар” гузаронида мешавад. Мусобиқаи мазкур ҷиҳати иҷрои банди 1 қисми 9 “лижаронӣ”-и Нақшаи маблағгузории тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барои соли 2016 доир гардида, дар он вархишгарон мамлакат аз тамоми шаҳру навоҳӣ иштирок меварзанд. Сардовари мусобиқа Саидов З. ва саркотиби мусобиқа Алиев М. муқаррар гардида, ҳайати доваронро дар мувофиқа бо комиссияи ваколатдор интихоб менамоянд.

14.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

“Сафед-дара”: Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба лижаронӣ байни наврасон

27-28  феврали соли 2016 дар базаи “Сафед-дара”-и ноҳияи Варзоб мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба лижаронӣ байни наврасон бахшида ба таҷлили “Рӯзи модар” баргузор мегардад. Ин мусобиқа ҷиҳати иҷрои банди 1 қисми 9 “лижаронӣ”-и Нақшаи маблағгузории тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон  дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барои соли 2016 доир гардида, дар он варзишгарон аз шаҳру навоҳии мамлакат ширкат меварзанд. Сардовари мусобиқа  Алиев М. ва саркотиби мусобиқа  Абдуллоев И. муқаррар гардида, ҳайати  доваронро дар мувофиқа бо комиссияи ваколатдор интихоб менамоянд .

14.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Ҷамъбасти мусобиқаи «Ҳомии Ватан»

Тибқи нақша чорабиниҳои якҷояи Раесати ҷавонон варзиш ва сайеҳии вилояти Суғд ва комиссариати ҳарбии вилоят аз 4 то 22  феврали соли 2016 дар толорҳои варзишии шаҳри Хуҷанд Спартакиадаи анъанавии харби-варзишии 19-уми «Хомии ватан» гузаронида шуд. Мусобиқа аз рӯи 10 намуди варзиш байни қисмҳои низомии гарнизони вилояти Суғд баргузор гашт.  Ҷамъбасти мусобиқа дар Коммисариати ҳарбии вилоят баргузор шуд ва афсарону сарбозони қасмҳои низомӣ бо тўҳфаҳои идона сарфароз гардонида шуданд.

14.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 114 115 116 117 118 129