734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш


Хуҷанд: Оғози мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба чавгонбозӣ

1 – октябри соли ҷорӣ, бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба чавгонбозӣ байни ҷавонони то 21 сола оғоз  гардид. Дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи мазкур намояндаи Кумита Абдулло Маҳмадализода, Зариф Мирдадо, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суѓд иштирок ва суханронӣ намуданд. Бояд қайд намуд, ки дар мусобиқа, ки дар Варзишгоҳи ҷавгонбозии шаҳри Хуҷанд доир гардида,  дастаҳо аз вилоятҳои Суѓду Хатлон, ШНТМ ва шаҳри Душанбе  иштирок менамоянд.

02.10.2016 Нет комментариев Читать далее>

Тоҷикистон мизбони сеюмин мусобиқаи байналмилалии Reggata -2016

Аз 30 – сентябр то 2 октябри соли 2016 бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Ассотсиатсияи экологии фарҳангии Помир 3- юмин мусобиқаи байналмилалии варзишӣ – сайёҳӣ оид ба қайиқронӣ (ё худ Reggata)  баргузор мегардад. Мусобиқаи мазкур дар кӯли калонтарини кишвар «Қарокӯл» доир карда шуда, дар он зиёда аз 25  варзишгар аз давлатҳои ИМА, Фаронса, Олмон, Канада, Шветсария, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок мекунанд. Мавриди зикр аст, ки чорабинӣ воситаи беҳтарини муаррифии имконоти туристии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби хоҳишмандону мухлисони ин намуди зебои варзиши сайёҳӣ ба Тоҷикистон мебошад.

29.09.2016 Нет комментариев Читать далее>

Инфрасохтори футбол дар Тоҷикистон рушд меёбад

22 – cентябри соли ҷорӣ, бо ташаббуси Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳамкори бо Федератсияи футболи умумиҷаҳонӣ, Конфедератсияи футболи Осиё  ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар шаҳри Кӯрғонтеппа ва ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон майдончаҳои футболбозии ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи он Рустами Эмомалӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Аҳтам Абдуллозода, Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Хуршед Файзуллозода, директории МД «Телевизиони Варзиш» ва дӯстдорону ҳаводори варзиш ширкат намуданд. Рустами Эмомалӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон зимни сухани ифтитоҳӣ, мавриди истифода қарор гирифтани майдончаҳоро ба ҳамагон табрик намуда, иброз дошт, ки муҳайё намудани шароити мувофиқ барои тамрин ва ҷалби шумораи бештари кӯдакону наврасон ба бозии футбол, ҳадафи […]

23.09.2016 Нет комментариев Читать далее>

Вохӯрии Раиси Кумита Аҳтам Абдуллозода бо Макс Денес

Имрӯз, дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Раиси Кумита Аҳтам Абдуллозода бо Сардори Хазинаи махсуси Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх барои маъюбон ҷаноби Макс Денес мулоқот анҷом дод. Дар ифтитоҳи вохӯрӣ Аҳтам Абдуллозода ташрифи Макс Денес ва ҳайати ҳамроҳонашро ба Тоҷикистон хайрамақдам намуда, аз кумакҳои башардӯстонае, ки ин созмон дар лаҳзаҳои мушкили ба қишри эҳтиёҷманд расонида буданд, ёдовар ва изҳори сипос намуд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои вобаста ба расонидани кумак ба варзишгарони маъюб, ҷиҳати иштироки онҳо дар чорабиниҳои варзишӣ ва фароҳам намудани шароити муносиб мавриди баррасӣ қарор гирифт. Масъулини Кумита иброз намуданд, ки имрӯз баҳри иштироки васеи варзишгарони маъюб дар чорабиниҳои минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ вобаста ба имконият тадбирҳои судманд андешида […]

21.09.2016 Нет комментариев Читать далее>

Гӯштини миллӣ: Беҳрӯз, Кароматулло ва Комроншоҳ соҳиби автомобил шуданд

Паҳлавонони мамлакат – Беҳрӯз Хоҷазод (вазни -65 кило), Кароматулло Ҳакимов (-80) ва Комроншоҳ Устопириён (+100) дар мусобиқаи ҷумҳурӣ оид ба гӯштини миллӣ соҳиби шоҳҷоиза – автомобил шуданд. Мусобиқа 17 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар мусобиқа, ки бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Федератсияи гӯштини миллии Тоҷикистон доир гашт, зиёда аз 100 паҳлавон дар се вазн рақобат намуданд. Натиҷаи қувваозмоиҳо: Вазни -65 кг: 1. Беҳрӯз Хоҷазода (Душанбе -1) 2. Ориф Додов (Душанбе -2) 3. Асадулло Тоиров (ШНТҶ) Вазни -80 кг: 1. Кароматулло Ҳакимов (Душанбе -1) 2. Саидҷамол Алимардонов (Душанбе – 1) 3. Ҳамроз Раҷабов (Суғд) Вазни +100 […]

19.09.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 112 113 114 115 116 140