734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш


Медалҳои тиллои мавсими футболи соли 2016 ва Ҷоми чемпионӣ ба дастаи «Истиқлол»-и Душанбе супорида шуданд

Дар меҳмонхонаи «Hyatt regency»-и пойтахт шоми дирӯз расми бошукӯҳи супоридани медалҳои тиллои Чемпионати мамлакат оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ ва Ҷоми чемпионӣ ба КФ «Истиқлол»-и Душанбе баргузор гардид. Дар маросим роҳбарони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ФФТ, сарпарастон, меҳмонон ва намояндагони ВАО ширкат намуданд. Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар мавсими соли 2016 дар 18 вохӯрӣ 14 ғалаба карда, се бозиро мусовӣ анҷом додааст. Танҳо дар як вохӯрӣ ба мағлубият дучор гаштааст. Чемпион дар силсилаи ин бозиҳо ба дарвозаи ҳарифон аз ҳама бештар- 67 тӯб зада, аз дарвозааш 20 тӯб гирифтааст. Шумораи холҳояш ба 45 адад баробар шуд, ки аз мақоми дуюм 8 имтиёз бештар мебошад. Ҳайати […]

11.11.2016 Нет комментариев Читать далее>

Боздид аз Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштин

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштин боздид ба амал оварданд. Маҷмааи варзишӣ аз толори калон бо 1000 ҷойи нишаст, майдончаҳои варзишии баскетбол, гуштин, волейбол, футболи хурд, ҷойи либосовезӣ, утоқҳои корӣ, ҳаммом ва системаи гармидиҳӣ иборат буда, баъди аз таъмири асосӣ баровардан имкон фароҳам омад, ки дар он мусобиқаҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ гузаронида шаванд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароиту имкониятҳои толори барҳавои маҷмааи варзишӣ шинос шуда, ба масъулини соҳаи варзиш барои рушди ин бахш, ҷалби ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дастуру ҳидоятҳои судманд […]

10.11.2016 Нет комментариев Читать далее>

Ғалабаи шоёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар Туркманистон. Ҳисоб 3:0

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ шоми дирӯз бар дастаи мунтахаби Туркманистон яке аз ғалабаҳои намоёни худро таҳти роҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов бо натиҷаи 3:0 ба даст овард. Ин вохӯрии рафиқонае буд, ки ҳар ду даста ҳайатҳои худро барои бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё имтиҳон карданд ва омодагиро то моҳи марти соли оянда идома медиҳанд. Се голро ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон, нишонзани беҳтарини мавсимҳои соли 2015 ва 2016-и Лигаи олии Чемпионати мамлакат Манучеҳр Ҷалилов ба нишон расонд. Ҳисоб дар вохӯрӣ дар дақиқаи 35-ум, баъд аз он ки Парвизҷон Умарбоев аз канори чапи майдон тӯбро ба назди дарвозаи дастаи мунтахаби Туркманистон равон кард, кушода шуд. Манучеҳр Ҷалилов бо як ҷасти зебо […]

10.11.2016 Нет комментариев Читать далее>

Бонувони Хоруғ ғолибони мусобиқаи волейбол гардиданд

Мусобиқаи кушоди шаҳрӣ аз намуди волейбол миёни ҷавондухтарон, ки ҳафтаи пеш дар шаҳри Хоруғ оғоз ёфт, чамъбаст гардид. Аз рӯи холҳои умумӣ дар чор басти бозии финалӣ дастаи Мактаби варзишии Хоруғ бар тими Мактаби таҳсилоти ҳамагонии № 2 бо ҳисоби  3 : 1 (25 : 22, 24 :20, 22 : 24, 20 : 18) дастболо шуда, ғолиби мусобиқа эълон шуд. Барои гирифтани мақоми сеюм дастаҳои Омӯзишгоҳи № 8 ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ талош намуданд. Тими Омӯзишгоҳи № 8 дар се басти даври ниҳоӣ бо ҳисоби 3 : 0 (20 : 18, 23 : 20, 22 : 16) бар рақибаш ғолиб омада, соҳиби ҷойи сеюм гашт. Дар фарҷоми бозӣ ғолибон бо мукофоти […]

10.11.2016 Нет комментариев Читать далее>

Хоруғ: Мусобиқаи бокс миёни кӯдакону наврасон

Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори варзишии мактаби № 7 шаҳри Хоруғ мусобиқаи кушоди минтақавӣ аз намуди бокс баргузор гардид. Дар он 150 нафар варзишгар аз 11 сола то 17 солаи маркази вилоят ва ноҳияи Шуғнон миёни ҳам рақобат намуданд. Ин чорабинии варзишӣ бо ибтикори Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хоруғ ва Федератсияи бокси ВМКБ гузаронида шуда, ғолибон ба тариқи зайл муайян гардиданд: Вазни 24 кг: 1. Абдулназар Абдулназаров – Хоруғ 2. Зафар Мамадризобеков – Пиш (Шуғнон) 3. Чоршанбе Шоалифов – Хоруғ 3. Фаррух Мирзошоев – Пиш Вазни 30 кг: 1. Беҳрӯз Назарамонов – Хоруғ 2. Азим Халифаев – Хоруғ 3. Аким Пӯлодов – Хоруғ 3. Виталий […]

10.11.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 108 109 110 111 112 140