734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш


Кӯлоб: Чемпионат оид ба гӯштини миллӣ

16-17 апрели соли 2016 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини миллӣ баргузор мегардад. Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ варзишгарони тамоми шаҳру навоҳӣ ва дӯстдорони ин намуди варзиш иштирок меварзанд. Мусобиқаи мазкур ҷиҳати иҷрои банди 2 қисми 5 «гўштини миллӣ» Нақшаи маблағгузории тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барои соли 2016 гузаронида шуда, сардовари Ҳикматуллоев М. (ш.Душанбе) ва саркотиб Бозоров С. (ш.Душанбе) муайян гардида гардидаанд. Ҳайати доварон дар муаофиқа бо Комиссияи ваколатдор интихоб карда мешавад.

14.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

“Ҷаҳоннамо” Ҷоми “Ҷавонони Тоҷикистон”-ро соҳиб гардид

Имрӯз, 5.04.2016, даври финалии Мусобиқа оид ба волейбол миёни воситаҳои ахбори омма барои дарёфти Ҷоми “Ҷавонони Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар даври финалӣ дастаҳои “Озодагон” ва “Ҷаҳоннамо”  байни ҳам рақобат карда, бози ба ҳисоби 3:0 ба фоидаи “Ҷаҳоннамо” анҷом ёфт. Барои ҷойи сеюм тимҳои “Ҷумҳурият” ва ТВ “Варзиш” ба майдон баромада, ғалаба насиби дастаи ТВ “Варзиш” гардид. Ҳамин тавр, ҷойи аввалро дастаи “Ҷаҳоннамо” соҳиб гардида, ҷоййи дуюм ба “Озодагон” ва мақоми севум насиби ТВ “Варзиш” гардид. Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Назарзода Ризо ишитрок ва суханронӣ намуд. Номбурда ҳадаф аз баргузории мусобиқаро дӯсти миёни кормадони васоити ахбори омма арзёбӣ карда, таъкид дошт, ки минбаъд низ чунин […]

14.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Далер ТУРАЕВ: Бунёдгузори оилаамон варзиш аст

Баъди таъсиси Ҷоизаи Президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аксар варзишгароне, ки аз варзиш дур шуда буданд, дубора тамринро барои набард дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ оғоз бахшиданд. Далер Тураев, варзишгари тоҷик, аз намуди таэквандо (ИТФ) таъсиси Ҷоизаи Президентро барои варзишгарони тоҷик иқдоми нек арзёбӣ намуда, таъкид мекунад: “Миннатдории тамоми варзишгаронеро, ки бо мо тамрин мекунанд, ба Сарвари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам. Баъди ин иқдом бори дигар мо эҳсос намудем, ки меҳнати мо – варзишгаронро Ҳукумати кишвар қадр мекунад. Аз ин пас мо варзишгарони касбӣ зиндагии худро аз рӯи варзиш пеш мебарем. То ин замон буданд қаҳрамонҳои ҷаҳон ба монанди Шаҳоб Баҳромов, Далер Сайфиддинов, Дилшод Сайфиддинов, Икром Ғафуров, Шаҳло […]

14.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Ҷалби ҷавонон ба машқҳои пагоҳирӯзӣ

Бо мақсди тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш байни сокинон дар доираи нақшаи чорабиниҳо шанбеи ҳар ҳафта дар шаҳру навоҳии гуногуни мамлакат машқҳои пагоҳирӯзӣ бо иштироки ҷавонону наврасон доир карда мешаванд. Чунин машқҳои пагоҳирӯзӣ шанбеи гузашта дар саросари шаҳру навоҳии вилояти Хатлон баргузор гардид, ки дар он бештар аз 12 ҳазор нафар сокинон фаъолона иштирок намуданд.

14.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Ҷоми “Ҷавонони Тоҷикистон” насиби кадом даста мегардад?

Аз 1 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба хотири мустаҳкам кардани дӯстӣ миёни кормандони воситаҳои ахбори омма, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дарёфти ҷоми рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” Мусобиқаи волейбол байни рӯзноманигорон идома дорад. Бозиҳои даври нимниҳоии ин мусобиқа 4 апрел бо иштироки дастаҳои “Озодагон”-“Ҷумҳурият” (2:0) ва “Ҷаҳоннамо”-ТВ “Варзиш” (2:0) баргузор гашт. Дастаи “Озодагон” ва телевизиони “Ҷаҳоннамо” ба даври финалии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол миёни кормандони ВАО роҳ ёфтанд. Рақобат дар даври финалии мусобиқа миёни дастаҳои “Озодагон” ва “Ҷаҳоннамо” имрӯз соати 12:30 баргузор мегардад. Пеш аз рақобати ин дастаҳо бозӣ барои ҷойи сеюм миёни тимҳои “Ҷумҳурият” ва ТВ “Варзиш” соати 12:00 баргузор […]

14.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 103 104 105 106 107 122