734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш


Шуморо ба варзиш даъват менамоем!

Бо мақсади густариши бештари варзиш ва таблиғи доимии тарзи ҳаёти солим рӯзи шанбеи ҳар ҳафта дар тамоми қаламрави мамлакат ҳамчун рӯзи варзиш ва солим гардонии аҳолӣ эълон гардидааст. Дар робита ба ин бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ субҳи имрӯз кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ташкилотҳои система, мактабҳои варзишӣ, дӯстдорону алоқамандони варзиш, ҷонибдорони тарзи ҳаёти солим бо ҷалби васеи сокинон дар назди Кохи Ҷомӣ ҷамъ омада, марафони давро доир намуданд. Ширкаткунандагони марафон аз назди Муҷассамаи асосогузори давлати тоҷикон Исмоилӣ Сомонӣ тавассути хиёбонӣ марказӣ то назди Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ давида, дар саҳни он машқҳои пагоҳирӯзиро анҷом доданд. Дар шароити имрӯзаи рушд ва […]

08.08.2015 Нет комментариев Читать далее>

Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

Ҳайати дастаи Тоҷикистон оид ба бокс дар Чемпионати Осиё миёни занон, ки аз 7-ум то 13-уми август дар Ҷумҳурии мардумии Чин доир мегардад, иштирок менамоянд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 4 нафар варзишгар, Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии олимпиадаи Лондон-2012 дар вазни 60 кг, Дилафруз Зафарова дар вазни 48 кг, Рухшона Раҳмонзода дар вазни 54 кг ва Шоира Зулкарнаева дар вазни 64 кг муаррифӣ хоҳанд кард. Варзигаронро ду мураббӣ, Ҷамшед Султонов ва Мирзо Шамсиев ҳамроҳӣ мекунанд.

06.08.2015 Нет комментариев Читать далее>

Мусобиқаи III-юми ҷумҳуриявӣ оид ба “Шотокан Карате-до SKIF” (Акс)

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади тарғиби “Шотокан Карате-до SKIF” дар байни ҷавонон ва калонсолон дар асоси нақшаи Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар соли 2015 дар ноҳияи Варзоб мусобиқаи III-юми ҷумҳуриявӣ оид ба “Шотокан Карате-до SKIF” доир намуд. Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бештар аз 180 нафар варзишгарон аз тамоми минтақаҳои кишвар иштирок карда, барои медалҳои таҳиягардида байни ҳам рақобат намуданд. Мусобиқаро М. Мирзоев сардоварӣ намуда, ҳайати доварон онро назорат карданд. Дар анҷоми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба ғолибон медал ва туҳфаҳои таҳиягардида тақдим карда шуд.

06.08.2015 Нет комментариев Читать далее>

Ҷоизаи Президент ба варзишгарон: 300 000 сомонӣ

9 январи соли равон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” ба тавсиб расид. Ин иқдоми Сарвари давлат бо мақсади ҳавасманд намудани ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва дар ин робита баланд бардоштани сатҳи иштироки варзишгарони кишвар дар ин мусобиқаҳо рӯи даст гирифта шуд. Маблағи ҷоиза муайян гардида, аз ин пас ғолибони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ бо 300 000 сомонӣ, барандагони медали нуқра бо 200 000 ва медали биринҷӣ бо 150 000 сомонӣ қадр хоҳанд шуд. Ин маблағҳо аз ҳисоби Фонди Президенти мамлакат ҷудо мешавад.

05.08.2015 Нет комментариев Читать далее>

Истиқболи сокинон аз ифтитоҳи маҷмааи варзишӣ дар шаҳри Хоруғ

Баъди гузоштани санги асоси шаҳраки нав дар мавзеи Тем Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ Маҷмааи бошукуҳи варзиширо барои 1700 ҷой ифтитоҳ намуд. Барои сохтмони ин иншоот, ки масоҳати умумии он зиёда аз 1 гектарро ташкил медиҳад, беш аз 17 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети давлатӣ сарф шудааст. Иншооти мазкур дорои толори калон барои 1700 ҷойи нишаст, толорҳои хурд, комплекси барқароркунии саломатӣ ва варзиш, тайёрӣ ва омодагии дастаҳои якачини вилоят барои иштирок дар мусобиқаҳо, чемпионатҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, утоқҳои корӣ ва мехмонхона мебошад. Ҳамзамон дар дохили бино 5 толори алоҳида барои варзиши намуди бокс, тенниси рӯйи миз, шоҳмот, гуштин ва фитнес сохта шудааст. Бо бунёди ин маҷмааи варзишӣ […]

30.07.2015 Нет комментариев Читать далее>

1 102 103 104 105