73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш


Шоҳмотбозон ба мусобиқаи вилоятӣ роҳат гирифтанд

шоҳмот

Бо ибтикори Шуъбаи маориф ва илми ноҳияи Ишкошим дар ҳамкорӣ бо Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия баҳри дарёфти истеъдодҳои нав байни мактаббачагон мусобиқаи шоҳмотбозӣ доир гардид. Ба иттилои Далер Душанбеев, мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, мусобиқа миёни 48 нафар хонандагони МТМУ – и ноҳия ба хотири ҷалби толибилмон ба бозиҳои ақлонӣ ва мақсаднок гузаронидани таътили зимистона баргузор шуда, дар он аксарияти шоҳмотбозон маҳорати баландро нишон доданд. Ғолибони мусобиқа бо ифтихорномаи Бахш қадрдонӣ шуда, барои иштирок дар мусобиқаи вилоятӣ, ки рӯзҳои наздик дар шаҳри Хоруғи ВМКБ доир мегардад, роҳат гирифтанд.

22.01.2018 Нет комментариев Читать далее>

«Боғи ҷавонон» – макони ҷавонон

26992440_1330843737061275_8528955559381409467_n

санаи 20 январи соли 2018 дар партави сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат дар боғи навбунёди “Ҷавонон” машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ бо иштироки зиёда аз 300 нафар ҷавонону варзишгарон баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории чорабиниҳои мазкур ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон ва наврасон мебошад.

22.01.2018 Нет комментариев Читать далее>

Лоиҳаи ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ»

Герб.Нишон

Лоиҳаи ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ» бо мақсади ба низоми ягона даровардани соҳаи сиёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, барои ба инобат гирифтани таклифу пешниҳодҳои мутахассисону коршиносон ва варзишгарону дустдорони ин соҳа пешниҳод  мегардад. Таклифу пешниҳодҳо то 25 январи соли 2018  тавассути почтаи электронии Кумита farangis-22.03@mail.ru ва ё тариқи факс: (+992 372)2353314 қабул карда мешавад. Масъул мудири Бахши таъминоти ҳуқуқӣ Юсуфзода Фирӯз. тел:903778803 Лоиҳаи қонунро аз ин ҷо дастрас карда метавонед: ЛОИХАИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ»  

12.01.2018 Нет комментариев Читать далее>

Бонувон барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» дар мусобиқаи волейбол қувва меозмоянд

Dushanbe-1

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади сазовор таҷлил намудани  Рӯзи модар ва тарғиби тарзи ҳаёти солим  аз 6 январ то 6 марти соли 2018  бо иштироки бонувони сохторҳои вазорату идора, раёсату муассиса ва ташкилоту корхонаҳои пойтахт барои дарёфти «Ҷоми  Раиси шаҳри Душанбе» мусобиқаи волейболбозонро  баргузор менамояд. Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд,  мусобиқа  6 январ бо бозии дастаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ва «Насли солим»-и Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе оғоз гардид. Дар  мусобиқаи мазкур  25 дастаи бонувон  байни худ қувваозмоӣ намуда,  он дар арафаи Рӯзи модар-  6 марти соли 2018 ҷамъбаст  мегардад. Ғолибон бо «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» ва […]

08.01.2018 Нет комментариев Читать далее>

А. АБДУЛЛОЗОДА: “Соли ҷавонон” соли таърихист

3

Хонандаи азиз, тавре иттилоъ доред, 22 декабри соли 2016, зимни ироаи Паём Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон намуда буданд. Инро мутахассисони соҳаи кор бо ҷавонон ва коршиносону ҷавонони кишвар ҳамчун як “соли таърихӣ”, “гардиши куллӣ” ва “оғози марҳилаи нав” дар сиёсати давлатии кор бо ҷавонон тавсиф менамуданд. Инак, мо ба фарҷоми “соли таърихӣ” расидем. Аслан, татбиқкунандаи сиёсати давлатии кор бо ҷавонон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва барои ҳамин дар сархати татбиқи кулли нақша-чорабиниҳои “Соли ҷавонон” қарор мегирад. Аз ин рӯ, дар фарҷоми “Соли ҷавонон” доир ба ҳадафи эълон доштани он аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, мазмуну моҳияташ, […]

01.01.2018 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 69