734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Президент


Иштирок дар чорабинии Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони “Об ва энергия: дарёфти алоқамандии байни Ҳадафҳои шашум ва ҳафтуми рушди устувор”

23.03.2018 01:06, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 22 марти соли 2018 дар ҳошияи Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони “Об ва энергия: дарёфти алоқамандии байни Ҳадафҳои шашум ва ҳафтуми рушди устувор” иштирок ва суханронӣ карданд.  Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба созмондиҳандагони ҳамоиши мазкур изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки Тоҷикистон ҷонибдори пешбурди раванди ҳалли самараноки масъалаҳо дар соҳаи обу энергетика буда, ният дорад, ки бо ҳамаи  тарафҳои манфиатдор ҳамкории фаъолро ба роҳ монад. Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки гидроэнергетика омили муҳимми рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар бисёр […]

24.03.2018 Нет комментариев Читать далее>

Суханронӣ дар чорабинии “Дар ҷустуҷӯи ҳамбастагӣ байни энергия ва об: Синергия байни Ҳадафҳои шашум ва ҳафтуми рушди устувор”

23.03.2018 00:57, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Раиси Маҷмаи Умумӣ, Муҳтарам Муовини Дабири кулл, Пеш аз ҳама мехоҳам ба Шумо ҷиҳати таҳия ва ташкили чорабинии имрӯза оид ба масъалаҳои ҳамбастагии обу энергетика изҳори сипос намоям. Тоҷикистон ҷонибдори пешбурди раванди ҳалли самараноки масъалаҳо дар соҳаи обу энергетика буда, ният дорад, ки бо ҳамаи  тарафҳои манфиатдор ҳамкории фаъолро ба роҳ монад. Мо бар онем, ки гидроэнергетика омили муҳимми рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳо боқӣ мемонад. Дар мисоли Тоҷикистон, ки дар он 95 фоизи неруи барқ тавассути неругоҳҳои барқи обӣ  истеҳсол  мешавад, вобастагии бевоситаи ин ду омили муҳимми рушди устувор  бараъло зоҳир мегардад. Дар Тоҷикистон солона тақрибан 18 миллиард кВт. соат неруи барқ […]

24.03.2018 Нет комментариев Читать далее>

Мулоқот бо Раиси ниҳоди “СММ-Об”, Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Ҷилберт Хунгбо 22.03.2018

22:10, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Нимаи дуюми рӯзи 22 марти соли 2018 дар шаҳри Ню Йорк дар ҳошияи Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси ниҳоди “СММ-Об”, Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Ҷилберт Хунгборо ба ҳузур пазируфтанд. Дар оғози мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Ҷилберт Хунгбо барои ба вазифаи Раиси ниҳоди “СММ-Об” таъин шуданашон табрик намуданд. Сарвари давлат изҳор доштанд, ки мо бояд аҳамияти об – захираи муҳими инсониро барои рушди соҳаҳои мухталифи кишварҳо ва ҳифзи онро барои наслҳои оянда хуб дарк намоем ва Тоҷикистон кишвари фаъол дар […]

23.03.2018 Нет комментариев Читать далее>

Иштирок дар иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”

22.03.2018 21:45, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 22 марти соли 2018 дар бинои Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” аз руи ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сатҳи баланд баргузор шуд. Дар кори иҷлосия Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, Ноиби Президенти Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Маҳмуд Сайкал, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони махсуси кишварҳои олам дар Созмони Милали Муттаҳид иштирок карданд. Дар оғози кори иҷлосия Ноиби Президенти Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Маҳмуд Сайкал оид […]

23.03.2018 Нет комментариев Читать далее>

Суханронӣ дар чорабинии сатҳи баланд ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”

22.03.2018 21:29, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам ҷаноби Раис! Муҳтарам Дабири кулл! Хонумҳо ва ҷанобон! Дар оғоз мехоҳам ба Раиси иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Мирослав Лейчак барои даъват ва ташкили чорабинии сатҳи баланд ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” изҳори сипос намоям. Чорабинии имрӯза ба санаи биступанҷуми баргузории Рӯзи байналмилалии захираҳои об, ки ҳар сол дар минтақаву кишварҳои мухталиф таҷлил мегардад, баробар омад. Ин рӯйдод аҳаммияти чорабинии моро бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал дучанд мегардонад.  Итминони комил дорам, ки ин ҳамоиш ба фаъолияти пурвусъати Созмони Милали Муттаҳид дар самти ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти глобалии марбут ба истифода ва […]

23.03.2018 Нет комментариев Читать далее>

1 83 84 85 86 87 110