734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Президент


Паёми телевизионӣ ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ

26.06.2016 19:00 Ҳамватанони азиз! Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои миллати сулҳпарвари мо падидаи нодиру пурарзиши таърихи даврони соҳибистиқлолии кишвар ва самараи ҷаҳду талошҳои созандаи фарзандони бонангу номуси тоҷик буда, ҳар сол дар фазои орому осуда, иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ ва вусъати бесобиқаи иқдому амалҳои созанда таҷлил мегардад. Ба ифтихори ин ҷашн тамоми мардуми шарифи кишвар ва ҳамаи ҳамватанони бурунмарзиамонро шодбош гуфта, ба хонадони ҳар кадоми онҳо осоишу хушбахтӣ, амну субот ва ба Тоҷикистони азизамон рушди босубот орзу менамоям. Бояд гуфт, ки истиқлолият ва ваҳдат дар таърихи навини халқамон ҳамчун омилҳои созанда дар самти бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва чун ҷузъи ҷудоинопазири фарҳанги таҳаммулгароӣ барои пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти […]

09.07.2016 Нет комментариев Читать далее>

Cуханронӣ дар ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон

27.05.2016 10:32, шаҳри Душанбе Муҳтарам аъзои Шӯро! Ҳозирини гиромӣ! Нахуст мехоҳам ҳамаи шумо – аъзои Шӯро ва дар шахсияти шумо ҳамаи ҷавонони кишварро бори дигар бо Рӯзи ҷавонон ва аввалин ҷаласаи Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти мамлакат табрик намоям. Ҳадаф аз таъсиси Шӯро дар ҳузури Президенти мамлакат мавриди баррасӣ қарор додани масъалаҳои вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Дар ин самт, пеш аз ҳама, моро зарур аст, ки дар муносибат бо ҷавонон усулҳои боз ҳам муассири ҳамкориро ҷорӣ намоем ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатиро бо ташкилоту созмонҳои ҷавонон тақвият бахшем. Дар ин замина аз имконоти ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ истифода карда, ҷавононро ба […]

09.07.2016 Нет комментариев Читать далее>

Паёми телевизионии Пешвои миллат ба ифтихори Рӯзи ҷавонон

22.05.2016, шаҳри Душанбе Ҷавонони саодатманди Ватан! Фарзандони азиз! Дар арафаи ҷашни 25 — солагии истиқлолияти давлатӣ шумо созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба муносибати Рӯзи ҷавонон самимона табрик менамоям. Шумо, ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, матину қавиирода ва далеру шуҷоъ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ҳаёти ҷомеа ғайратмандона фаъолият намуда, дар пешрафти мамлакат ҳиссаи муносиб мегузоред, барои ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон софдилона хизмат мекунед, марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияту оромии давлатро содиқона ҳифз менамоед ва бо донишҳои муосири худ ҳамчун мутахассисони оянда ба хотири тараққиёти кишварамон саҳми арзишманд мегузоред. Шумо дар замони соҳибистиқлолӣ дар бунёди коргоҳу корхонаҳои хурду бузург, нақбу роҳҳои муосир ва иншооти мухталифи иҷтимоиву фарҳангӣ фаъолона иштирок намуда, […]

09.07.2016 Нет комментариев Читать далее>

Паёми Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

20.01.2016 11:52, шаҳри Душанбе Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Паёми имсола ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархӯрди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра, инчунин шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод мегардад. Соли 2015-ум ба таърихи навини кишварамон, қабл аз ҳама, бо чорабинии муҳимми сиёсӣ – интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ ворид гардид. Мехоҳам махсус хотирнишон созам, ки интихобот […]

09.07.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 77 78 79