734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Президент


Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Нимаи дуюми рӯзи 11 сентябри соли равон сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома ёфт. Меҳмони олиқадрро роҳбарияти вилоят, ноҳия, аҳли санъату фарҳанг ва фаъолон бо меҳмоннавозии хоси мардуми кӯҳистони Дарвоз ва меҳру садоқати беандоза истиқбол гирифтанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи рангини ҳунарии омоданамудаи сокинони ноҳияи Дарвозро, ки фарогири арзишҳои миллӣ буд, тамошо намуда, ба ҳунару истеъдоди сокинони ин минтақаи кӯҳистони мамлакат баҳои баланд доданд. Дар маркази ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иттилоъ дода шуд, ки […]

11.09.2018 Нет комментариев Читать далее>

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

11.09.2018, ноҳияи Ванҷ Ҳамдиёрони азиз! Пеш аз ҳама, тамоми сокинони ватандӯсти ноҳияи Ванҷ ва ҳар яки шумо, ҳозирини гиромиро ба муносибати солгарди бисту ҳафтуми истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон самимона табрик мегӯям. Ҳамчунин, мехоҳам бо қаноатмандӣ иброз намоям, ки аз баракати соҳибистиқлоливу сулҳу суботи комил дар ноҳия корҳои ободониву созандагӣ, аз ҷумла, бунёду таҷдиди роҳу пулҳо, муассисаҳои таълимӣ, иншооти мухталифи таъиноти иҷтимоиву хизматрасонӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсоли нерӯи барқ ва дигар иқдомоти бунёдкорона вусъати тоза касб кардаанд. Ин ҳама нишонаи дастгириҳои Ҳукумати кишвар ва заҳмати софдилонаи мардуми шарафманди ноҳия мебошад. Дар ҷараёни ҳар як сафари корӣ ба ноҳия эҳсос менамоям, ки сокинони заҳматкаши ин гӯшаи биҳиштосои кишварамон, аз ҷумла […]

11.09.2018 Нет комментариев Читать далее>

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як зумра иншооти гуногун бо сокинон ва фаъолони ноҳияи Ванҷ мулоқоти озоду самимӣ доир намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ ҳамаи иштирокчиёни мулоқотро ба ифтихори 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ифтитоҳи иншооти навро ба таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар самти рушди ноҳияҳои дурдасти мамлакат марбут донистанд. Таъкид гардид, ки ноҳияи Ванҷ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ҳамаҷиҳата рушд намуда, дастовардҳои назаррас дар тамоми бахшҳо ба назар мерасанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз пешрафти соҳаҳои гуногун иштирокчиёни мулоқотро ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватан ва саҳмгузорӣ […]

11.09.2018 Нет комментариев Читать далее>

Ифтитоҳи бинои маъмурии шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ

Дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ бинои маъмурии шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо тарҳи хосса бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд. Дар ин ҷо ба Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи сентябри соли 2015 оғоз гардида буданд ва дар давоми се сол иншооти мазкур бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ бо сифати баланд ба истифода дода шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои навро дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони соҳа табрик намуданд. […]

11.09.2018 Нет комментариев Читать далее>

Ифтитоҳи бинои Қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Ванҷ

Дар ноҳияи Ванҷ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бинои Қасри фарҳангро мавриди истифода қарор доданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ ва тарҳи меъмории бино баҳои баланд дода, иншооти муосири фарҳангиро туҳфаи арзишманд барои аҳли ҳунар ва сокинони ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маънидод намуданд. Корҳои сохтмонӣ дар бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Ванҷ соли 2016 оғоз гардида, аз тарафи коргарону мутахассисони маҳаллӣ ба анҷом расонида шудаанд. Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, толори барҳавои он дорои 350 ҷойи нишаст мебошад. Дар ошёнаи дуюм пешайвон бо 76 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳо барои рақсҳои миллӣ, дӯзандагӣ ва утоқҳои корӣ барои ҳайати кормандон ҷойгир […]

11.09.2018 Нет комментариев Читать далее>

1 42 43 44 45 46 114