734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Президент


Маросими гулчанбаргузории Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Муҷассамаи ҳимоятгари Ватан дар шаҳри Остона

15 март дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанг, маданият ва фарзандони баруманди халқи қазоқ дар назди Муҷассамаи ҳимоятгари Ватан гулчанбар гузоштанд. Бо гузоштани гулчанбар ва гиромидошти қаҳрамонони халқи Ҷумҳурии Қазоқистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳи шаҳидони роҳи озодиро шод намуданд. Дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамроҳӣ карданд.

18.03.2018 Нет комментариев Читать далее>

Барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Канслери Федералии Ҷумҳурии Федеративии Германия Ангела Доротея Меркел

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Канслери Федералии Ҷумҳурии Федеративии Германия Ангела Доротея Меркел барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: «Хонуми Олиҷоҳ, Бо камоли сарфарозӣ  интихоб гардиданатонро ба вазифаи Канслери Федералии Ҷумҳурии Федералии Германия табрику муборакбод мегӯям. Рушду тавсеаи бемайлони муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо Германия аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон мебошад. Мо итминон дорем, ки ҳамкориҳои созандаю судманди мо дар соҳаҳои мавриди таваччуҳи тарафайн мутобиқ ба манфиатҳои ҳаётии ҳар ду давлат дар оянда низ бо мазмуну муҳтавои нав ғанӣ хоҳанд гашт. Мо хоҳони вусъати бештари ин раванд ҳастем ва омодаем, ки дар ин ҷода кӯшишҳои […]

18.03.2018 Нет комментариев Читать далее>

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бакитҷан Сагинтаев

15 марти соли 2018 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бакитҷан Сагинтаев мулоқот карда, маҷмуи васеи масоили ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд. Дар ҷараёни мулоқоти самимӣ ҷонибҳо раванди рушди бонизоми муносибатҳои шарикию стратегии кишварҳоро, ки ба манфиати мардумони Тоҷикистону Қазоқистон равона гардидааст, махсус қайд намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу сифати муносибатҳои шарикӣ давоми 25 – соли истиқрори муносибатҳои дипломатӣ изҳори қаноат намуда, имзои 12 санади нави зимни сафари расмӣ баимзорасидаро қадами устувор дар самти таъмиқу густариши муносибатҳои ҳамкорӣ ва баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашудаи робитаҳои дуҷониба, маънидод карданд. Таъкид гардид, ки айни ҳол […]

18.03.2018 Нет комментариев Читать далее>

Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз “Маркази Назарбоев” дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон

Дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба “Маркази Назарбоев” ташриф оварданд. Сарони давлатҳоро дар даромадгоҳи бино роҳбарияти ин маркази калони илмию маърифатӣ самимона истиқбол гирифтанд. Иттилоъ дода шуд, ки ин маҷмаа ҳамчун маркази муосири илмӣ, маърифатию фарҳангӣ соли 2014 таъсис ёфта, ҳадаф аз бунёди он омӯзиши нақш ва мақоми аввалин Президенти Қазоқистон дар таърихи миллӣ ва ҷаҳонӣ, саҳми он дар муаррифии тарҳи роҳбарӣ баҳри бунёди давлатдории навин, ҳифз ва ба насли оянда мерос мондани анъанаву муқаддасот мебошад. Фаъолияти Марказ ба панҷ самт равона гардида, аз бахшҳои фаъолияти китобдорӣ, бойгонӣ, осорхона, […]

15.03.2018 Нет комментариев Читать далее>

Ҳуҷҷати ҷамъбастии Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об «Ҳар як қатраи об қимат аст: Рӯзномаи амал барои об»

15.03.2018 07:55 14 марти соли 2018 Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об (ПСБМО) Ҳуҷҷати ҷамъбастии «Ҳар як қатраи об қимат аст: Рӯзномаи амал барои об»-ро нашр намуд, ки тавсияҳои ПСБМО ва ташаббусҳои онро дар самти ҳалли масъалаҳои об дар сатҳи маҳаллӣ, кишварӣ ва минтақавӣ, инчунин Рӯзномаи ҷаҳонӣ дар соҳаи рушдро фарогир аст. Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об соли 2016 бо ташаббуси Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ва Президенти Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ таъсис дода шуд. Ба он сарони 11 давлат ва ҳукуматҳо, аз ҷумла, Маврикий, Мексика, Австралия, Бангладеш, Венгрия, Урдун, Нидерландия, Перу, Африқои Ҷанубӣ, Сенегал ва Тоҷикистон, инчунин мушовири махсус-доктор Ҳан Сеунг-соо, собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Корея шомил гардиданд. […]

15.03.2018 Нет комментариев Читать далее>

1 38 39 40 41 42 62