734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Президент


Ифтитоҳи майдончаҳои варзиш ва бозии кӯдакона дар ноҳияи Данғара

12.09.2019 12:49, ноҳияи Данғара 12 сентябр дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳрак майдончаҳои муосири варзишӣ ва бозии кӯдаконаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншооти варзишӣ аз ҷониби сокинони ватандӯсти ноҳияи Данғара, оилаи Гуловҳо бо ҷонибдорӣ аз сиёсати иҷтимоӣ ва созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд бунёд шуда, дар самти ободии ин гӯшаи диёр саҳми муносиб гузошт. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдаконаро ифтитоҳ карда, ба иқдоми сокинони саховатпешаи ноҳияи Данғара баҳои баланд доданд. Мавриди зикр аст, ки ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара […]

12.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Боздид аз намоиши маҳсулоти саноатии вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон нахуст бо маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноатӣ шинос шуданд. Дар ин ҷо корхонаҳои саноатии дар ҳудуди вилояти Хатлон мавҷудбуда маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро ба маъраз гузоштанд. Танҳо дар 7 моҳи соли 2019 дар вилояти Хатлон 41 корхона ва коргоҳи саноатӣ бо таъсиси наздики 600 ҷойи корӣ ба истифода дода шудааст. Дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 4 миллиарду 921 миллион сомонӣ расонида шуда, афзоиш дар сатҳи 110,5 % таъмин гардидааст. Таъсиси коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ ва афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулот боиси ба шуғли доимӣ фаро гирифтани мардум ва бештар шудани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаву қонеъсозии […]

12.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Истиқбол дар фурудгоҳи ноҳияи Данғара

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд. Дар ин ноҳияи аграрии мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо шукуҳу шаҳодати хоса истиқбол гирифтанд. Дар ҳамин ҷо аз ҷониби аҳли ҳунар барномаи фарҳанги манзур гардонида шуд.

12.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Ифтитоҳи қисми аввали бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 43 дар шаҳри Кӯлоб

11 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб қисми аввали бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 43-ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карданд. Мактаб аз 3 ошёна иборат буда, барои 1250 нафар дар ду баст пешбинӣ шудаст. Он бо дастгирӣ ва маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншоотҳои инфрасохтори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад. Имрӯз дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи якуми лоиҳа ба истифода дода шуд. Мактаб аз 3 ошёна ва 28 синфхонаи фаннӣ иборат буда, дар он шароити беҳтарини донишомӯзӣ муҳайё карда […]

12.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 28–умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амфитеатри шаҳри Кӯлоб

Ҳамватанони азиз! Муҳтарам сокинони шарафманди шаҳри Кӯлоб! Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш кулли сокинони бонангу номус, далеру қавиирода ва сарбаланду боҳиммати шаҳри бостонии Кӯлоб ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро ба ифтихори ҷашни бузурги миллиамон – 28 солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи дуюмин агрегати нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» самимона табрик мегӯям. Истиқлол дар таърихи халқи тоҷик таҳаввулоти куллӣ ба вуҷуд оварда, ба мардуми кишварамон роҳи нави тараққиётро боз намуд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Бо ифтихор метавон зикр кард, ки дар ин ҷода, хусусан, дар барқарор намудани ҳокимияти конститутсионӣ, ҳимояи давлатдории навини тоҷикон ва наҷот бахшидани миллат аз парокандагӣ саҳми сокинони сарбаланди […]

12.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 5 6 135